Табиатшиносӣ

Вақте ки одамони қадимулайём аз давуғеҷи рӯзгор каму беш фориғ мегаштанд, беихтиёр фикр мекарданд, ки  Осмон чӣ қадар баланд аст,  чаро ситораҳо рӯзона ғайб мезананд, чаро рӯйи Замин пасту баланд аст, кӯлу дарёву баҳру бар дорад, кӯҳ дорад, санг дорад, садбаргу бобуна дорад, лолаву газна дорад, олуву шафтолу, тарбузу харбуза дорад, зимистони қаҳратуну тобистони сӯзон дорад, садҳо навъ даррандаву паранда дорад ва ғайра.

Оё ин чизҳову рӯйдодҳо ҳамбастагӣ надоранд?

Сабаб чист, ки кабк ё гунҷишкаки оҷиз парвоз карда метавонаду одам наметавонад?

Чарост, ки фил бо ҳамон бузургӣ аз мушаки нотавон меҳаросад, шери жаён аз мӯрчагон сари тарс дорад?..

Дар сари одамони даврони қадиму даврони баъд аз ин гуна пурсишҳо садҳову ҳазорҳо пайдо мешуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар сари шумо чӣ, бачаҳо? Оё шумо аз рӯйдоди ғайричашмдоште ҳайрон шуда, боре аз худ пурсидаед, ки сабаби он чӣ бошад?..

Чӣ навъ шуд, ки табиатшиносӣ ба миён омад?

Чӣ навъ шуд, ки табиатшиносӣ аз як василаи дарк кардани муҳити зисти одамони ҷомиъаи ибтидоӣ ба илми муқтадири замонавӣ табдил ёфт?

Онҳое, ки тақрибан 5-6 ҳазор сол пеш аз даврони мо мезистанд, ба хубӣ медонистанд, ки  баъзе ҳайвонотро чӣ тавр ром кунанд,  хонасозиро ёд гирифта буданд ва аз санг хона месохтанд, чарх ихтироъ карда, аробаҳои гуногун месохтанд, чархи кулолгарӣ бунёд карда буданд,  ёфтану гудохтани оҳан, сохтани табару тешаро ёд гирифта буданд, заврақу киштиҳои бодбонӣ сохта буданд ва ғайра.

Чунин ба назар мерасад, ки одамон дар ҳамон давраи қаъритаърихӣ сӯйи як чизи бағоят муҳим раҳ ёфта буданд – раҳ сӯйи бинои ҳанӯз бунёдношудаи илм.

Зарурати аз як ҷо ба ҷойи дигар нақл кардани маълумоти ҳаётан муҳим ҳушмандони Мисру Бобулистон (Вавилон), Чину Ҳиндустон ва кишвари Порси он замонро водор сохт, ки ҳарфу хат ихтироъ кунанд, донишҳои риёзӣ ва нуҷумиро дар санг, дар пӯсти гов ё ягон сафҳаи дигар сабт гардонанд. Аввалин кӯшишҳои созидани нақшаҳои қитъаҳои хушкии сатҳи Замин, нахустин нақшаҳои обёрӣ кардани киштзорҳо низ маҳсули машғулоти “илмӣ”-и ҳамон асрҳоанд.

Баъд, айёме фаро расид, ки давраи атиқа ном гирифтааст ва давраи поягузорӣ шудани санъатҳо буд. Дар ин давра хусусан донишмандони юнонӣ хуб фаъолият кардаанд. Онҳо донишҳои андӯхтаи пешиниёни худро таҳлил карда ва то ҷойе, ки тавонистанд, такмил дода, ба эҷоди фалсафа ном соҳаи фаъолияти инсонҳои ҷӯянда нойил гаштанд, ки он дар баробари ахлоқ ва мантиқ маҷмӯъи донишҳои бо табиат алоқамандро низ дарбар мегирифт. Маҳз маҷмӯъи ҳамин донишҳо, ки юнониҳо онро peri physeos (дар бораи табиат) ва форсҳо табиийот номида буданд, аз қаъри таърих ба ин сӯ такмил дида, ба дараҷаи табиатшиносии имрӯза расидааст.

