Типи Спорозоа

Инҳо ҳайвоноти якҳуҷайра буда, қариб ҳамаи онҳо муфтхӯранд. Намояндагони ин тип дар дохили узвҳо ва ҳуҷайраҳои гуногуни бадани одаму ҳайвонот муфтхӯрӣ мекунанд. Як намуди ин тип плазмодияи хунӣ буда, бемории вазнини вараҷа ё табларзаро ба вуҷуд меорад. Ин муфтхӯр дар ҳуҷайраҳои сурхи хун (эритротситҳо) зиндагӣ мекунад (расми 36).

Ҳоло 4 намуди бемории вараҷа (малярия) маълум аст. Ин бемориро муфтхӯрҳо аз зоти плазмодиум ба вуҷуд меоранд. Паҳнкунандаи ин муфтхӯрҳо як намуди хомуш акҳо аз ҷинси анофелес мебошанд. Чор намуди плазмодиум чор намуди бемории вараҷаро ба вуҷуд меоранд. Муфтхӯр дар эритросити хун зиндагӣ карда, маҳсули даруни он (гемоглобин)-ро мехӯрад. Баъд аз он ки гемоглобинро хӯрда тамом кард, пардаи эритротсит кафида, муфтхӯр ба плазмаи хун мебарояд ва ба эритротсити солим дохил мешавад. Муфтхӯр гемоглобинро хӯрда, аз худ моддаи заҳрнок – меланин ҷудо мекунад. Ҳамин ки ин модда дар хун омехта шуд, беморӣ авҷ мегирад. Ҳарорати бадани одам то 40º баланд шуда, дилбеҳазурӣ, бемадоршавӣ, ларзидан, беҳушшавӣ ба амал меояд. Ҳамин ҳодиса пас аз 2-3 ё 4 рӯз мумкин такрор шавад.

Авҷгирии беморӣ ба давраи аз эритротсити зарардида баромадан ва ба эритротсити солим гузаштани муфтхӯр вобаста аст, зеро заҳри меланин дар хун омехта мешавад (расми 36).

Расми 36.  а) Содатаринҳои муфтхӯр. б) Инкишофи муфтхӯри вараҷа (малярия) ё табларза

Бемории вараҷа аз солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то охири солҳои 80-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб вуҷуд надошт. Мутаассифона, солҳои охир ин беморӣ дар ҷумҳурии мо аз нав пайдо шудааст. Роҳи мубориза бо ин беморӣ, пеш аз ҳама, нест кардани паҳнкунандаи ин касалӣ – магаси анофелес мебошад. Ин магас, асосан, дар заҳбурҳо, қамишзорҳо, ботлоқҳо сукунат дорад.

Аз типи спорозоаҳо муфтхӯрҳои хавфноки дигар – коксидияҳо буда, онҳо дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд. Коксидияҳо бештар дар чарогоҳҳо вохӯрда, дар чорвои калони шохдор (дар қутосҳои Помир 7 намудашон ва дар мурғони хонагӣ 6 намуди он) ёфт шудааст. Коксидияҳо дар ҳуҷайраҳои рӯда ё меъдаи ҳайвон зиндагӣ карда, бемории коксидиозро ба вуҷуд меоранд. Онҳо хеле хурд буда, шаклашон гирд аст. Ҳайвони бо ин муфтхӯр сироятёфта хӯрок намехӯрад ва мемирад. Роҳи мубориза бо ин муфтхӯр нигоҳубини хуби чорво ва роҳ надодан ба пайдо шудани он аст. Ба бемории коксидиоз одамон низ гирифтор шуда метавонанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бемории варача, Типи Спорозоа бо забони точики

ҚаблӣТипи саркомастигафора. Гурӯҳҳои асосии ҳайвонҳои якҳуҷайра.
БаъдӣТипи Инфузория