Мероси адабии Саноии Газнави

Мероси адабии Саноии Ғазнавӣ. Эҷодиёти Санои, Фаъолияти Санои Газнави. Девони / Ашъори Санои Газнави. 


Саноии Газнави, Саноии Ғазнавӣ, Sanoii Gaznavi

Мероси адабии Саноии Ғазнавӣ бой буда, аз «Девон» дар ҳафт қисмат: зуҳдиёт, мадҳияҳо, қаландариёт, ғазалиёт, қитъа, марсия ва ҳаҷв, маснавиҳои «Корномаи Балх», «Тариқат-уттаҳқиқ», «Ишқнома», «Ақлнома», «Сайр-ул-ибод», «Ҳадиқат-улҳақиқа», «Мактубот» иборат мебошад.

Аз ин миён маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа» аз муҳимтарин асарҳои муаллиф ва қадимтарин шоҳкории азими ирфони Аҷам ба шумор меравад, ки онро дар тӯли ёздаҳ сол навиштааст. Онро донишномаи тасаввуф гуфтаанд. Саноӣ дар даҳ боби он масъалаҳои таваҷҷуҳ ба ҳақ ва бениёзӣ аз ғайр, қурбон кардани ақл дар пеши Қуръон ва қавли расул, раҳбарии илм ба сӯйи доруллоҳ (хонаи Худо), на ба сӯйи мол ва нафсу ҷоҳ, роҳбаладии ишқ ба доруллоҳ, зарурати марҳалаҳои такомули нафс, дур доштани ғафлату ғурур касро аз роҳи ҳақ ва ғ.-ро баён намудааст. Дар ҳар боби маснавӣ ҳикоят, ривоят ва тамсилоти фаровоне ҷой дорад. Дертар ин тавр сухан гуфтанро аз Саноӣ шоироне монанди Низомӣ дар «Махзанул-асрор», Амир Хусрав дар «Матлаъ-ул-анвор», Аттор ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маснавиҳояшон истифода кардаанд.

Аз сабаби он ки дар маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа» танқиди замон ва аҳли он, аз он ҷумла, рӯҳониёни мутаассиб бисёр аст, онро китоби хилофи шариат эълон карда, шоирро ба бидъат ва куфр айбдор намудаанд. Саноӣ маҷбур шудааст, ки барои ҳимояи худ аз ҷоҳилон ва зоҳирпарастон маснавиашро ба маркази хилофат барои баҳои беғаразона додан ва ба олимони он ҷо арза намудан бо номаи манзуме бифиристад ва бигӯяд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷоҳилон ҷумла нописанд кунанд
В-аз сари ҷаҳл ришханд кунанд.
Вон ки бошад суханшиноси ҳаким,
Ҳамчу Қуръон ниҳад варо таъзим.

Дар асл Саноӣ ҳеч динро ва нақши он дар такомули инсонро инкор накардааст. Вай танҳо он диндорони мутаассиб ва ҷоҳилро танқид намудааст, ки сурати Қуръонро дидаанду аз сираташ сарфи назар кардаанд.

Ту зи Қуръон ниқоби ӯ дидӣ,
Ҳарфи ӯро ҳиҷоби ӯ дидӣ…

Ҳис чӣ бинад, магар ки сурати нағз,
Мағз донад, ки чист андар мағз.

Сурати сураташ ҳамехонӣ,
Сифати сираташ ҳамедонӣ.

Аз «Девон»-и Саноӣ равшан бармеояд, ки шоир на танҳо дар гуфтани маснавиҳои орифона, балки дар навъҳои дигари шеърӣ, монанди қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ низ маҳорате доштааст. Дар «Девон»-и ӯ паҳлуи ҳам ҷой доштани қасидаҳои мадҳия ва қасидаҳо дар зуҳд, ғазалҳои ошиқона бо ғазалҳои орифонаву қаландариёна падидаи табиӣ буда, бозтоби табиии марҳалаҳои ҷудогонаи зиндагӣ ва фаъолияти офаринишии ӯ мебошад. Бо ин ҳама мазмунҳои ирфонӣ бештар дар маснавиёти ӯ ба назар мерасад ва камтар дар ғазалиёт ва навъҳои дигари шеърӣ.

