Мисолҳо оиди Ҷамъу тарҳи ададҳои натуралӣ

Салом дӯстон ва корбарони сомонаи Donishju.Net. Имрӯз якчанд мисолу масъалаҳоро оиди Ҷамъу тарҳи ададҳои натуралӣ овардем. Ашхосе, ки ба фанни математика шавқ доранд, метавонанд ҷавоби мисол ва ё масъаларо дар шарҳ бо нишон додани рақами мисол нависанд. Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем. (Масалан, нигаред ба масъалаи 6).

  1. Амали ҷамъро иҷро кунед:

а) 67+123+121;

б) 256+963+1003;

в) 574+2014+12034;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

  1. Шахси якум 76 кг ва шахси дуюм 68 кг пахта чид. Ин ду шахс
    дар якҷоягӣ чӣ қадар пахта чиданд?


  2. Масофа аз шаҳри Душанбе то шаҳри Кӯлоб 198 км аст. Масофаи байни Кӯлоб ва шаҳри Панҷ 123 километрро ташкил медиҳад. Масофа аз шаҳри Душанбе то шаҳри Панҷ (тавассути шаҳри Кӯлоб) чанд километр аст?

  3. Киштӣ дар ҳар соат масофаи ба 45 км баробарро тай мекунад. Вай бо ҳамин суръат шино карда, дар 7 соат кадом масофаро тай мекунад?

  4. Аз баробарҳо номаълумҳоро ёбед ва санҷиш гузаронед:

а) 179+x=1658;

б) x+213=657;

в) 2005+x=5005;

г) 1+2+3+4+5+6+7+8+9+10+x=55;

д) 20+30+40+50+60+70+80+90+100+x=600.


  1. Дар синфҳои панҷуми мактаб 118 нафар ва дар синфҳоишашуми он 28 нафар зиёдтар хонанда таҳсил дорад.Дар синфҳои шашуми мактаб чанд нафар мехонад? Дарсинфҳои панҷуму шашум якҷоя-чӣ?

(Ҷавоб: Синфҳои шашум: 146 нафар, Якҷоя: 264 нафар. Маъмурият)


  1. Адади 8-ро бо чанд тарз ҳамчун суммаи чор адади тоқ навиштан мумкин аст? Рақамҳо такрор шуда метавонанд. Ҳамаи ҳолатҳоро биёред.

  2. Амали тарҳро иҷро намоед:

а) 127–89;

б) 324–(18–45);

в) 978–(384–112);


  1. Қимати номаълумро аз баробарӣ ёбед:

а) 75+x=125;

б) 36+x=193;

в) 972+x=1000.


  1. Дар байни баъзе аз рақамҳои навишти 8 8 8 8 8 8 8 8 аломати ҷамъро тавре нависед, ки суммаи рақамҳо ба 1000 баробар шавад.

  2. Аз хориҷи кишвар 13 нафар сайёҳ омад. Аз онҳо 3 нафарашон на забони олмониро медонисту на фаронсавиро. 8 кас забони олмониро медонисту 5 нафар
    забони франсавиро. Чанд нафар сайёҳ ҳам забони фаронсавиро медонисту ҳам забони олмониро?


  3. Ман ададеро фикр карда, ба болояш 5-ро ҷамъ кардам ва ҷавоби ҳосилшударо ба 3 тақсим кардам. Натиҷаи нави ҳосилшударо ба 4 зарб зада, аз ҷавобаш 6-ро тарҳ
    намудам. Дар натиҷа адади 2-ро соҳиб шудам. Ман кадом ададро фикр кардам?


  4. Ҳиссаҳои вақтро бо сония ифода намоед:

а) 64 дақ.;

б) 1 соату 36 дақ;

в) 2 шабонарӯз;

г) 48 шабонарӯз. 24 соат.


Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро дар шарҳ менависанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем. (Масалан, нигаред ба масъалаи 6).


Мисолхо оиди Чамъу тархи ададхои натурали, саволу чавоби математика, тести математика, мисолу масъалахо

ҚаблӣТаснифи ҳайвонот
БаъдӣИфодаҳои ададӣ (дар математика)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед