Табиат ва инсон (физика)

Табиат. Инсон. Табиатшиносӣ.


Табиати куҳсори Тоҷикистон
Табиати куҳсори Тоҷикистон

Замину Осмон ва умуман ҳама мавҷудот – аз резтарин зарра то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯйи Замин то наҳанги дарёӣ – ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ табиат (табиъат)-ро ташкил медиҳанд. Худи одам низ як ҷузъи табиат аст.

Калимаҳои Коинот, Кайҳон, дунё, гетӣ, олам низ гоҳо ба ҳамин маънӣ (ба маънои табиъат) корбаст мешаванд. Аммо дар гуфтугузори ҳаррӯза табиат гуфта маъмулан қисми қобили мушоҳидаи олам ё ҳатто муҳити атрофро мефаҳманд.

Дар табиат доимо тағйирот (рӯйдодҳо)-и гуногун рух медиҳад: наботот нумӯ мекунад, гулҳои рангобаранг мерӯяд, ҳайвонот инкишоф меёбад, як навъи модда ба навъи дигар мубаддал мешавад, шамол ба вуҷуд меояд, барфу борон меборад, гоҳо тирукамон пайдо мешавад, гоҳи сард гаштани ҳаво об ях мебандад, гоҳи гарм шудани ҳаво барфҳову яхҳо об мешаванд, об бухор шуда, дар табиат гардиш мехӯрад…

Инсон аз даврони қадим ба ин сӯ табиатро мушоҳида мекунад ва дар ҷараёни ин мушоҳидаҳову омӯзишҳо дониш меандӯзад. Ҳанӯз қадимиён медонистанд, ки ду чизи сойишхӯранда гарм мешаванд ва дар натиҷаи сойиш баъзе навъҳои чӯб оташ мегирад. Инро худи шумо низ санҷида метавонед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Одамони аҳди қадим медиданд, ки дар пайи шаб рӯз меояд, баъд шаб фаро мерасад, боз рӯз мешавад ва ғ. Фардҳои соҳибзавқи он давра мушоҳида кардаанд, ки баъди баҳори фараҳбахш тобистони сӯзон фаро мерасад, аксари гиёҳҳо хушк мешаванд, баъзе меваҳо мепазанд; баъд фасли хазон (тирамоҳ) дармеояд, дарахтҳо аз рӯйиш бозмемонанд, ҳаво торафт сардтар мешавад; зимистон меояд, бодҳои сарди барфолуд дарахтҳо ва ҳатто манорҳоро ҷунбиш медиҳанд; баъд, вақте ки барфҳо ҳама об шуданд, боз фасли баҳор меояд, садои булбул меояд, насими фораму бӯйи гул меояд, саҳро либоси сабз ба бар мекунад, кулоҳи сап-сафед олу ба сар мекунад ва муҳити атроф таровати тоза мегирад. Сипас боз фасли гармо фаро мерасад… Ва ҳама фаслҳо такрор мешаванд.


Хонандаи азиз! Дидед, дар як-ду мисоле, ки овардем, чӣ қадар нуктаҳои донистанӣ ниҳон аст. Гумон аст, ки одамони даврони қадим ҷӯёи сабаби даргирифтани ду пора чӯби сойишхӯранда ё ҷӯёи сабаби иваз шудани шабу рӯз гардида бошанд. Вале ба яқин метавон гуфт, ки онҳо занд ном чӯбҳои зуддаргиранда ва роҳҳои нигаҳдошти оташро ҷустуҷӯ мекарданд.

Онҳо бо мурури замон корбурдҳои гуногуни оташ (пухтани хӯрок, гарм кардани ҷойҳои зист, рамондани даррандаҳо ва ғайра)-ро ёд гирифта буданд. Онон аз зарурати шикор корбурди калтак, бар сари он барбастани санг, яъне тарзи сохтани як навъ путкро дарёфтанд. Вақте ки онҳо шикор кардану шикам сер карданро ёд гирифтанд, камубеш вақти холӣ ёфтанд, фикр кардан ва кор фармудани ақли зотии худро ёд гирифтанд. Ин корбаст карданҳо, такмил доданҳо, боз  фикр  карданҳо ва пеш рафтанҳо зарурати шинохтани муҳит, зарурати шинохтани табиат ва, аз ин рӯ, зарурати донистани физикаро ба миён овард.


  1. Шумо «Табиат (табиъат)» гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Калимаҳои «физика» ва «табиат» чӣ бастагӣ доранд?
  3. Донистани қонуниятҳои асосии физика чӣ зарурат дорад?
ҚаблӣЧаро бояд забони англисиро омӯхт?
БаъдӣТабиатшиносӣ