Шоири ориф дар хитоб ба соқӣ – Худованд гуфтааст, ки қолаби фарзанди Одам оз – тамаъро манзил шудааст ва андуҳи бешию пастӣ – нобаробариҳои айёмро тира кардааст, бинобар он ҷомро – ишқи илоҳиро дардеҳ, ки аз он ҳама озу тамаъҳо ва андуҳи бешиву камиҳо фаромӯш гардад ва соате оромӣ диҳад. Аз сӯфиёни бузурге мисли Боязиду Шиблию Кархӣ ёд оварданаш низ далолат бар он медиҳад, ки шоир ин ғазалро дар ишқи ҳақиқӣ – илоҳӣ сурудааст, на маҷозӣ, яъне инсонӣ.

Соқиё, донӣ, ки махмурем, дардеҳ ҷомро,
 Соате ором деҳ ин умри беоромро.

Мири маҷлис чун ту бошӣ, бо ҷамолат дарнигар
Хом дардеҳ пухтарову пухта дардеҳ хомро.

Қолаби фарзанди Одам озро манзил шудаст,
Андуҳи бешию пастӣ тира кард айёмро.

На биҳишт аз мо тиҳӣ гардад, на дӯзах пур шавад,
Соқиё, дардеҳ шароби арғавонифомро.

Қилу қоли Боязиду Шиблию Кархӣ чӣ буд?
Кор кори хеш дон, андарнавард айёмро.

То замоне мо бурун аз хоки Одам дам занем,
Нангу номе нест бар мо ҳеч хосу омро.

Ғазали зерини Саноӣ, ки ошиқона, яъне дар ишқи маҷозӣ – инсонист, ҳолу ҳавои заминӣ ва муайяне дорад ва дар он аз ин сухан меравад, ки ошиқи ғариб илтиҷои онро дорад, ки маъшуқааш як шабе ба назди ошиқон гузар кунаду рӯйи зарду чашми гирёни онҳоро бубинад, аз бадаҳдии хеш бохабар шавад ва ҷони онҳоро зеру забар накунад, ба ҷойи куштани ошиқони хастаҷигар кори дигаре анҷом диҳад.

Ғарибу ошиқам бар ман назар кун,
Ба назди ошиқон як шаб гузар кун.

Бибин он рӯйи зарду чашми гирён,
Зи бадаҳдӣ дили худро хабар кун.

Туро рухсат кӣ дод, эй меҳрпарвар,
Ки ҷони ошиқон зеру забар кун?!

На бас корест куштан ошиқонро,
Бирав, фармон бару кори дигар кун.

Саноӣ рафту бо худ бурд ҳиҷрон,
Ту номаш ошиқи хастаҷигар кун.

Тавре ки аз зиндагиномаи Саноии Ғазнавӣ, ин шоири озода ва боиззату сарбаланд маълум шуд, замон ва аҳли замона, хусусан рӯҳониёни мутаассиб нисбат ба ӯ номардиҳо ва беадолатиҳоро зиёд раво дошта буданд. Аз ин рӯ табиист, ки мавзӯи шикоят аз онҳо ва танқид аз эшон дар шеъри ӯ аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад. Шоир бар он бовар аст, ҳар кӣ адлу инсоф надорад, подшоҳ не, дад бувад, на одамӣ:

Ҳар кӣ инсоф аз ӯ ҷудо бошад,
Дад бувад, дад, на подшо бошад.

Чун аз ӯ адлу беғамӣ набувад,
Худ чӣ султон, ки одамӣ набувад.

Саноӣ аз ҳисоби вайрон кардани мулк гирд овардани ганҷи фаровонро аз тариқи бедодон медонад.

Мулк вайрону ганҷ ободон
Набувад ҷуз тариқи бедодон.

Мулки обод беҳ зи ганҷи равон,
Шодии дил надорад эч равон.

Шоир вайронии мулк ва бенизомии замонаро аз подшоҳи шаҳватпарасту тамаъкор, амирони золиму фасодхор ва фақеҳони ҳилагару рибохор медонад.

Подшоро зи пайи шаҳвату оз
Рух ба симинбару симинсанам аст.

Умароро зи пайи зулму фасод
Дил ба зӯру зару хайлу ҳашам аст.

Фуқаҳоро ғараз аз хондани фиқҳ
Ҳилаи байъи рибову салам аст.

Шоҳи ормонӣ дар назари Саноӣ монанд ба сар асту раият ба тан ва яке аз дигаре қувват гирад. Ӯ тани бесарро ғизои занбӯр ва сари бетанро сазои косаи танбӯр медонад ва таъкид мекунад, ки равғани ҷони раийят аз адли шоҳ бувад, вагарна мулки беадл ба барги коҳ монанд аст, ки аз вазидани андак шамоле аз ҷой беҷо мешавад.

Масали шаҳ сару раийят тан,
Ҳар ду аз якдигар фузуд саман.

Тани бесар ғизои занбӯр аст,
Сари бетан сазои танбӯр аст.

Равғани ҷон зи адли шоҳ бувад,
Мулки беадл барги коҳ бувад.

Суханони Саноӣ махсусан дар бораи рӯҳониёни риёкори молиятимхӯр хеле сахт ва фошофош мебошад ва чеҳраи воқеии онҳоро ошкор месозад.

Дар ҳама умр ар шабе қасд ба масҷид кунӣ,
Гарчи ба рӯю риё барканӣ аз машъала.

Дар рамазону раҷаб моли ятимон хӯрӣ,
Рӯза ба моли ятим мор бувад дар сала.

Моли ятимон хурӣ, пас чиладорӣ кунӣ,
Роҳ мазан бар ятим, даст бидор аз чила.

Сӯфии софӣ шавӣ бар дари миру вазир,
Сӯф кунӣ ҷомаро, то бибарӣ з-он зала.

Дар шеъри орифе, мисли Саноии Ғазнавӣ ҷой доштани баёни панду ҳикмат агар, аз як тараф, комилан мантиқӣ ва табиӣ бошад, аз тарафи дигар, идомаи ҳамон суннати қавии адабиёти форсии тоҷикӣ – пандноманависӣ мебошад. Панду ҳикмат дар ҳамаи навъҳои шеърии шоир ба назар мерасад. Чунончи:

Манишин бо бадон, ки суҳбати бад
Гарчи покӣ, туро палид кунад.
Офтоб арчи равшан аст, варо
Пораи абр нопадид кунад.

***

Ҳарчанд бувад мардуми доно дарвеш,
Сад раҳ бувад аз тавонгари нодон беш.
Инро бишавад ҷоҳ, чу шуд мол аз пеш
В-он шод бувад мудом аз дониши хеш.

Саноии Ғазнавӣ аз ҷумлаи аввалин касонест, ки дар гуфтани шеъри таълимии сӯфиёна саҳм гузоштааст. Аз ин сабаб ҳунари шоириаш батамом такмил наёфтааст, вай дар нимароҳи камоли шеъри форсии орифона мебошад. Дар шеърҳои ӯ аз ҷиҳати ҳунари гӯяндагӣ дар баён ва сабки нигориш ноҳамвориҳо ва берабтиҳо ба назар мерасад, аз он ҷумла дар муҳимтарин асари ӯ маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа» низ.


Пурсиш ва супориш

  1. Аҷобатҳои зиндагӣ ва фаъолиятҳои офаринишии Хайёмро дар чӣ мебинед?
  2. Сирри шуҳрати ҷаҳонии рубоиёти Хайём дар чист? Маводди намоишӣ омода созед.
  3. Қаҳрамони ғиноии Хайём чӣ гуна одам аст? Гузориш нависед.
  4. Дар мавзӯи “Муҳтавои рубоиёти Хайём” иншо нависед.
  5. Чанд рубоии Хайёмро аз худ кунед, тасвирҳои бадеӣ ва маъниҳои шоирона ва луғатҳои нодири онро ҷудо намоед.
  6. Дар бораи “Наврӯзнома”-и Хайём маълумот диҳед ва гузориш омода бисозед.
  7. Феҳристи суннатҳои наврӯзӣ дар “Наврӯзнома”-и Хайёмро тартиб ва ба таври мухтасар тавсиф диҳед.
  8. Сабаби ба сӯфигарӣ рӯй овардани Саноӣ чӣ буд?
  9. Мероси адабии Саноиро номбар кунед ва феҳристи онҳоро тартиб диҳед.
  10. Саноӣ чӣ мегӯяд? Дар ин мавзӯъ иншо нависед.
  11. Порчаи шеърии “Мансух шуд муруввату маълум шуд вафо”-ро аз худ кунед, луғатҳои нодири онро барои худ сабт намоед ва ба вазн ва қофияи он эътибор диҳед.
ҚаблӣПайвастагии муаллим бо шахсият ва коллективи кӯдакон
БаъдӣАбулмаолии Насруллоҳ (зиндагинома)