Фаромуз ибни Худодод ва китоби «Самаки Айёр»

Китоби Самаки Айёр, Муаллифи китоби Самаки Аёр.


Китоби Самаки Айёр
Китоби Самаки Айёр

Фаромуз ибни Худодод ҷамъкунандаи китоби «Самаки Айёр» мебошад, на муаллифи он. Ӯ дар оғози ин асар дар ин бора равшан навиштааст: «Чунин гӯяд ҷамъкунандаи ин китоб Фаромуз». Китобҳое монанди «Самаки Айёр» муаллифи муайяне надоранд, зеро онҳо аз ҷумлаи насри ривоятӣ буда, аз тарафи касони зиёде нақл шудаанд. Чунончи, муҳтавои «Самаки Айёр» чанд аср пештар аз он ки аз тарафи Фаромуз ибни Худодод дар шакли китобе ҷамъоварӣ шавад, дар шакли достон – қиссаву ривоятҳои ҷудогона дар бораи корномаҳои Самак, Шағоли Пилзӯр, Сурхвард ва айёрони дигар, ишқи Маҳпарию Хуршедшоҳ дар байни мардум маълум будаанд ва онҳоро ровиён, гӯяндагону қиссахонон–қавволон мехондаанд. Яке аз ҳамин гуна гӯяндагон Садақа бинни Абулқосими Шерозӣ будааст, ки аз забони ӯ Фаромуз ибни Худодод достони «Самаки Айёр»-ро дар охирҳои давраи салҷуқӣ ва замони муғул китобат намудааст.

«Самаки Айёр» достони бузург мебошад, ки онро ба истилоҳи имрӯзӣ «роман» меноманд. Вай се хати сужет дорад: яке ишқи Хуршеди Ҳалабӣ ва Маҳпарии Чинӣ, дигаре ҷангҳои байни Чину Мочин ва Ҳалаб, севумӣ корномаи ҷавонмардону айёрон. Хати аввал танҳо воситаи баён буда, ба муҳтавои аслии асар алоқаи зоҳирӣ дорад. Гуфтан кофист, ки яке аз чеҳраҳои асосии ин хат, яъне Маҳпарӣ вафот мекунад, аммо воқеаҳо дар он давом меёбанд. Баёни саҳнаҳои ҷангу муборизаҳои байни мамлакатҳо дар хати дувуми сужет низ асосӣ нест, воситаи ёридиҳандаест барои баёни матлаби асосӣ. Хати асосии сужети китобро амалиёти айёрону ҷавонмардон ташкил медиҳад. Ва он чунон шавқовар ва таъсирбахш баён ёфтааст, ки хонанда аз он ба осонӣ дил канда наметавонад ва ҳаргиз аз хондану шуниданаш дилгир намешавад. Ин ҷиҳатҳо дар якҷоягӣ «Самаки Айёр»-ро намунаи барҷастаи адабиёти ҷавонмардии форсии тоҷикӣ намудаанд.

Ҷавонмардӣ ё истилоҳҳои арабии он «айёр» ва «ахӣ» ҷунбиши ахлоқӣ ва иҷтимоии табақаи ҳунармандони шаҳр буда, ҳадафи аслии он ҳифзи ҳаққу ҳуқуқи аҳли ҳунар, додхоҳию ҳоҷатбарории афтодагон ва ҳоҷатмандон, дастгирии заифон мебошад. Ҷунбиши мазкур назм ва тартиби худро дошт. Ҳар касеро, ки ба узви ин ҷунбиш қабул карданӣ мешуданд, савганд мехӯрд. Барои мисол, яке аз шахсиятҳои адабии «Самаки Айёр» бо номи Рӯҳафзои Мутриба ҳангоми қабул шуданаш ба сафи ҷавонмардон чунин савганд ёд мекунад, ки аҷиб аст: «Ба Яздони додор, Парвардгори омурзгор ва ҷони покону ростон, ки дил ба шумо яке дорам ва бо дӯстони шумо дӯст бошаму бо душманони шумо душман ва ҳаргиз рози шуморо ифшо накунам».

Ҷавонмардон дар шаҳрҳо сарои махсус доштанд ва бегонагонро бо иҷозат ба ҳарамашон роҳ медоданд, вале дари онро ба рӯйи меҳмонону мусофирон ҳамеша боз нигоҳ медоштаанд. Онҳо ростгӯю росткор, поктинат ва дар дӯстию рафоқат содиқ, берӯю риё, қавлу амалашон як, далеру нотарс, розпӯш, сарсупурда, дастгиру пуштибони ҳамаи аъзои ҷомеа мебошанд. «Дар ҷавонмардӣ, – гуфтааст Самак, – раво нест, ки қавме дар бало раҳо (гирифтор) кунем ва худ берун шавем. Чун эшон барои мо ҷон фидо карданд, то ҷон дорем, бо эшон хоҳем будан». Чанде аз хислатҳои баргузидаи ҷавонмардонро муаллифи «Қобуснома» Амир Унсурулмаолии Кайковус дар боби «Дар оини ҷавонмардӣ» ба тариқи мухтасар зикр намудааст. Ӯ навиштааст, ки: «Асли ҷавонмардӣ се чиз аст: яке он, ки ҳар чӣ бигӯйӣ, бикунӣ; дигар он ки хилофи ростӣ нагӯӣ; севум он ки шикебро (сабрро) кор бандӣ… Ҷавонмардтарини айёрон он бувад, ки ӯро аз чанд гуна бувад: яке он ки далеру мардона ва шикебо бувад ба ҳар коре ва содиқулваъд (содиқ ба ваъда) ва покаврату (покдоману) покдил бувад ва зиёни касе ба суди хеш накунад ва зиёни худ аз баҳри суди дӯстон раво дорад ва бар асирон даст накашад ва асирону бечорагонро ёрӣ диҳад ва баданро аз бад кардан боздорад ва рост шунавад, чунонки рост гӯяд ва дод аз тани худ бидиҳад ва бар он сурфа, ки нону намак хӯрда бошад, бадӣ накунад ва некиро бадӣ мукофот накунад ва аз риё нанг дорад ва балоро роҳат бинад ва сабр кунад ва чашм аз дидани бадиҳо нигоҳ дорад ва дида нодида ангорад (вонамуд кунад) ва асрори мардумон зоҳир (фош) накунад ва ба нигоҳ доштани сирру амонат худро хазинаи мардумон созад ва агар ҳар чӣ батар ба вай расад аз мардумон, сирри эшон ба берун наяфканад ва беамонатӣ накунад, ки агар ранҷ аз вай ба ту расид, ту шояд, ки худро ба беамонатӣ зоҳир накунӣ ва забон нигоҳ дорӣ ва беҳосилӣ ва ноҳифозӣ (бепарвоӣ) накунӣ, ки ин худ дар дигарон ҳаст».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ростӣ, ки аксари меъёрҳои ахлоқии ҷавонмардони асрҳои миёна имрӯз ҳам ба кор меоянд ва шоистагии онро дорад, ки ба онҳо пайравӣ карда шавад ва суннатҳои ахлоқии онҳо эҳё гардад.

Ҷавонмардон дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон бо номҳои “ятимон”, “олуфтагон” ва “лавандон” то асрҳои XIX ва ибтидои XX мавҷуд буданд.

Барои шиносоии бевосита бо китоби «Самаки Айёр» яке аз достонҳои онро аз назар мегузаронем, ки тарафҳои гуногуни асар дар он ба таври барҷаста инъикос гардидааст. Ин достон «Самак ва Қатрон» ном дорад.

Самак ва Қатрон, паҳлавони номдори тарафи душман, ки дар рӯзи ҷанг бо ҳазор мард меҷангид, бори нахуст дар майдони муҳориба вомехӯранд. Ҷанг миёни лашкари Хуршедшоҳ ва Қизилмалик башиддат давом дошт. Фаррухрӯз, паҳлавони Хуршедшоҳ чиҳил марди Қизилмаликро бияфканда буд ва ҳеч кас аз тарафи муқобил намеёрист дар майдон равад. Шоҳи душман Қизилмалик худаш силоҳ мехоҳад ва ба ҷанг даромаданӣ мешавад. Дар ҳамин ҳолат Қатрони паҳлавон ба шоҳзода мегӯяд, ки ӯ ба майдон медарояд. Паҳлавонон ба Хуршедшоҳ мегуфтанд, ки:

«– Эй шоҳ, Фаррухрӯзро аз майдон бозгардон, ки Қатрон дар рӯзи масоф (ҷанг) бо ҳазор мард ниҳодаанд».