Табиатпажӯҳони давраи атиқа табиатро чун як чизи том медиданд, манзараи умумии табиатро ба дурустӣ дарк карда буданд, вале ҷузъиёти он манзараро ҳанӯз фаҳм карда наметавонистанд. Чандин садсолаи дигар лозим буд, ки пажӯҳандагони табиат дидаҳои худро ҷузъ-ҷузъ намуда, чизҳову рӯйдодҳои муайянро ҷудо-ҷудо муойина карда, сабабу оқибати ҳар як падидаро ҳам дар ҷудоӣ ва ҳам дар ҳамбастагӣ бо падидаҳои дигар фаҳм карда, дар заминаи онҳо манзараи томи табиатро дида тавонанд.

Хушбахтона, донишмандони даврони атиқа инсони тарсхӯрдаро – инсонеро, ки дар муқобили офатҳову балоҳои осмонӣ худро оҷиз медид ва дар тарсу ҳарос ҳаёт ба сар мебурд, гули сари сабади олам эълон карданд. Онҳо пай бурданд, ки инсон на танҳо чашми бино, пойи раво, дасти гиро ва забони гӯё, балки, муҳимтар аз ҳама, ақли ҷӯё дорад. Аз ин рӯ ӯ набояд аз падидаҳои даҳшатбор бимнок шавад, балки бикӯшад, ки имконоти худододи худро оқилона ба кор бурда, сабаби рух додани падидаҳои табииро дарёбад. Он гоҳ дар майдони тасаввурҳои ӯ ҷойи тарсу ҳарос боқӣ намемонад. Ҳамин озодии тафаккур буд, ки пажӯҳандагони чи замони атиқа ва чи даврони пасин дар илму фан ва ҷодаҳои дигар комёбиҳои шойистаи таҳсин ба даст оварданд. Зинда бод ақли ҷӯянда!

Донишмандони замони атиқа дарк карда буданд, ки олам ягона аст ва ҳама чизу чора, одамизоду ҳайвоноту набототи он ба таври ногусастанӣ ҳамбастаанд. Бинобар ин онҳо дар ҷустуҷӯи чизе (ақидае) буданд, ки тамоми рӯйдодҳои табииро дар чаҳорчӯбаи ягонагии олами моддӣ  шарҳ дода тавонад. Ба ақидаи Демокрит (с. 460-370 то милод) “ҳама чизҳои олам аз адади беҳад зиёди зарраҳои тақсимнопазир (ба маънои хурдтарин, содатарин) иборатанд”. Демокрит ин зарраҳоро атом (ба ҳамон маънои “тақсимНОпазир”) номид. Ӯ атомҳоро бетағйир, гуногуншакл, вале доиман дарҳаракат ва абадӣ  мепиндошт. Атомҳои Демокрит ба миқдори муайян ба ҳам омада, ашёи гуногун ба вуҷуд меоранд. Ақидаи Демокрит то поёни асри ХIХ, яъне муддати тақрибан 24 аср дар мадди назари олимони табиатшинос буд.

Ин ҷо мо буд гуфта, онро дар назар надорем, ки гӯё атомҳои Демокрит аз саҳнаи табиатшиносӣ рӯфта партофта шуда бошанд. Не, рӯфта нашудаанд. Мо ҳоло ҳам тамоми мавҷудоти оламро иборат аз атомҳо медонем. Аммо акнун атомҳои таркиби моддаҳо на тақсимнопазиранд, балки чун ҷисмҳои физикии мураккаб муойина мешаванд, зеро чунонки инкишофи пасинаи табиатшиносӣ ва хусусан илми физика нишон дод, онҳо дарвоқеъ ҳамингунаанд: атом зарраи тақсимнопазири ношикастанӣ нест, балки мураккаб аст, дарун дорад, андарунаш мағз дорад – онро ҳастаи атом (ядрои атомӣ) мегӯянд; ва ин ҳаста, чунонки пай бурдед, бараҳна нест, балки ҷомае дорад иборат аз электронҳо ном зарраҳо, ки назар ба худи ҳаста ҳазорҳо бор камҷирмтар, каммассатар  (сабуктар) мебошанд ва гирди ҳаста гардиш мехӯранд (чу парвонаи гирди шамъ). Шумо дар бораи атомҳо ва зарраҳои таркибдиҳандаи онҳо дар синфи 9-ум (ва сипас дар синфи 11-ум) дониши амиқтар мегиред – он гоҳ мебинед, ки ҳастаҳои атомӣ низ аз чандин зарраи алоҳида таркиб меёбанд ва ин зарраҳои даруниҳастаӣ (андарҳастаӣ) низ аз зарраҳои дигари хурдтар иборатанд ва ғайра.

