Абулмаолии Насруллоҳ (зиндагинома)

Зинддагиномаи Абулмаолии Насруллоҳ (асри XII). Хаёт ва фаъолияти Абулмаолии Насруллох (асри 12), тарчумаи хол.


Абулмаолии Насруллоҳ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ҳамчун яке аз нависандагони асари машҳур «Калила ва Димна» маълум аст. Пеш аз ӯ ин ёдгори адабиёти ҷаҳонӣ, ки аслаш ҳиндӣ мебошад, бори нахуст дар замони Анӯшервон (531- 579) ба забони паҳлавӣ баргардонида мешавад. Дар асоси ин баргардон онро дар нимаи аввали асри VIII нависанда ва тарҷумони забардаст Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ (721-759/760) ба арабӣ тарҷума мекунад, ки дертар дар асри X аз рӯйи он устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин асарро ба назм медарорад. Баъд аз ин «Калила ва Димна» борҳо ба забони форсии тоҷикӣ аз тарафи адибони гуногун таълиф ва нашр мешавад.

Аз зиндагии Абулмаолии Насруллоҳ танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ӯ дар дарбори охирин намояндагони Ғазнавиён – Баҳромшоҳи Ғазнавӣ (1118-1152/53) ва Хусравмалики Ғазнавӣ (1160 – 1186) дабир ва замоне вазир ҳам будааст. Аммо, тавре ки бисёр воқеъ шудааст, ӯро баъди чанд соли вазириаш бо туҳмати ҳасудон ва бадхоҳонаш зиндонӣ гардонидаанд ва ба қатл расонидаанд. Тахмин меравад, ки ин ҳодиса дар замони ҳукмронии Хусравмалики Ғазнавӣ рух додааст.

«Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ қадимтарин тарҷумаи «Калила ва Димна»-и Ибни Муқаффаъ ба забони форсии тоҷикӣ мебошад, ки то замони мо дар шакли комил боқӣ мондааст. Онро муаллиф соли 1144 таълиф намуда, ба Баҳромшоҳи Ғазнавӣ бахшидааст, бинобар ин бо номи «Калила ва Димна»-и Баҳромшоҳӣ низ ёд мешавад.

Сабаби ба тарҷумаи нави «Калила ва Димна», бо вуҷуди будани чандин тарҷумаи манзум ва мансур ба забони форсии тоҷикӣ, даст заданашро муаллиф дар дебочаи асар шарҳ додааст. Аз рӯйи гуфтаи ӯ, тарҷумаҳои мавҷуда нақс доштанд. Тарҷумон нақси онҳоро дар он дидааст, ки пешиниён ба баёни афсонаву ривоят ва ҳикоят диққат дода, аз ҳикмат ва панд сарфи назар кардаанд. «Ин китобро, – навиштааст ӯ, – пас аз тарҷумаи писари Муқаффаъ ва назми Рӯдакӣ тарҷумаҳо кардаанд ва ҳар кас дар майдони баён бар андозаи маҷоли (қудрат ва тавоноии) хеш қадаме гузорида, лекин /чунин/ менамояд, ки муроди эшон таҳрири самар (афсона) ва таҳрири ҳикоят будааст, на тафҳими (дарки) ҳикмат ва эзоҳи мавъизат (панд додан), чи сухани неку ва матин рондаанд ва бар эроди қисса ихтисор намуда ва дар ҷумла рағбати мардумон аз мутолиаи кутуби тозӣ (хондани китобҳои арабӣ) кӯтоҳ гаштааст ва он ҳикоят ва мавоъиза (панду ҳикматҳо) маҳҷур (дур) монда буд». Абулмаолӣ илова бар барқарор намудан ва нигаҳ доштани ҳикмату пандҳои матни арабӣ ба хотири зинда гардонидани ин «мурдаи чандинҳазорсола» тарҷумаашро бо овардани «оёт, ахбору абёт ва амсол», ба истилоҳи худаш, пурқувват гардонида будааст. Ӯ менависад: «Ба хотир гузашт, онро тарҷума карда ояд ва дар басти сухан ва кашфи ишорат…онро ба оёт, ахбор (хабарҳо) ва абёт (байтҳо) ва амсол (мисолҳо) муаккад (пурқувват) гардонида шавад, то ин китобро, ки мурдаи чандҳазорсола аст, эҳё бошад (зинда шавад) ва мардум аз фоидаҳои он бебаҳра намонанд ва ҳам бар ин дастур сар карда шуд ва шароити суханронӣ дар зимни амсол, овардани оёт ва шарҳи рамуз (рамзҳо) ва ишорот (ишораҳо) тақдим намуда омад».

