Забон, забоншиносӣ ва қисматҳои забоншиносӣ

Забон муҳимтарин воситаи алоқаи мардумон аст.


Забоншиносӣ илмест, ки қонуну қоидаҳои забони инсонро меомӯзад.

забони точики, забони тоҷикӣ


Қисматҳои асосии забоншиносӣ:

1. Фонетика;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2. Лексикология;

3. Морфология;

4. Имло;

5. Синтаксис;

6. Фразеология;

7. Услубшиносӣ.


Фонетика яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, овозҳои нутқро меомӯзад.


Лексикология яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, таркиби калима ва луғатро меомӯзад.


Морфология яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, ҳиссаҳои нутқро меомӯзад.


Имло яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, қоидаҳои дуруст навиштани калимаҳо ва шаклҳои грамматикиро меомӯзад.


Синтаксис яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, қонуну қоидаҳои ибора ва ҷумларо меомӯзад.


Фразеология яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, қонуну қоидаи ибораҳои устувор (таъбирҳо)-ро меомӯзад.


Услубшиносӣ яке аз қисматҳои забоншиносӣ буда, услубҳои нутқро меомӯзад.


ҚаблӣФАРД, ХОС ВА КУЛЛ
БаъдӣАлифбои забони англисӣ