Шеър дар бораи Парчами Точикистон

Якчанд шеър дар бораи Парчаи Точикистон меорем. Шеърхо дар васфи Парчами милли аз сайти Донишчу нет >>

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.

Офтоби беғубори осмони иттиҳод,
Нурофар то абад, андар ҷаҳони иттиҳод.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дасти фатҳи родмардонро шиори безавол,
Аз ту ёбад эътибори мо, кунун хатти камол.

Аз ту омад халқи мо бар арсаи сулҳу сафо,
Моявар аз ифтихору ибтикору эътидол.

Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,
Пойдории мақоми ориёнам парчам аст.


Эй парчами умед, то парфишон туйӣ,
Дар осмони бахт рангинамон туйӣ.
Сурхии ту, яқин сурхии рӯ бувад,
Рӯ сурхии абад з-ин обрӯ бувад.

Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,
Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!

Пурра >>


парчами тоҷикистон, парчам, рангхои парчами точикистон

Парчами Тоҷикистон,
Се ранг карда дар бар.
Дар рӯйи он шукуфта,
Гулҳои ҳафт ахтар.
Сурхи бувад нишона,
Аз азму ҷоннисорӣ,
Ранги сафед — рамзест,
3-иқболи бахтиёрӣ.

Пурра >>


Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.


Ливои мо саломи орзуҳо,
Нишону эҳтироми орзуҳо.
Барои тоҷики бонангу боор,
Кабӯтар бо паёми орзуҳо.

Бахтиёр Раҳмониён


Бештар бихонед >>

5 шарҳ

    • Ҳатман кушиш мекунем, хоҳари азиз!
      Агар шумо низ шеъре медонед ё куҷое хондед, ҳамроҳ бо номи муаллифаш инҷо ба мо равон кунед, ҳатман ба сомона ҳамроҳ мекунем.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед