Мавзӯи 26. Фаъолияти якҷояи мактаб ва оила дар тарбияи насли наврас

Фаъолияти якчояи мактаб ва оила дар тарбияи насли наврас.


«Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем: дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегардад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба души онҳо меафтад, пурра эҳсос кунад». Э. Раҳмон


Зермавзӯҳо:

  1. Мактаб – ташкилотчии ҳамкорӣ дар боби тарбия.
  2. Оила – сарчашмаи тарбия
  3. Ҳамкории мактаб ва ҷамоатчигӣ
  4. Кумитаи волидайни мактаб ва маърифати педагогию психологии он

1.Мактаб – ташкилотчии ҳамкорӣ дар боби тарбия.

Дар тарабияи солими насли наврас ваҳдат, ҳамкорӣ, мадади ғамхоронаи мактаб, оила ва аҳли ҷамоатчигӣ бағоят зарур аст. Баҳри бунёди чунин такягоҳи боэътимод мактаб эҳтиёҷи зиёд дорад ва маҳз мактаб метавонад барои чунин ҳамкорӣ заминаи устувор гузорад. Зеро соҳибкамолони кордону ботаҷриба дар ин маъво маскан ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки нисбати ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷамоатчигӣ мо дар чанд маврид, хусусан дар мавзӯи «Принсипҳои тарбия» қаблан маълумот дода будем. Бинобар ин дар ин ҷо мо нисбати хусусиятҳои ба худ хоси ин ҳамкорӣ таваққуф мекунем.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Оила – сарчашмаи тарбия

Оила – гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа аст. Дар оила ҳамаи мафҳумот, ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине гузошта мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи тамоми маънавиёти шахсияти мактабиён замина мегузоранд.

Маълумот ба сомонаи Донишҷӯ нет – Donishju.net тааллуқ дорад

Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ки онон таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро азхуд кунанд, дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Ҳамкории мактаб ва ҷамоатчигӣ

Мактаб фарзандони миллатро тарбия мекунад. Бинобар ин аҳли ҷамоатчигӣ дар тарбияи авлоди кишвар бетараф буда наметавонад. Барои ба ин масъалаи ниҳоят муҳим, ки поягузори ҷомеа мебошад, бештар таваҷҷӯҳ додани ҷамоатчигӣ – аз депутатҳои мардумӣ, иттиҳодҳои касаба сар карда то шӯрои занон ва саркорону сардорони ҷои кори падару модарони кӯдакон зарур аст. Ҳамкории онҳоро ҳам мактаб созмон медиҳад, то ки дар якҷоягӣ ба ҷойгирони сазовор ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Кумитаи волидайни мактаб ва маърифати педагогию психологии он

Яке аз шаклҳои муҳими фаъолияти ҳамкории педагогии мактаб ва оила тавассути кумитаи ҷамъиятчигии волидайн пардохта мешавад. Нисбати ҳамкории кумитаи волидайн ва университети падару модарон дар баъзеи мавзӯҳои гузашта аз ҷиҳати мавқеашон каму беш маълумот дода будем, аммо инҷо оиди сохтору фаъолияти онҳо муфассалтар таваққуф мекунем.

Кумитаи падар ва модарони мактаб ба мақсади барқарор намудани алоқаи мустаҳками мактаб ва оила созмон дода мешавад. Кумитаи волидайн дар ҷамъомади умумӣ (дар мактабҳои калон дар конференсияи) падару модарон бо тавсияи муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарони синфҳои болоӣ интихоб мешавад.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Масъалаҳои асосии тарбияи оиларо шумо дар чӣ мебинед?
  2. Ҳамкории мактаб ва ҷамоатчигӣ чӣ гуна сурат мегирад?
  3. Нисбати кумитаи волидайни мактаб ва вазифаҳои асосии он маълумот диҳед?
  4. Ба маърифати педагогию психологии волиайн кадом шаклҳои корӣ мадад мерасонад?
  5. Вазифаҳои асосии фаъолияти кумитаи волидайни мактаб ва синф дар чист?
  6. Дар сӯҳбат бо муаллими синфи якӯм, волидайн ва мураббии кӯдакистон сабаби дар омӯзиш ақибмонии яке аз кӯдаконро муайян кунед ва чораҳои ба вай мададрасониро андешед.

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Лутфуллоев М. Педагогикаи шафқат. – Душанбе, 1994.
  • Лутфуллоев М. Эҳёи педагогикаи Аҷам. – Душанбе, 1997.
  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе 2006.
  • Луғати тафсирии истилоҳоти педагогика. – Душанбе, 1988.
  • Макаренко А. С. Книга для родителей. Соч.: в 7 т. Т. II. – М., 1957
  • Нуров А. Кори якҷояи оила ва мактаб дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол. – Душанбе, 1989.
  • Нуров А. Арзишҳои миллию умумибашарӣ, заминаҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон. Душанбе, 2003.
  • Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
  • Сухомлинский В. А. Родительская педагогика. Избр. Пед. соч.: В 3 т. Т. 3 (Сост. О. С. Багданова, В. З. Смаль и А. Сухомлинская). – М., 1981. Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. – Душанбе, 1979.
  • Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Мӯҳсинӣ. – Душанбе, 1991.
  • Юнусов Й. Педагогика. Душанбе, 2005.
ҚаблӣШакл ва методҳои асосии корҳои беруназсинфии мактабиён
БаъдӣМактаб – ташкилотчии ҳамкорӣ дар боби тарбия