Хуршедшоҳ ба дилтангӣ ҷавоб медиҳад:

«– Агар ӯро бозгардонам, лашкари мо дилшикаста шаванд. Эшон гӯянд, битарсид. Агар ӯро бигзорам, тарсам, ки ранҷе ба вай расад». Дар ин вақт Самак ба шоҳзода мегӯяд, ки:

«–Эй шоҳзода, банда раҳо накунад (намегузорад), ки эшон ҷанг кунанд».

Самак пеши Қатрон меояд ва байни онҳо чунин гуфтугӯе сурат мегирад:

«Гуфт:

–     Чун ту марде, ки бо бист ҳазор мард ниҳоданд, раво бошад, ки бо кӯдаке баробарӣ кунӣ, хосса, ки чиҳил мард афканда бошад.

Агарчи ин маънӣ зиён надорад, аммо ба ту писандида набошад.

Қатрон гуфт:

–     Эй ҷавон, номи ту чист, ки хуш сухан мегӯйӣ?

Гуфт:

–     Эй паҳлавон, номи ман Самаки Айёр аст.

Қатрон гуфт:

–     Эй ҷавонмард, аз баҳри дили ту ҷанг накунам.

Ин бигуфтанд ва бозгаштанд. Табли осоиш бизаданд. Ҳар ду сипоҳ рӯй ба осоиш ва ором ниҳоданд».

Дар маҷлиси базме, ки ба ифтихори пирӯзии Фаррухрӯз шоҳзода Хуршедшоҳ ороста буд, сухан аз он мерафт, ки ба ҳар ҳол Фаррухрӯз чун Қатрон набошад. Самаки Айёр дар хитоб ба аҳли базм мегӯяд, ки:

«– Чанд гӯед, ки Қатрон марди азим аст. Агар шоҳ дастур диҳад, ман имшаб Қатрон баста биёварам».

Шағол бонг бар Самак зад, гуфт:

– Чаро чизе, ки натвонӣ кардан, мегӯйӣ?

Самаки Айёр гуфт:

– Эй устод, ба ҳиммати ту ва иқболи (бахти) шоҳзода, Яздон ақл додааст маро, ки он чӣ гӯям, битавонам.

Паҳлавонон аз гуфтори вай хуррам шуданд. Хуршедшоҳ бар вай офарин кард, то соате буд».

Шабона Самак бархост ва корду каманд ва он чӣ ба кор боист, бардошт, бар канори лашкаргоҳ омад. Дид, ки амири талояи (гурӯҳи пешрави) лашкари Хуршедшоҳ бо номи Сиёҳгил пой аз рикоб (узангу) бадар оварда. Корд баркашид ва рикоб бибурид ва бо худ бибурд. Сиёҳгил вақте ки аз хоб бедор шуд, мехост пой дар рикоб ниҳад, наёфт. Фурӯ монд ва дилтанг шуд. Пас аз он Самак ба талояи Қизилмалик наздик расид ва назора мекард, то Қизилмаликро дид, ки бар тахт нишаста буд ва шароб мехӯрд. Вай то хуфтани шоҳзода ва Қатрон мунтазир шуд. Баъд дар паси хаймаи Қатрон рафт ва мех барканд ва ба хайма даромад. Дид, ки чанд зиндапиле хуфта ва аспе хинг ҳамчанди кӯҳе ва полҳанг (лаҷом) дар дасти рикобдор ба хоб. Пой ба ҳалқи рикобдор ниҳод, то бимурд, ҷомаи вай берун кард ва худ дарпӯшид ва ба ҷой бинишаст ва аспро чандон бимолид, ки ром кард ба худ анис гардонид. Сипас ба болини Қатрон омад ва дид, ки кӯҳе дар хоб аст. Ба худ гуфт: «Эй Самак, ту бо ин басанда (баробар) набошӣ. Агар бедор гардад ва як даст бар ман занад, маро бикушад. Надонам, ки ӯро чӣ гуна тавонам бурдан». Каманд аз миён бикшод ва ҳар ду пой ва дастҳои Қатронро дар гӯшаи тахт устувор бибаст, корд баркашид ва бар синааш нишаст.

