Адабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи аввали асри XI (11). Монанди он ки давлати Ғазнавиён аз батни давлати Сомониён берун омада буд, адабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи аввали асри XI аз асарҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва ҳамзамононашон сарчашма мегирад. Бунёдгузори хонадони Ғазнавиён Сабуктегин ғуломи яке аз саркардагони Сомониён – Алптегин буда, тарки Хуросон ва хидмат намуда, ба Ғазнин фирор мекунад ва дар он ҷо пас аз Алптегин ба тахт менишинад. Баъди вафоти ӯ тахти салтанат аввал ба Исмоил ва сипас ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ (997-1030) мегузарад, ки ӯ дар замони ҳукмронии Сомониён ба мартабаи сипаҳсолори лашкар расида буд.
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки парвардаи муҳити Сомониён буд, кӯшиш менамуд, ки суннатҳои эшонро, аз он ҷумла дар адабиёт барқарор нигаҳ дорад. Дар давраи ҳукмронии ӯ шаҳри Ғазнин ба яке аз марказҳои асосии адабиёти форсии тоҷикӣ табдил меёбад. Дар дарбори султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд шоирони зиёди он замон гирд омада буданд, ки машҳуртаринашон Унсурӣ (970/80 – 1050/60), Фаррухӣ (аввали а. XI), Манучеҳрии Домғонӣ (ваф. 1040) ва Асҷадии Марвазӣ (ваф. 1040/41) мебошанд. Унсурӣ нахустин шоири форсигӯй аст, ки унвони расмии «маликушшуароӣ»-ро дошт.
Агарчанде ки давлати Сомониён дар соли 999 ва охирин амири сомонӣ Абӯиброҳим Исмоили Сомонӣ бо тахаллуси Мунтасир, ки шоири нағз ҳам буд, дар соли 1005 кушта мешавад, суннатҳои мактаби адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва ҳамасронашон дар нимаи аввали асри XI идома дошт. Шоироне, ки дар ин давра ба майдони адабиёти форсии тоҷикӣ қадам гузошта буданд, шогирдони ҳамин мактаби адабӣ буданд. Дар навиштаҳои онҳо на танҳо ба таври фаровон шоирони асри X, аз ҷумла Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулфатҳи Бустӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ном гирифта ва асарҳои онҳо тазмину татаббӯъ (пайравӣ) мешаванд, балки илҳом гирифтани онҳо аз мавзӯъ ва муҳтаво ва сабки пешиниён низ равшан аст.
Агар Унсурӣ ғазал гуфтани Рӯдакиро орзу карда буд, Манучеҳрӣ афсӯс хӯрдааст, ки дар замонаи ӯ ҳакимоне чун Рӯдакию Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхию Абулфатҳи Бустӣ нестанд:
Аз ҳакимони замона ку Шаҳиду Рӯдакӣ,
Бӯшакури Балхию Булфатҳи Бустӣ ҳоказо.
Мисли он ки пайравию суннатнигаҳдориҳои султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва ворисонаш ба Сомониён дар давлатдорӣ бештар хусусияти зоҳирӣ дошта, моҳиятан аз ҳам фарқ мекунанд, адабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи аввали асри XI-ро низ наметавон бо адабиёти асри X баробар кард.
Пеш аз ин ҳам шоирон ва адибони форсигӯй бо дарбори шоҳон робита доштанд ва дар дарбор зиндагӣ ва эҷод кардаанд, мисли Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён. Дар ин ё он дарбор будани ин ё он адиб ҳанӯз маънои онро надошт, ки онҳо адибони дарборӣ ва асарҳое, ки офаридаанд, адабиёти дарборӣ ба шумор меравад. Адабиёти дарборӣ адабиёте мебошад, ки манфиатҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ин ва ё он дарборро ифода менамояд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ яке аз он шоҳоне буд, ки адабиёти бадеӣ, шеъру шоириро дар хидмати сиёсӣ ва ҳақ баровардани сиёсати истилогарона, золимона ва мутаассибонааш истифода мекард, шоиронро водор мекард, ки лашкаркашиҳои харобиовар ва пайдарпайи ӯро ба Ҳиндустон, ҳамчунин «фатҳу зафарҳояш»-ро васф намоянд. Эҷодиёти Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ ва шоирони дигари дарбори Ғазнавиён моҳиятан аз ҳамин гуна васфу мадҳҳо иборат мебошанд.
