Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ

Зарбулмасал ва маколхои точики. Зарбулмасалхои точики. Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ.

зарбулмасалу маколи точики

1. Мисли Модар ёру мисли Ватан диёре нест.

2. Паррандаро бо парвозаш баҳо диҳанд, одамро ба кораш.

3. Офтоб гармӣ дораду модар – меҳр.

4. Илм хоҳӣ, такрор кун,
Ҳосил хоҳӣ, шудгор кун.

5. Мехнати имрӯз роҳати фардост.

6. Дасти одамизод – гул.

7. Ба як ҷавон чил ҳунар кам.

8. Инсон бо забонаш не, бояд бо амалаш сухан гӯяд.

9. Сухан зар, аст сабр гавҳар.

10. Адаб беҳтарин ганҷ аст.

11. Меҳнат фаровон мекунад,
Танбалӣ вайрон мекунад.

12. Меҳнати халол – нони бемалол.

13. Бе ранҷ наояд ганҷ.

14. Аз бад – касофат, аз нек – шарофат.

15. Салом аз хурд – калом аз калон.

16. Як китоби хуб – беҳтар аз як хазинаи бузург.

17. Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ.

18. Дониш омӯхтан – бо сӯзан чоҳ кандан.

19. Тилло дар оташ, одам дар меҳнат маълум мешавад.

20. Кам гӯю дониста гӯй.

21. Нури ақл дониш аст.

22. Кор накӯ шавад, аммо ба сабр.

23. Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ.

24. Аввал андеша бад гуфтор.

25. Аввал бубин ҷои худ,
Баъд бимон пойи худ.

26. Аввал таом, баъд калом.

27. Аввал гиребони худатро бӯй куну баъд гап зан.

28. Аввал пурсиш, баъд кӯшиш.

29. Аввал хеш, баъд дарвеш.

30. Ангурро хӯру боғашро напурс.


Якчанд зарбулмасалҳои тоҷикӣ

Зарбулмасалу мақолҳо

ҚаблӣҚаторҳои ҳашароти шаклдигаркуниашон пурра
БаъдӣҚатори сахтболҳо (гамбӯскҳо). Катори сахтболхо (гамбускхо)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед