Имлои ҳарфи У ва Ӯ

Дар ин мақола маълумот дар бораи имлои харфи У ва Ӯ-и зада ё дароз оварда мешавад >>

Садонокҳои у ва ӯ овозҳои гуногун буда, бо ҳарфҳои  у ва ӯ ифода меёбанд. Садоноки у дар аввал, байн ва охири калима меояд: усто, устувор, бузург, дурустӣ, бону, дору, орзу, олу…

Садоноки ӯ низ дар аввал, байн ва охири калима омада метавонад: ӯмоч,  зӯр, дӯстӣ, абрӯ, обрӯ…

Фарқи садонокҳои у ва ӯ чунин аст: дар ҳиҷои безада садоноки у моили ихтисоршавӣ аст, аммо садоноки ӯ ихтисор намешавад ва равшан талаффуз меёбад. Муқоиса кунед:

Шӯриш – Шутур
чӯбин – чунон
кӯза – кушод
тӯфон – курта

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аксаран дар ҳиҷои баста пеш аз ҳамсадои ҳ, й ва аломати сакта (ъ) ҳамеша ӯ навишта мешавад: кӯҳ, гурӯҳ, андӯҳ, рӯҳ, шукӯҳ,  нуҳ, лӯъбат, мавзӯъ, вуқӯъ, бӯй, рӯй, ҷӯй.

Вале дар қисман калимаҳои арабӣ, аосан, пеш а ҳамсадои ҳ ва ъ ӯ навишта намешавад. Чунончи, дар калимаҳои буҳтон, буҳрон, туҳфа, таваҷҷуҳ, зуҳд, зуҳ, куҳл, куҳна, туҳмат, уҳда, шуҳрат ва калимаҳое, ки бо ҳиҷои «му-» сар мешаванд, ба мисли муҳтарам, муҳлат, муҳтоҷ ва ғайра.

Инчунин, дар калимаҳои луъбат, шуъба, шуъла ва калимаҳое, ки бо ҳиҷои «му-» оғоз меёбанд, ба мисли муъмин, муътабар, муъҷиза ва ғайра.


Алифбо (Алфавит) – Алифбои забони тоҷикӣ

Қаблӣ#3 Саволнома бо мукофотпулӣ – 05.02.2021
БаъдӣҒолиб ва ҷавобҳои саволномаи #3