Дар тарҷума, чи адабӣ ва чи илмӣ, дар асрҳои миёна ворид намудани дигаргунӣ ва иловаҳо ба ҳукми қонун даромада буд. Аз ин сабаб асарҳои тарҷумавӣ дар он вақт асарҳои мустақил ва таълифӣ ба шумор мерафтанд ва тарҷумонҳои онҳо ба сифати муаллиф эътироф гардидаанд.

«Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ чун китоби Ибни Муқаффаъ аз шонздаҳ боб иборат мебошад, аз ҷумла бобҳои «Шер ва Гов», «Бозҷусти кори Димна», «Дӯстии Кабӯтар, Зоғ, Муш, Боҳа (Сангпушт) ва Оҳу», «Бум ва Зоғ», «Бӯзина ва Боҳа», «Зоҳид ва Росу (Мири мушон)», «Гурба ва Муш», «Шер ва Шағол», «Тирандоз ва Модашер», «Подшоҳ ва бараҳманон», «Заргар ва Сайёҳ», «Шоҳзода ва ёрони ӯ» ва ғ.

Ҳар боб бо зикри масъалае оғоз мегардад ва баъд аз он барои шарҳ ва тасдиқи дурустии он масъала ҳикояте оварда мешавад. Барои мисол, дар оғози боби шашум рои Ҳинд аз бараҳман хоҳиш менамояд, ки барояш масали ду танро, ки ба якдигар дӯстӣ доранд ва бо иғво ё фитнаи хоине он дӯстӣ ба адоват ва ҷудоӣ табдил мешавад, баён намоянд. Бараҳман дар ҷавоб мегӯяд, ки ҳар гоҳ , ки ду дӯст ба дахолати бадхоҳе мубтало гарданд, миёни эшон ҷудоӣ афтад ва монанди он ҳикояти Шер аст ва Гов. Рой мепурсад, ки: «Чӣ гуна аст он?» Бараҳман ҳикояти Шер ва Говро нақл мекунад.

Бозаргоне буд бисёрмол ва ӯро фарзандон ба воя мерасанд, вале аз омӯхтани касбу ҳунар рӯ тофта, даст ба исрофи моли падар дароз мекунанд. Падар додани насиҳат ва маломати онҳоро воҷиб мебинад. Пас аз он фарзандон панди падар ва насиҳатҳои ӯро гирифта, одамони нек мешаванд. Фарзанди калонӣ рӯй ба тиҷорат оварда, сафари дурдастро ихтиёр кард ва бо вай ду гов буд: яке Шатраба ва дигаре Бандаба. Шатраба дар роҳ дармемонад, ӯро бо машаққат берун оварданд, аммо тоқати ҳаракат надошт. Бозаргон муздуреро мегирад, то он говро нигоҳубин кунад ва чун қувват гирад, ба ӯ бирасонад. Муздур пас аз як-ду рӯз Шатрабаро ба ҳоли худ бигзошту бирафт ва бозаргонро гуфт, ки нобуд шуд. Шатраба ба муддати андак дар талаби чарохӯрӣ ба марғзоре расид ороста бо навъҳои наботот ва гулҳои рангин. Чун Шатраба якчанд он ҷойгоҳ бибуд, фарбеҳ ва ободон (солим) гашт ва аз мастии неъмат ба нишоти ҳар чӣ тамомтар бонге баланд кард. Дар он наздикиҳо шере буд, ки ҳамаи даррандагону чарандагон дар фармони ӯ буданд. Чун бонги Шатраба ба гӯши ӯ расид, ҳаросе ва ҳайбате дар дили ӯ роҳ ёфт, аммо намехост, ки ҳайвонҳо бифаҳманд, ки ӯ меҳаросад, бинобар ин бар ҷой сокин мебуд ва ба ҳеч ҷониб ҳаракат ва нишот намекард.

Дар миёни табааи шер ду шағол ҳам буданд: якеро Калила ном ва дигареро Димна ва ҳар ду ақлу закои (фаросати) тамом доштанд, валекин Димна ҳушёртар ва боақлтар. Ӯ аз Калила пурсон мешавад, ки ба назари вай сабаб дар чист, ки малик бар ҷое қарор гирифтааст ва ҳаракат ва нишоти шикорро фурӯ гузошта. Калила ба Димна дар ҷавоб мегӯяд, ки туро ба ин чӣ кор? Мо дар даргоҳи малик осоиш дорем ва туъма меёбем, кофист. Мо аз он табақае нестем, ки ба мулук машварат диҳем ё сухани мо ба наздики подшоҳон шунида шавад.

