Таснифи ҳайвонот

Аҳамияти таснифоти олами ҳайвонот. Ба таснифи ҳайвонот ва рустанӣ илми систематика машғул аст. Инсон ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим кӯшиш мекард, ки тамоми гу- ногуншаклии табиати атрофи худро дарк намояд, рустанӣ ва ҳайвонотро аз ҷиҳати монандӣ ва гуногуниашон ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо кунад. Дар табиат аксари ҳодисаҳо ва мавҷудот каму беш ба ҳамдигар монанд мебошанд. Масалан, байни шапалакҳои карамхӯр ва шапалаки шалғамхӯр фарқ ҳаст. Инҳо аз рӯйи аломатҳои берунӣ аз якдигар тафовут доранд, аммо аз ҷиҳати аломатҳои авлодӣ ба ҳамдигар монанд буда, ба як авлод – пиерис дохил мешаванд.

Дар табиат аз рӯйи маълумотҳои мухталиф аз 1,5 то 4,5 млн намуди ҳайвонот мавҷуд аст. Агар онҳо ба система ва тартиби муайян дароварда нашаванд, фаҳмидани робитаи хешигарӣ ва омӯхтани онҳо ғайриимкон аст. Аз ҳамин сабаб ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим чунин зарурат пайдо шудааст, ки ягон соҳаи илме ба вуҷуд оварда шавад, то ки ин гуногуншаклии ниҳоят зиёди дар табиат бударо ба низом дарорад. Ҳамин гуна соҳаи илм ба вуҷуд омад, ки онро фанни систематика (танзим ё тасниф) меноманд. Яъне фанни систематика гуно гуншак лии ҳайвонот ва рустаниро меомӯзад. Аз сабаби он ки фақат фанни систематика ба ҳам наздик (хеш) будан ё набудани ин ё он гурӯҳ ё ҳодисаро дақиқ муайян мекунад, онро математикаи биология мегӯянд.

Олимон ҳайвонотро омӯхта, онҳоро тасвир мекарданд, намудҳои навро кашф карда, ба онҳо ном мегузоштанд. Дар ибтидо ҳар як олим ҳар намуди ҳайвонро бо хоҳиши худ ном медод. Ин тавр бо хоҳиши худ номдиҳӣ дар истифодаи донишҳои зоологӣ мушкилиҳои зиёдеро ба миён овард. Аз ҳамин сабаб зарур буд, ки ҳамаи маводи оид ба олами ҳайвонот мавҷудбударо ба гурӯҳҳо тақсим кунанд. Бисёр олимони дунё кӯшиш намуданд, ки олами ҳайвонотро ба гурӯҳҳои танзимӣ ҷудо намоянд, аммо тарзи ба гурӯҳҳо ҷудокардаи олими швед Карл Линней аз ҳама хубтар ва мувофиқтар буд.

Воҳиди асосии танзимӣ (систематикӣ)-и ҳайвонотро Карл Линней дар асоси таснифоти эҷодкардаи худ «намуд» номид. Линней ба намуд чунин таъриф дода буд:

Расми 21. Ҳайвоноти як авлод

«Маҷмӯи организмҳои ба ҳам монанд агар байни худ бордор шаванд, насл диҳанд ва агар ин насл пас аз ба балоғат расидан қобилияти боз насл додан дошта бошад, намуд номида мешавад». Масалан, ҳамаи заргӯшҳои ба ҳам монанд ба як намуд ва агар аз якдигар фарқ мекарданд, ба дигар намуд дохил карда мешуданд (расми 21).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Линней пешниҳод кард, ки намудҳои монандро ба гурӯҳи калонтар – авлод, авлодҳои ба ҳам наздикро ба оила ва қаторҳои монандро ба синф дохил кардан лозим аст (расми 22). Линней ба ҳар як ҳайвон чунин ном додааст, ки он аз ду калимаи лотинӣ иборат буд. Калимаи якум ба кадом авлод ва калимаи дуюм ба кадом намуд мансуб будани ҳайвонро нишон медод. Масалан, дар шапалаки карамхӯр калимаи аввал номи авлод, калимаи карамхӯр номи намудро ифода мекунад.

Расми 22. Нақшаи таснифоти ҳайвонот

Системаи пешниҳодкардаи К. Линней ва ҳамзамонҳои ӯ сунъӣ буд, зеро барои ба ягон ҳайвон ё рустанӣ ном додан, асосан, шакли зоҳирӣ ва як ё ду аломат интихоб карда мешуду халос. Масалан, агар гули рустанӣ як – ду узви нарина медошт, ба як намуд, агар аз ин зиёд мебуд, ба дигар намуд дохил карда мешуд. Тадриҷан ин таснифот олимонро қонеъ накард ва онҳо кӯшиш карданд, ки ягон низомеро ҷорӣ кунанд, ки он дараҷаи хешии гурӯҳҳои ҳайвонотро аниқ муайян кунад ва пайдоиши як гурӯҳро аз дигар гурӯҳ фаҳмонад. Ин гуна низом ба вуҷуд оварда шуд ва онро низоми табиӣ номиданд.

Хусусияти низоми ҳозираи олами ҳайвонот. Баъдтар комёбиҳои илмӣ дар зоология хеле зиёд шуданд ва гурӯҳҳои танзимӣ барои таснифи ҳайвонот кифоят тип синф синф қатор оила авлод намуд намуд намуд намуд намуд намуд намуд намуд намуд авлод авлод оила оила қатор қатор намекарданд.

Расми 23. Воҳиди асосии низом (систематика)

Аз ҳамин сабаб, олимон барои таснифи ҳайвонот гурӯҳҳои оила, ки он авлодҳои монандро дар бар мегирифт ва типро, ки синфҳои монандро ба ҳам муттаҳид мекард, ҷорӣ карданд.

 

Тип, синф, қатор, оила, авлод, намуд воҳид (категория)-ҳои асосии низоми олами ҳайвонот мебошанд (расми 23). Гурӯҳи аз ҳама хурд намуд ва гурӯҳи аз ҳама калон тип аст. Дар баъзе мавридҳои иловагии низом: олам, зеролам қабул карда мешаванд, ки онҳо типҳои монандро дар худ муттаҳид мекунанд. Дар замони ҳозира дар низоми олами ҳайвонот 24 тип ва садҳо синф маълум буда, шумораи намудҳои онҳо хеле гуногун аст (расми 24).

Расми 24. Таносуби типҳои ҳайвонот аз рӯйи миқдори намуд

Намудро ҳоло на фақат аз рӯйи аломатҳои зоҳирӣ, балки аз рӯйи якчанд меъёр: морфологӣ, биохимиявӣ, физиологӣ, экологӣ-генетекӣ ва паҳншавиашон муайян мекунанд. Дар айни замон низоми ҳайвонот дар асоси робитаи хешии байни ҳайвонот ва пайдоиши онҳо сурат мегирад. Низоми ҳозираи олами ҳайвонот натиҷаи раванди эволютсияи олами ҳайвонот буда, рафти инкишофро аз мавҷудоти сода ба мураккаб инъикос мекунад. Ҳоло исбот шудааст, ки Замин қариб 5 млрд. сол умр дошта, нишонаҳои аввалини ҳаёт бактерияҳо дар қабатҳои замине, ки 3,5 млрд. сол пеш вуҷуд дошт, ёфт шудаанд.


Саволҳо

  1. Аз чи сабаб ва кай зарурати таснифи олами хайвонот ба амал омад?
  2. Намуд чист?
  3. Системаи пешниходкардаи К. Линней аз системаи хозираи олами хайвонот чи тафовут дорад?

Таснифи хайвонот, Ахамияти таснифоти олами хайвонот, Накшаи таснифоти хайвонот, Хусусияти низоми хозираи олами хайвонот

ҚаблӣМуҳофизати олами ҳайвонот
БаъдӣМисолҳо оиди Ҷамъу тарҳи ададҳои натуралӣ