Қатрон бедор гашт. Агарчи маст буд, хост, ки боз нишинад, худро баста дид, натвонист. Якеро дид бар синаи вай нишаста ва корд баркашида.

Гуфт:

–     Ту кистӣ?

Самак гуфт:

–     Эй нодон, маро намешиносӣ? Манам Самаки Айёр. Агар сухан гӯйӣ, туро бикушам».

 Қатрон дам даркашид. Самак доруи мадҳушкунандаро ба даҳони вай ниҳод ва бозбаст маҳкам, чунонки сухан натавонист гуфт. Самак болишеро бишкофт, онро холӣ кард ва Қатронро дар он болиш афканд, болои асп гирифт ва бар он нишаст. Ва рӯй бар роҳ ниҳод. Аммо аспи айғири (нари) Қатрон чун наздики талоя расид, ба бӯйи модиён шиҳа зад ва саркашӣ кард. Самак ҷаҳд кард, ки аспро нигоҳ дорад, натавонист. Бинобар он маҷбур шуд, ки аз асп пиёда шавад ва болише, ки Қатрон дар дарунаш буд, ба ҷарие партояд ва худ биравад.

Талояи душман бо дидани асп ва ёфтани болиш дар он ҷар ҳайрон мешаванд ва гумон мекунанд, ки ин кори дуздест. Аммо вақте диданд, ки болиш гарон аст, он бикшоданд ва Қатрони паҳлавонро диданд, фарёд бароварданд ва аз он ғамнок шуданд, ҳатто бародари Қатрон низ ҷуръат нанамуд, ки бипурсад, ки чӣ шуду чӣ монд. Қатрон низ нагуфт, савор гашт ва ба лашкаргоҳ омад.

Вақте ки Самак аз ин воқеа ба ёрони худ ва ба паҳлавонону ба Хуршедшоҳ нақл намуд, шоҳзода ва дигарон ба ханда дарафтоданд.

Қатрон бо ин кинае, ки дошт, рӯзи дигар асп дар майдон ҷаҳонид ва гуфт: «Ман имрӯз коре кунам ба эшон, ки то ҷаҳон бошад, аз он бозгӯянд». Дар ҷанги онрӯза ӯ панҷоҳ мард биафканд ва ҳар дафъа мехост, ки паҳлавон Фаррухрӯз ба майдон дарояд. Валекин вай ба дарди шикам гирифтор буд ва наметавонист ҳаракат бикунад. Боз Самак пеш медарояд ва наздики Қатрон меравад ва ӯро аз ҷанг бозмегардонад. Қатрон дар дил гумон бурд, вале дуруст Самакро нашинохт.

Чун ҷаҳон сиёҳу тира шуд, Самак боз бо иҷозаи Хуршедшоҳ аз пайи овардани Қатрон шабравӣ мекард. Роҳи бероҳ дар пеш гирифт ва ногоҳ якеро дид, ки рӯй ба лашкаргоҳи эшон ниҳода буд. Чун Самакро дид, худро ба ҷарӣ андохт ва ба камин нишаст.

Самак худро ба нодонӣ зад ва вонамуд кард, ки ба қазои ҳоҷат меравад. Ногоҳ худро бар сари он мард афканд ва ӯро бигрифт ва корд баркашид, то ӯро бикушад.

Аз суҳбат бо он мард маълум шуд, номаш Оташак аст аз айёрон ва дар шабравӣ ҳунарманд ва ӯро Қатрон барои овардани Самак фиристода будааст. Оташак ба ивази саломат монданаш ба фармони Самак медарояд. Самак барояш он чизеро, ки Қатрон ваъда дода буд, овардани духтари подшоҳи Мочин – Дилоромро ваъда медиҳад. Оташак ба Яздони додори Кирдгор (Худованд) ва ба насиҳати нуру нору меҳр ва ба нону намаки ҷавонмардон савганд мехӯрад, ки ғадр (макр) накунад ва хиёнат наандешад ва он кунад, ки Самак фармояд ва бо дӯсти вай дӯст бошад ва бо душмани вай душман.