Димна гуфт: «Бидонистам, лекин ҳар кӣ ба мулук (маликон, подшоҳон) наздикӣ ҷӯяд, барои туъма ва қут набошад, ки шикам ҳар ҷо ва ба ҳар чиз сер шавад. Фоидаи наздикӣ ба мулук боло бурдани манзалат (мартаба) аст ва истинос (унс)-и дӯстон ва қаҳри душманон ва қаноат аз данонати (пастии) ҳиммат ва қиллати мурувват (камии лутф) бошад. Ва ҳар кӣ ҳиммати ӯ барои туъма аст, дар зумраи ҳайвонот ба шумор гардад, чун саге гурусна, ки ба устухоне шод шавад ва ба нонпорае хушнуд. Ва шер агар дар миёни шикори харгӯш харгӯреро бинад, даст аз харгӯш бидорад ва рӯй сӯйи харгӯр орад… Ва ҳар кӣ ба маҳалли (мақоми) боло расид, агарчи чун гул кӯтаҳзиндагонӣ бувад, оқилон онро умре дароз шуморанд»…

Калила гуфт: «Шунидам, он чи баён кардӣ, лекин ба ақли худ руҷӯъ (муроҷиат) кун ва бидон ҳар тоифаро (гурӯҳро) манзалате ҳаст ва мо аз он табақа нестем, ки ин дараҷаҳоро сазовор тавонем буд ва дар талаби он қадам тавонем гузорид. Моро саломат беҳтар:

Ту сояӣ, нашавӣ ҳаргиз осмонафрӯз,
Ту, ки гилӣ, нашавӣ ҳаргиз офтобандой.

Ба ҳамин тарз ва сабк гуфтугӯй миёни Димна ва Калила давом мекунад, онҳо дар бораи мартабаҳои мавҷудаи миёни асҳоби мурувват (некон) ва арбоби ҳиммат, заҳмати рафтан ба дараҷаҳои шариф ва ғайра назарашонро радду бадал менамоянд. Димна зарурати ба Шер насиҳат кардан ва ба ин восита ӯро аз ҳолати тарс ва нигаронӣ берун овардан ва наздик шудан ба ҷоҳеро исбот карданӣ мешавад. Калила ишора ба хидмати мулук накардани Димна ва надонистани расму русуми он мекунад. Димна бовар бар он дорад, ки чун мард тавоно ва доно бошад, мубоширати (иҷрои) кори бузург ва ҳамли бори гарон ӯро ранҷур нагардонад:

Чу мард бо ҳунари хеш эманӣ дорад,
Шавад зи доира берун ба ҷустани пайкор.

Калила ба Димна ҳамчунин аз шарту шароити дигари наздикӣ бо мулук ва хидмат ба онҳо ёд меоварад, то Димнаро аз нияти қаробат бо Шер баргардонад. Вай ниҳоят хатари бузург доштани нияти Димнаро таъкид менамояд. Димна аз ин ҳама Шарту шароит ва хатарҳои эҳтимолӣ огоҳ буд ва огоҳона бирафт ва ба Шер салом кард.

Шер аз наздикони худ пурсид, ки: «Кист?» Гуфтанд: «Фалон писари фалон».

Шер гуфт: «Оре, падарашро бишнохтам». Пас ӯро бихонд ва гуфт: «Куҷо мебошӣ?»

Гуфт: «Бар даргоҳи малик муқим шудаам ва онро қиблаи ҳоҷат ва мақсади умед сохта ва мунтазир мебошам, ки агар муҳимме (коре, масъалае, мушкиле) бошад, ман онро бо хирад ва ройи хеш кифоят кунам, ки бар даргоҳи малик муҳиммот (воқеаҳои муҳим) ҳадис шавад (рух диҳад), ки ба зердастон дар кифоят (бас кардан, ҳал намудан)-и он ҳоҷат афтад:

К-андар ин мулк чу товус ба кор аст магас.

Ва ҳеч хидматгор, агарчи фурӯмоя бошад, аз дафъи мазаррате (зараре) ва ҷазби манфиате холӣ намонад ва он чӯби хушки ба роҳ афганда охир ба кор ояд ва аз он хилоле кунанд, ё гӯш хоранд ва ҳайвон, ки дар ӯ нафъ ва зарру хайр ва шар бошад, чӣ гуна бе интифоъ (нафъ) шояд гузошт.

Гар дастаи гул наёяд аз мо,
Ҳам ҳимаи дегро бишоем.

Чун Шер ин суханҳои Димна шунид, барояш писанд омад. Димна аз ин шод шуд ва донист, ки афсуни ӯ дар гӯши Шер таъсир кард, ба баёни назарҳояш давом дод. Таваҷҷуҳи Шер ба ӯ зиёдат гашт ва ҷавобҳои неку ва саноҳои (офаринҳои) бисёр фармуд. Димна бо истифода аз фурсат он чиро, ки гуфтанӣ буд ва он чиро, ки донистан мехост, пурсид. Шер дар аввал хост, ки асли ҳолаташро аз Димна пӯшида нигоҳ дорад. Дар ин миён Шатраба бонге баланд бикард ва овози ӯ чунон Шерро аз ҷой бибурд, ки инони (лаҷоми) ихтиёр аз дасти ӯ бишуд ва рози худ бар Димна бикшод. Димна гуфт: Нашояд, ки малик бад-ин сабаб макони хеш холӣ гузорад ва аз ватани маълуф (унсгирифта) ҳиҷрат кунад, ки гуфтаанд: офати ақл тасаллуф (лофзанӣ) аст ва офати мурувват чурбак (дурӯғгӯйӣ) ва офати дили заиф овози қавӣ ва дар амсол (масал) омадааст, ки ба ҳар овозе баланд ва ҷуссае қавӣ илтифот (таваҷҷуҳ) набояд намуд, чун қиссаи «Табл ва Рӯбоҳ».

Шер пас аз шунидани қиссаи «Табл ва Рӯбоҳ» аз забони Димна ба ӯ иҷозат дод, ки ба назди Гов биравад ва бифаҳмад, ки миқдори қувваи Гов чист? Пас аз бозгашт Димна Шерро ба овардани Гов ба наздаш розӣ мекунад. Шер пас аз дидани Гов ва шунидани қиссааш ба вай мефармояд, ки ин ҷо бошад ва шафқату икром (эҳтиром) ва инъоми (бахшиш) тамоме насибаш мегардад. Гов дуо ва сано гуфт ва камари хидмат бар миён баст. Шер ӯро ба худ наздик гардонид. Чун Димна дид, ки Шер ва Гов аз ҳад зиёд наздик мешаванд, ҳасад мебарад. Бо шикоят наздики Калила меравад ва мегӯяд, ки то Гов ба Шер қудрат ва матонат (матинӣ, эътибор) ёфт, ман аз маҳал (мақом, ҷой) ва дараҷоти (мартабаҳои) худ бияфтодам. Димна пайи ҳила ва дур кардани Шер ва Гов мешавад ва ӯ бар он дошт, ки «он чи ба рой ва ҳилат тавон кард, ба зӯру қувват даст надиҳад». Ба Шер аз Гов бадгӯӣ мекунад ва онро бо хилват кардан бо муқаддамони (сарони) лашкар туҳмат мезанад. Ба Гов мегӯяд, ки Шер туро, ки фарбеҳ шудаӣ, куштанист ва гӯштатро ба ҳайвонҳо доданист.

Муроди Абулмаолии Насруллоҳ аз овардани ҳикояти «Шер ва Гов» нақли саргузашти онҳо нест, балки ба воситаи он баёни одоби муошират бо мулук ва хидмат ба онҳо ва ҳушдор додани мулук аз макру ҳилаи ходимон ва раъият мебошад, ки парҳез ва эҳтиёт накардан боиси халал ёфтани дӯстии эшон бо ходимон ва раъият мегардад ва миёни дӯстон фитна бармеангезад ва онҳоро ба ҳам душман мегардонад.

«Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ як навъ сиёсатномаест, ки онро муаллиф барои огоҳӣ ва тарбияти шоҳоне мисли Баҳромшоҳи Ғазнавӣ таълиф намудааст. Аз забон ва сабки баёни ин асар равшан мешавад, ки он давоми асарҳое мисли «Қобуснома»-и Амир Унсурулмаолии Кайковус ва «Сиёсатнома»-и Низомулмулк буда, дар байни насри сода ва насри маснӯъ қарор дорад. Сабки ҳикоят андар ҳикоят ё қисса андар қисса дар насри форсии тоҷикӣ аз ҳамин асар рӯ ба инкишоф овардааст. Абулмаолии Насруллоҳ аз нахустин нависандагонест, ки дар наср овардани шеърро расм намудааст. Пас аз ӯ дар пайравӣ аз сабки нигориши вай дар асрҳои баъдӣ китобҳои сершуморе таълиф гардидаанд. Ин ҳама гувоҳи равшани он аст, ки «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ аз намунаи беҳтарини насри форсии тоҷикӣ дар асри XII ба шумор меравад ва дар таърихи адабиёти мо мақоми сазовор дорад.

ҚаблӣМероси адабии Саноии Газнави
БаъдӣФаромуз ибни Худодод ва китоби «Самаки Айёр»