Тарзи навиштани хислатнома (намунаи характеристика)

Ба хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №____-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (ному насаб), соли таваллудаш _______, миллаташ тоҷик.

(ному насаб) соли даҳум аст, ки дар мактаби миёнаи №____-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳсил менамояд.

(ном) писари бонтизом буда, супоришҳои дар мӯҳлати муайяншударо иҷро мекунад. Дар таҳсил фаъол буда, бо баҳои аъло мехонад. Дар корҳои ҷамъиятии синф ва мактаб фаъолона иштирок мекунад.

(ном) талабаи боадаб аст, ҳамсинфон, муаллимон ва калонсолонро эҳтиром менамояд. Ба фанҳои дақиқ шавқу ҳаваси зиёд дорад, дар маҳфилу озмунҳои фаннӣ фаъолона иштирок карда, доимо барои баланд бардоштани дониши худ кӯшиш менамояд.

(ному насаб) аъзои ҳайати тозагии синф аст. Вай ба варзиш низ шавқи зиёд дорад, аъзои дастаи футболбозони мактаб аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Рохбари синф: имзо___________(ному насаб)
(таърихи рӯз)

тарзи навиштани характеристика


Характеристика, намуна, намунаи хислатнома, точики, характеристикаро чи гуна менависанд?, хислатнома аз мактаб, барои талаба, хислатнома намуна бо забони точики.

ҚаблӣҲазрати Умар ва пиразан (ҳикоя)
БаъдӣНишони бозиҳои олимпӣ чӣ маъно дорад?

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед