Тасрифи феъли хондан дар сиғаи эҳтимолӣ
Шахс |
Шумора |
|
Танҳо | Ҷамъ | |
1.
2. 3. |
хондагистам хондагистӣ хондагист | хондагистем хондагистед хондагистанд |
Машқи 404. Ҷумлаҳоро хонед ва ба тобиши маъноии феълҳои ишоратшуда диққат диҳед.
1.Бечора, балки ин модар доштагист, ки вай ҳам ман барин муштипар ва барҷомонда будагист. (Ҳ.Карим) 2.Ягон моҳ шудагист. (Ҷ.Икромӣ) 3.Акнун дигар одам намеомадагист – а, рафиқ Баротов? (С.Улуғзода)
Машқи 405. Аз масдарҳои зер сиғаи эҳтимолӣ созед.
Намуна: гуфтан- гуфтагистам, мегуфтагистам, гуфта истодагистам.
Чидан, хонда шудан, шитоб кардан, мондан, номидан, рафтан, кашидан, хондан, донистан.
Машқи 406. Порчаҳоро хонда, сиғаи эҳтимолиро ёбед ва шарҳ диҳед.
1.-Ба ҳама чиз қаҳтӣ биёяд ҳам, ба ҳезум қаҳтӣ намеомадагист?
-Мумкин.
-Мумкин ки бошад, ҳамроҳ ҳезум бурдан чӣ даркор? (У.Кӯҳзод)
2.Гуфтам, дар хона шишта чӣ кор мекунам, биё ҳамроҳаш равем, ҳавои саҳро мехӯрам. Аз дастам биёяд, ягон ёрдам ҳам мерасидагист. Ҳеҷ набошад, даҳони халтаҳоро мебандем-ку. (С.Турсун)