Ҳамин тариқ, дар тӯли ҳамагӣ 5-6 даҳсола – охири асри XIX то аввали солҳои 60-и асри ХХ хиради одамӣ дар роҳи пажӯҳиши сохтори модда ба чанд хонаи дарунбадарун раҳ ёфт: одам қадам ба қадам дарк кард, ки ҳама моддаҳо аз молекулаҳо ном зарраҳо таркиб ёфтаанд,  ҳар як молекула аз як, ду ё зиёда атом иборат аст,  атом мағз (ҳаста) ва ҷомаи электронӣ дорад,  ҳастаи атом низ зарра-зарра аст ва он зарраҳо низ сода нестанд, балки мураккабанд, дарун доранд, онҳо низ дар андаруни худ зарраҳо доранд ва ғайра.


Мо дар бораи марҳалаҳои асосии шакл гирифтани илми табиатшиносӣ сухан ронда, беихтиёр сӯйи гуфтори физикӣ майл хурдем. Ин бесабаб нест. Шумо дар заминаи гуфтаҳои боло бояд пай бурда бошед, ки илми физика бунёди табиатшиносӣ мебошад – мо ин маъниро дар рӯяи дарунии муқоваи китоб ба шакли як дарахти дониш тасвир сохтаем.


  1. Табиат чист?
  2. Мафҳумҳои “табиат” ва “муҳити атроф”-ро муқоиса кунед. Онҳо чӣ умумият доранд?
  3. Оё шумо метавонед, ки ягон падидаи табиии дар муҳити атрофи худ – аз ҳавливу кӯча то мактаб рухдодаро мушоҳида кунед ва аз мушоҳидаҳои худ хулоса бигиред?
  4. Шумо дар хусуси Офтобу Моҳ ва Замин, дар бораи фаслҳои сол, шамол, барфу борон, яхбасти об ва ҷӯшиши он, вазиши бод ва падидаҳои дигари табиӣ чӣ гуфта метавонед?

Машқ

Пораҳои шеъриеро, ки дар рӯяи дарунии муқоваи китоб оварда шудаанд, мутолиа кунед ва бинед, ки шоир офариниши Оламу Офтобу Моҳро чӣ хуб баён кардааст. (Шарҳи вожаҳои номафҳумро аз омӯзгорон бипурсед ё хубаш, аз фарҳангҳо ҷустуҷӯ кунед).


  1. Аз кадомин достон аст ин гуфтори табиатшиносона?
  2. Шоир дар бораи гардиши Замину Офтоб гуфтааст:

Ҳамегашт гирди Замин Офтоб (байти 16).

Шумо чӣ мегӯед?  Офтоб гирди Замин мегардад ё Замин гирди Офтоб?

  1. Дар байти 26 омадааст: 

Равон андар ӯ гавҳари дилфурӯз,
К-аз ӯ равшанойӣ гирифтаст рӯз.

Ин ҷо  “ӯ” чист? “гавҳари дилфурӯз” чӣ?

  1. Дар байти 33, ки мегӯяд:

 Ду рӯзу ду шаб рӯй нанмоядо,
Ҳамоно зи гардиш бифарсоядо,

 “нанмудан” ва “фарсудан” чиро ифода мекунанд?

ҚаблӣТабиат ва инсон (физика)
БаъдӣФизика бунёди табиатшиносӣ аст