Муҳоҷирати зардуштиён ба Ҳиндустон

Мухочирати зардуштиён ба Хиндустон


Баъд аз он, ки Эрон дар асри VII аз ҷониби арабҳо истило гардид, то миёнаҳои асри IX касе зардуштиёнро барои қабули ислом расман маҷбур накард, ҳарчанд фишор вуҷуд дошт. Аз охирҳои асри IX сар карда, халифаҳои аббосӣ талаб карданд, ки оташхонаҳо нест карда шаванд.

Баъд аз ин зардуштиҳоро «габр»-кофир номида, таъқибот сар шуд. Аз ҳамин сабаб якчанд ҳазор зардуштӣ аз мавзеи Санҷони Эрон ба сӯи Халиҷи Форс рафта дар ҷазираи Див 19-сол зиндагӣ карданд. Баъд бо раҷаи Ҳиндустон гуфтушунид намуда, бо иҷозати ӯ ба Ҳиндустон кӯчиданд ва маҳалли зисти худро Санҷон ном гузоштанд. Онҳоро дар Ҳиндустон «парс» меноманд.

Онҳо дар он ҷо Оташкадаи Баҳромро сохтанд, ки дар штати Гуҷарат воқеъ аст. Онҳо бо мурури замон забону либоси гуҷаратиҳоро (ба ғайри рӯҳониёнашон)  қабул намуданд. Бо мурури замон парсҳо сарватманд гардида, дар шаҳрҳои Бомбай ва Сурат ҷой гирифтанд. Як қисми зардуштиён дар Эрон дар вилоятҳою шаҳрҳои Язду Кирмон ва ноҳияҳои Туркободу Шарифобод дуртар аз мардуми мусулмон дар асрҳои XI-XII ҷой гирифтанд. Онҳо бо зардуштиҳои Ҳинд алоқа доштанд.

Ин  алоқаҳо баъди ҳуҷуми муғулҳо канда шуда, аз нав дар асри XV барқарор гардиданд. Дар асри XVII  дар замони Сафавиён зардуштиёнро аз атрофи шаҳрҳои Исфаҳону Кирмон ронда, маҷбур месохтанд, ки исломро қабул намоянд. Аҳволи моддии онҳо боз аз он ҷиҳат бад мешуд, ки аз онҳо дар баробари андозҳои мавҷуда боз андози «ҷизя» ҳамчун аз ғайри мусулмон ситонида мешуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар Ҳинд бошад, парсҳо мавриди таъқиб қарор надоштанд. Дар замони Акбар (асри XVI) онҳо ҳатто соҳиби қитъаҳои замин ва обрӯ гардиданд.

Бинобар саршумории соли 2001 шумораи порсҳо дар солҳои ахир дар Ҳиндустон рӯ ба камшавӣ оварда 70 ҳазорро ташкил медиҳанд. Ҳолоонки дар соли 1941 теъдоди порсҳо дар Ҳинд 114900 нафар буд. Аз се ду ҳиссаи порсҳо ҳоло дар Мумбай зиндагӣ мекунанд.

Яке аз сабабҳои кам шудани шумораи парсҳо дар он аст, ки дар ҳудуди 35 дарсади парсҳо ба ғайрипорсҳо издивоҷ мекунанд. Сабаби дигараш дар он мебошад, ки мизони марги порсҳо аз зода шуданашон се баробар бештар аст.

Роҳбари ҷамъияти онҳо лақаби «дастур»-ро дорад. Рӯҳониёни одияшонро «мубад» ва ходимони аз ҳама поёнии динашонро «ҳирбад» меноманд. Дар замонҳои қадим-давраи Сосониён роҳбари аз ҳама калони зардуштиёнро «мӯбади мӯбадон» меномиданд ва ӯ соҳиби нуфузи калон буда  дар баробари вазир доимо дар назди шоҳ қарор дошт.

ҚаблӣШариати дини зардуштӣ
БаъдӣХудоҳои дигари зардуштӣ