Қасидаи мадҳия ва таърихномаҳои манзум аз маъмултарин навъҳои шеърӣ дар ин давра буда, оҳиста-оҳиста доираи нуфузи шеърҳои рӯдакивор ва фирдавсиворро маҳдуд сохтанд. Фаррухӣ дар қасидае, ки ба муносибати аз тарафи султон Маҳмуд забт гардидани соҳили дарёи Ганг дар Ҳиндустон гуфтааст, ишора ба он дорад, ки дар рӯзгори ӯ ҳама ба ҷойи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Маҳмуднома», ки манзураш қасидаҳои мадҳияи шоирони дарбори Ғазнавиён буд, мехонанд. Ҳамин шоир султон Маҳмудро шоҳи дар ҷаҳон беназир номида, таъкид кардааст, ки номи шоҳи Ғазнавӣ номи ҳамаи шоҳону қаҳрамонони «Шоҳнома»-ро бисутурду бибурд ва дигар ҳоҷат ба хондани достонҳои Фирдавсӣ, аз он ҷумла достонҳои Рустами Дастон намондааст, онҳо ҳама сарбасар дурӯғ мебошанд:
Номи ту номи ҳама шоҳон бистурду бибурд,
«Шоҳнома» пас аз ин ҳеч надорад миқдор.
Гуфто: «Чун ӯ дигар ба ҷаҳон ҳеч шаҳ бувад?»
Гуфто: «Зи ман мапурс, ба «Шоҳнома» кун нигоҳ».
Гуфто ки: «Шоҳнома» дурӯғ аст сарбасар»,
Гуфтам: «Ту рост гиру дурӯғ аз миён бикоҳ».
Шоҳномаситезӣ ва фирдавсиситезии шоирони нимаи аввали асри XI аз муносибати беэҳтиромонаи султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба «Шоҳнома» ва муаллифи он сарчашма мегирад. Шоирони дарборӣ, ки аз рӯйи талаботи завқу шавқи аҳли дарбор ва пеш аз ҳама, султон Маҳмуд шеър мегуфтанд, аз ин моҷаро бохабар буданд ва ҳама медонистанд, ки ӯ «Шоҳнома»-ро рад карда буд. Гуфтаву навиштаҳои шоирони дарбори Ғазнавиён бори дигар исбот менамояд, ки паёми эрондӯстию эронпарастие, ки маснавии Фирдавсӣ бо худ дорад, барои султон Маҳмуди туркнажод ва шахсе, ки дар шикасти давлати Сомониён худ даст дошт, ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул набуд. Ҳамчунин шоҳномаситезӣ нишонаи он буд, ки баъди заволи давлати Сомониён ва ба давлатҳои хурдхурди ҷудогона –Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён ва ғ. тақсим шудани Мовароуннаҳр ва Хуросон рӯҳияи миллии ориёӣ заиф гардида буд.
Гуфтани мадҳ, ки дар адабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи аввали асри XI хеле маъмул гардида буд, дар давраҳои қадим ва асри X, аз он ҷумла дар шеърҳои Рӯдакӣ ва ҳамасронаш мавҷуд буд. Аммо он мадҳ аз мадҳе, ки шоирони баъдӣ, монанди Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ, Ғазоирӣ ва дигарон менавиштанд, ба куллӣ фарқ дошт. Ҳар он чи Рӯдакӣ ва шоирони дигар дар қасидаҳои мадҳияшон мегуфтанд, дурусту рост буд. Бинобар ин вақте ки мадҳи Рӯдакиро дар ҳаққи амири Систон Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад дар қасидаи «Модари май» бо чеҳраи воқеии ӯ муқоиса намуданд, ба хулосае омаданд, дарвоқеъ ин амир «беш аз он аст, ки Рӯдакӣ дар васфаш гуфтааст». Валекин муқоисаи шахсияти воқеии султон Маҳмуди Ғазнавӣ, рафтор, гуфтор ва андешаи ӯ бо мадҳияҳои бешумори Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ нишон медиҳад, ки аксари навишта ва гуфтаҳои онҳо ба он мувофиқат намекунанд.