Самак ва Оташак пас аз бастани аҳди бародарӣ маслиҳат мекунанд, ки Оташак дасти Самакро бозбандад ва полҳанг бар гарданаш афканад ва кашон то пеши Қатрон бибарад. Онҳо яқин намуданд, ки Қатрон баробари дидани Самак хоҳад гуфт, ки: «Ӯро гардан бизан». Он вақт Оташак ба ӯ бояд бигӯяд, ки: «Эй паҳлавон, чӣ ҷойи куштан аст? Марде чунин бигзор, то фардо доре дар майдон фурӯ барем ва ӯро бар дор кунем, то аломате бошад ва ҷаҳониён бидонанд, ки мо бо Самак чӣ кардем ва бо дигарон чӣ хоҳем кардан. Он вақт Қатрон ҳатман хоҳад гуфт: «Касе бояд, ки ӯро нигоҳ дорад». Оташак ҷавоб хоҳад дод, ки: «Ман ӯро тавонистам овардан, нигоҳ низ тавонам дошт». Қатрон дар воқеъ розӣ мешавад ва ба шодии гирифтории Самак шароб зиёд мехӯрад, то ин дам аз бими Самак наменӯшидааст.

Самак ва Оташак Қатрони мастро дар маҳд менишонанд ва бо ҳамроҳии сӣ ғуломи аз асли кор бехабар ба осонӣ ба канори лашкаргоҳи Хуршедшоҳ расиданд. Амири талояи шаҳзода Сиёҳгил бо пешниҳоди Самак сӣ ғуломро асир мегирад ва Самак ва Оташак бо Қатрони маст ба хидмати Хусравшоҳ мерасанд. Пас аз шарҳи шабравӣ шаҳзода ва паҳлавонон ҳама механдиданд аз кори Самак ва бар вай офарин мекарданд.

Дар маркази достони «Самак ва Қатрон» на муҳорибаи лашкарҳои Чин бо Мочин ва паҳлавонони онҳо, балки тадбир, илоҷсозӣ ва шабравиҳои Самаки Айёр ва ёри наваш – Оташак меистад. Самак бо тадбирҳои хеш ду бор пеши куштори беҳударо мегирад ва Қатронро аз ҷанг мегардонад, бо рабудани паҳлавони пурзӯри тарафи душман боиси қатъи ҷанг миёни Чин ва Мочин мешавад ва дар ҳақиқат, ҳамон тавре ки Қизилмалик ба падараш Арманшоҳ дар номае иқрор мекунад, «корҳое мекунад, ки дар ҷаҳон касе накардааст». Вақте ки пас аз расидани нома ва воқиф гардидан аз користони Самаки Айёр Арманшоҳ мепурсад, ки:

«– Ин Самак чӣ гуна мардест, ки аз дасти вай чунин корҳо бармехезад ва чун паҳлавон Қатрон марде бо сӣ ғулом метавонад бурдан?

Касоне, ки медонистанд, гуфтанд:

– Эй шоҳ, марди айёрпеша аст ва ҳанӯз кӯдак аст ва устоде дорад, номи ӯ Шағоли Пилзӯр. Мардӣ ва шабравӣ аз вай омӯхтааст. Ва чунин менамояд, ки ба ҳамаи ҳунарҳо аз устод даргузаштааст».

Сабки тасвир, забон, баён ва таҳия дар «Самаки Айёр» чунон ҳунармандона ва олӣ аст, ки дар тамоми ҷараёни хондан ё шунидани он хонанда ва шунаванда ҳеч осори хастагиро дар худ эҳсос намекунад. Воқеаҳо чунон шавқангез, нав ва бидуни такрор оварда шудаанд, ки хонандаро дар ҳоли бедорӣ ва ҳушёрӣ нигаҳ медоранд. Забони «Самаки Айёр» беҳтарин намунаи забони сараи форсии тоҷикӣ мебошад ва нисбат ба забони насри таълифии он, хосса насри маснӯъ бартарии тамом дорад ва барои омӯхтани забони сара имрӯз низ сармашқи нотакрор мебошад.

ҚаблӣАбулмаолии Насруллоҳ (зиндагинома)
БаъдӣТазмин (дар адабиёт)