Санҷиши бузургиҳои физикӣ

Санчиши бузургихои физики.


Шумо ҳар рӯз агар ба якдигар чизе гуфтанӣ шавед, вожаҳои хурду бузург, кӯтоҳу дароз, пасту баланд, гарму сард, сабуку вазнин ва монанди инро даҳҳо бор бар забон меоред. Чунончи, мегӯед:

Дина ман як моҳӣ гирифтам,
АНА ҲАМИН ҚАДАР КАЛОН БУД,
Бародарам аз бозор як тарбуз овард, ОН ҚАДАР КАЛОН
БУД, ки ман онро бардошта натавонистам

ва ғайра. Аз ин гуфтаҳо чизеро фаҳмидан душвор аст. Чунончи, фаҳмидан осон нест, ки моҳии мисолшуда чӣ қадар калон будааст, нисбат ба чӣ калон будааст – нисбат ба бозичамоҳии шумо ё нисбат ба худи шумо.

Барои он ки гуфт (ин гуфтаҳо) фаҳмо бошад, мебояд, ки зарурати корбурди ададҳоро дарк кунем, истифодаи ададҳоеро фаҳм кунем, ки то ин дам шумо дар дарсҳои риёзиёт бо онҳо сарукор доштед. Як мисол:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар шумо гӯед, ки Ман дар мактаб мехонам, ҳамсуҳбати шумо мефаҳмад, ки шумо ҳарфҳоро мешиносед, хондану навиштан метавонед ва ғайра. Аммо агар гӯед, ки “Ман дар синфи 7-ум мехонам”, маълум мешавад, ки шумо 13–14-сола ҳастед ва дар баробари донистани ҳарфҳову тавонистани хондану навиштан боз ададҳоро медонед, физика мехонед, баъзе таҷрибаҳои физикиро анҷом дода, рӯйдодҳои табииро кам ё беш фаҳмида, баъзеи онҳоро шарҳ дода метавонед ва ғайра.

Дидед, ки дар ин мисол адади 7 дар ҳамбастагӣ бо калимаҳои синф ва хондан (дар ҷумлаи “Ман дар синфи 7-ум мехонам”) адади хушку холӣ нест ва бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти шуморо менамояд.

Хуб, ин навъ ҳамҷӯрии ададҳо, калимаҳо ва маъниҳо аз куҷо, дар натиҷаи чӣ гуна амалҳо дарёфта (фаҳмида) мешавад?

Оё гуфтан мумкин аст, ки ин ё он хусусияти ҷисмҳо ё падидаҳои табиӣ андар ададҳо таҷассум ёфтааст?

Ба ин пурсишҳо мо то дараҷае дар бандҳои пешина, хусусан дар бандҳои 1.5 ва 1.6 посух додаем. Он посухҳоро дар шакли зайл ҷамъбаст кардан мумкин аст:

 Маъниҳо ё хусусиятҳо ва ададҳо дар натиҷаи санҷиши бузургиҳои физикӣ бо ҳамдигар алоқамандӣ пайдо мекунанд. Шумо ин ҷо, агар каме андеша кунед, мисоли бисёр ёфта метавонед. Чунончи, агар як сониясанҷ дошта бошед, метавонед ҳамсинфҳои худро ба мусобиқа дароварда, бубинед, ки ҳар яки онҳо масофаи 100 м-ро дар чанд сония метозад. Дар ин маврид шумо ададҳои ифодакунандаи масофаро бо ададҳое алоқаманд мегардонед, ки муддати тохтро ифода мекунанд. Ин ададҳо дараҷаи давандагии ҳамсинфҳои шуморо инъикос мекунанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ҳаёти мо пур аз санҷиш аст. Вақте ки кӯдак ба дунё меояд, доя ба модари ӯ мегӯяд:

Меҳмони нав муборак бошад!
Вазни он кас се килову ҳаштсад гиром аст.
Саъдахтар бодо!”

 Яъне санҷишҳои физикӣ барои ҳар яки шумо аз худи зодрӯз оғоз меёбанд. Дар рӯзҳои аввали баъди зода шудан ҳар дам ҳарорати бадани шуморо чен карда, мегӯянд: 36,6 дараҷа аст; ҳар ҳафта ё ҳар моҳ қадди шуморо санҷида, мегӯянд, ки фалон сантиметр дароз шудааст ва ғайра. Сипас, вақте ки шумо калонакак шуда, бисёр чизҳоро мефаҳмед, мебинед, ки дарвоқеъ ҳам ҳаёти мо пур аз санҷиш аст:

модари шумо гоҳи хӯрокпазӣ миқдори пиёзу сабзӣ, гӯшту биринҷ, равғану об ва ғайраро чен ё баҳодод мекунад;

ҳар чизе, ки кишоварзону фурӯшандаҳо ба якдигар медиҳанд ё мегиранд, ҳама ба миқдори муайян аст, ҳисоб дорад, яъне чен карда шудааст;

бинокорон бе амали андозагирӣ ҳеҷ гуна иншоот бино карда наметавонанд;

омӯзгорон низ дониши шуморо ҳар рӯз ба навъе месанҷанд ва ғайра.

Барои хуб анҷом додани ин ё он санҷиш тасаввур кардан зарур аст, ки шумо чиро муайян кардан мехоҳед ва барои ин кадом бузургиҳоро чен кардан лозим аст. Дар ҳар гуна санҷиш ҳамбастагии бузургиҳои физикии санҷиданӣ ва бузургиҳои бо онҳо алоқамандро дар мадди назар доштан зарур меояд.

Ҳамбастагии бузургиҳоро донистан хусусан аз он рӯ зарур аст, ки санҷишҳо ду навъ мешаванд – бевосита ва бавосита.

Санҷишеро санҷиши бевосита мегӯянд, ки дар он бузургии физикии ченшаванда бо ин ё он асбоб бевосита санҷида (чен карда) мешавад, мисли он ки шумо дарозии майдончаи варзишро бо навори дарозисанҷӣ ё вақтро бевосита бо сониясанҷ чен мекунед.

Вале бо ин тарзи осон на ҳама бузургиҳоро санҷидан муяссар мегардад. Дар ин сурат бузургии санҷиданиро аз рӯйи натиҷаи санҷиши бузургиҳое меёбанд, ки онҳо бо бузургии санҷиданӣ алоқамандии муайян доранд. Чунончи, барои ёфтани масоҳати рӯйи миз дарозӣ ва бари он a ва b-ро чен кардан кофист: шумо аз дарсҳои риёзӣ медонед, ки ҳосили зарби a·b = S ҳамон масоҳати матлубро ифода мекунад. Ин навъ санҷишро санҷиши бавосита мегӯянд.

Барои тавсифи миқдорӣ додани бузургиҳои физикӣ қимати онҳоро донистан зарур аст.

Қимати бузургии физикӣ гуфта ададеро мефаҳманд, ки ҳам қимати ададӣ ва ҳам воҳиди бузургии физикиро дарбар дорад. Вақте гӯянд, ки дарозии варақи дафтар бисту як сантиметр аст ва онро ба шакли l = 21 см нависанд, шумо онро бояд чунин бифаҳмед: ин ҷо 21 қимати ададии дарозии варақи дафтар асту “см” ишорати воҳидест, ки дарозии варақи дафтар бо он ифода карда шудааст.

Дар миёни қимати бузургии физикӣ ва мафҳуми андозаи бузургии физикӣ низ фарқе ҳаст: андозаи бузургии физикӣ як ҷиҳати табиӣ, як ҷиҳати воқеъии ашёро ифода мекунад ва ба ин вобаста нест, ки мо онро чен кардаем ё не, медонем ё не; вале қимати бузургии физикӣ ба интихоби воҳид бастагӣ дорад. Агар мо дарозии ҳамон дафтарро на бо сантиметр, балки бо метр (м) ифода кунем, яъне l = 0,21 м нависем, қимати бузургӣ тағйир меёбад, ҳол он ки андозаи дафтар тағйир наёфтааст. Пас, бидонед, ки қимати бузургии физикӣ ба интихоби воҳиди ифодакунандаи он бузургӣ бастагӣ дорад.

Акнун, ки мо маънии бузургиҳои физикӣ, санҷиши онҳо ва қоидаҳои умумии сабт кардани натиҷаҳои санҷишро камобеш медонем, биёед, бинем, ки дар анҷом додани ин ё он санҷиш чӣ қадар хато меравад.

Аммо аввал ин пурсишҳоро посух гӯед.


  1. Ин ё он бузургии физикиро чен кардан (санҷидан) чӣ маънӣ дорад?
  2. Истифодаи ададҳо дар санҷиши бузургиҳои физикӣ чӣ зарурат дорад?
  3. Оё шумо метавонед, ки зӯри чанд ҳамсинфи худро бисанҷед?
  4. Барои ин чӣ гуна бузургиҳои физикиро чен кардан зарур аст?
  5. Санҷишҳои бевосита чӣ гуна санҷишанд?
ҚаблӣБузургиҳои физикӣ / Бузургихои физики
БаъдӣСабти натиҷаҳои санҷиш. Воҳидҳои каратӣ ва ҳиссавоҳидҳо