Типи саркомастигафора. Гурӯҳҳои асосии ҳайвонҳои якҳуҷайра.

Типҳои асосии содатаринҳо. То солҳои охир ҳамаи ҳайвоноти якҳуҷайраро ба як тип – типи содатаринҳо дохил мекарданд. Аммо тадқиқоти минбаъда тавассути микроскопи электронӣ нишон дод, ки гурӯҳҳои содатаринҳо аз якдигар фарқ доранд. Аз ҳамин сабаб, онҳоро ба якчанд типи мустақил ҷудо кардаанд. Ба мисли типи саркомастигафора, типи спорозоа, типи инфузория ва ғайраҳо.

Типи саркомастигофора

«Сарко» аз калимаи юнонии «саркос»- маънояш плазма, моеъ ва «мастигофора» – қамчинак гирифта шудааст. Яъне ҳайвонҳои пойи қалбакӣ ва қамчинакдорро саркомастигофор меноманд. Ин тип ба ду зертип тақсим мешавад: саркодовҳо ва қамчинакдорон.

Зертипи саркодовҳо

Намояндагони зертипи саркодовҳо рӯйпӯши зичи ҳуҷайрагӣ надоранд. Ҳуҷайраи онҳо фақат бо пардаи хеле нафис пӯшида шудааст. Аз ҳамин сабаб, шакли бадани онҳо доимо тағйир меёбад.

Зертипи саркодовҳо ба ду синф ҷудо мешавад: решапойҳо ва нурдорон. Синфи офтобиҳоро аз рӯйи таснифоти муосир ба нурдорон дохил мекунанд.

Синфи решапойҳо

Пойҳои қалбакиашон ба монанди решаи рустанӣ паҳн шудаанд, номи синф ҳам аз ҳамин хусусияташон гирифта шудааст. Намояндаи ин синф амёбаи муқаррарӣ ё протеус мебошад (ба расми 29 нигаред). Андозаи танаи амёба 0,6 мм аст. Қабати берунаи (эктоплазма) ситоплазмаи амёба шаффоф буда, қабати дохилиаш (эндоплазма) хиратоби доначашакл мебошад. Хӯроки амёба бактерияҳо, содатаринҳо ва заррачаҳои органикӣ мебошанд. Амёба фақат бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Синфи решапойҳо ба 3 қатор: амёбаҳо, амёбаҳои ғилофакдор ва фораминифераҳо тақсим мешавад. Намояндаҳои қатори амёбаҳо дар обҳои ширин ва шӯр (баҳр) сукунат дошта, худашон фаъолона ғизо мегиранд. Як намояндаи ин қатор амёбаи исҳоли хунӣ (амёбаи дизентерия) дар пардаҳои луобии девори рӯдаи инсон муфтхӯрӣ карда, касалии исҳоли хунӣ (амёбиаз)-ро ба вуҷуд меорад. Амёбаи исҳоли хунӣ қобилият дорад ферменти протеолит ҷудо карда, пардаҳои луобии девори рӯдаи ғафсро вайрон кунад ва ба девори он даромада хӯрок хӯрда, афзоиш кунад. Ин амёба систаи чорҳастадор дошта, андозааш 60 мкм аст. Риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ гарави сироят наёфтан ба ин муфтхӯр мебошад.

Намояндаҳои қатори амёбаҳои ғилофакдор арселла ва диффлугия буда, дар обҳои ширин вомехӯранд. Фораминифераҳо бошанд, пойҳои қалбакии риштамонанд дошта, дар баҳрҳо сукунат мекунанд (расми 32). Онҳо ғилофак дошта, таркиби он аз моддаи органикӣ ва оҳак иборат аст. Онҳо бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ афзоиш мекунанд.

Расми 32. Амёбаҳои ғилофакдор

Баъди мурдани онҳо аз скелеташон оҳаксанг ҳосил мешавад. Ба ғайр аз ин, тавассути фораминифераҳои мурдарафта синну соли қабатҳои Замин ва мавҷуд будан ё набудани нафтро дар зери Замин муайян мекунанд.

Синфи нурдорон ё радиолария

Намояндаҳои ин синф, асосан, дар баҳрҳои гарми тропикӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Онҳо саркодовҳои планктонӣ мебошанд. Пойҳои қалбакии онҳо риштамонанди дароз аст (расми 33). Скелеташон дарунӣ ва аз минерал иборат буда, сӯзанҳои такягоҳӣ ҳосил мекунанд. Онҳо дар дохили ситоплазма ҷойгиранд.

Расми 33. Сохти нурдорон

Зертипи қамчинакдорон

Намояндагони ин  зертип  дар оби шӯр, ширин, хок ва организми ҳайвону рустанӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳуҷайраи онҳо бо пардаи ҷафси пелликула иҳота шудааст, аз ҳамин сабаб, баръакси саркодовҳо, шакли баданашон доимӣ мебошад. Ин зертип ба ду синф ҷудо мешавад: қамчинакдорони рустанигӣ ва қамчинакдорони ҳайвоншакл. Намояндаи синфи аввал эвгленаи сабз, волвокс, хламидомонада буда, дар ҳуҷайраи онҳо пигменти хлорофил мавҷуд аст (расми 34).

Расми 34. Намояндагони қамчинакдорон

Аз ин рӯ онҳо дар рӯшноӣ ба монанди рустанӣ қобилияти фотосинтез кардан доранд, яъне қамчинакдорони рустанимонанд организми автотроф буда, дар муҳити обӣ озодона зиндагӣ мекунанд.

Ба синфи қамчинакдорони ҳайвонӣ намудҳои муфтхӯр: трипанасома, лейшмания, лямблия, опалина (расми 35) дохил шуда, онҳо муфтхӯри хавфноки инсон ва ҳайвон мебошанд. Масалан, баъзе намудҳои трипанасома фақат дар қитъаи Африқо вомехӯранд, ки дар хуни инсон муфтхӯрӣ карда, касалии вазнини хобро ба вуҷуд меоранд. Паҳнкунандаи касалии хоб пашаи се-се буда, манбаи табиии он антилопаҳо мебошанд. Муфтхӯри хавфноки дигар барои одамон лейшмания буда, вай касалии захми шарқӣ – лейшманиоз ё пендинкаро ба вуҷуд меорад (ба расми 35 нигаред). Ин захм, одатан, дар рӯй, гардан, дастҳо, яъне ҷойҳои лучи бадан пайдо мешавад. Андозаи лейшмания аз 1 мм садҳо маротиба хурдтар буда, паҳнкунандаи он хомӯшакҳо мебошанд. Дар Тоҷикистон ин касалӣ кам вомехӯрад.

Расми 35. Қамчинакдорони муфтхӯр

Таърихи фанни зоология


Типи саркомастигафора. Гуруххои асосии хайвонхои якхучайра, Типхои асосии содатаринхо, Типи саркомастигофора, Зертипи саркодовхо, Синфи решапойхо, Амёбахои гилофакдор, Синфи нурдорон ё радиолария, Зертипи камчинакдорон, Намояндагони камчинакдорон, синфи камчинакдорони хайвони Камчинакдорони муфтхур, зоология бо забони точики/тоҷикӣ

ҚаблӣТарзи ҳаётгузаронии ҳайвонҳои якҳуҷайра
БаъдӣТипи Спорозоа