Бо дар назардошти ин Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» (соли таълифаш 1083) ба шоирони мадеҳасаро дастур додааст, ки мадҳе гӯянд, ки сазои ҳар кас, дархӯри он бошад: «Он касеро, ки ҳаргиз корд ба миён набаста бошад, магӯй, ки шамшери ту шер афканад ва бо найза кӯҳи Бесутун бардорӣ ва бар тир мӯй бишкофӣ. Ва он ки ҳаргиз бар харе нанишаста бошад, аспи ӯро ба Дулдулу Бароқ ва Рахшу Шабдез монанда макун ва бидон, ки ҳар касро чӣ бояд гуфт». Мутаассифона, шоирони нимаи аввали асри XI аз ин дастур сарфи назар мекарданд ва мисли Манучеҳрӣ он чиро мегуфтанд, ки мамдӯҳашонро хуш ояд:
Ман шеър беш гӯям, к-он шоҳро хуш ояд:
Алфозҳои неку, абётҳои ҷорӣ.
Дарвоқеъ, на танҳо шеъри Манучеҳрӣ, балки сурудаҳои Унсурӣ ва Фаррухӣ низ дорои лафзи неку ва байтҳои равон мебошанд. Онҳо дар шоирӣ ҳунари воло доранд, устод мебошанд, валекин афсӯс, ки умри худро асосан ба гуфтани шеъри мадҳия дар дарбор гузаронидаанд. Фоҷиаи шоирии онҳо дар он аст, ки ҳунари волои шоириашонро қурбони хостҳо ва сиёсатҳои шахсӣ ва худхоҳонаи шоҳону амирону ҳокимони бефарҳангу ҷоҳил ва ишратпараст намуданд. Як донишманди ғарбӣ бисёр афсӯс хӯрдааст ва гуфтааст, ки агар Фаррухӣ истеъдоди худро қурбон намекард, аз бузургтарин шоирони дунё мебуд.
Ҳунари волои шоирии онҳо дар кӯшиши сурудани ғазалҳои рӯдакивор, қитъа, рубоӣ, маснавӣ, тарҷеъбанд (Фаррухӣ) ва ихтирои мусаммат (Манучеҳрӣ), агарчи миқдоран дар нисбати мадҳияҳояшон ночиз мебошанд, ҳамчунин дар ташбибу тағаззулоти қасидаҳои онҳо ба назар мерасад. Чунончи, Унсурӣ дар ташбиби яке аз қасидаҳояш ҳусни зебои нигорро ба ин хубию зебоӣ ва ба ин содагию расоӣ ба қалам овардааст:
Гули хандон хиҷил гардад баҳорӣ,
Ки ту ранг аз баҳору гул беҳ орӣ.
Ба симу мушк нозад ҷон, азеро
Ки симиноразу мушкинизорӣ.
Нигори қандаҳорӣ қандлаб нест,
Ту қандинлаб, нигори қандаҳорӣ…
Ба ранг аз лолаи хуршед аксӣ,
Ба бӯй аз анбари суда бухорӣ.
Ҳамехандӣ, ки моҳи сарвқаддӣ,
Ҳамеболӣ, ки сарви ҷӯйборӣ.
Фаррухӣ дар тасвири манзараҳои табиат, хусусан фасли баҳорон истеъдоди фавқулода дорад. Шеъри зерин яке аз беҳтарин баҳорияҳо дар адабиёти форсии тоҷикӣ мебошад:
Чун паранди нилгун бар рӯй пӯшад марғзор,
Парниёни ҳафтранг андар сар орад кӯҳсор.
Хокро чун нофи оҳу мушк зояд беқиёс,
Бедро чун парри тӯтӣ барг рӯяд бешумор.
Дӯш вақти нимшаб бӯйи баҳор овард бод,
Ҳаббазо боди баҳору хуррамо бӯйи баҳор!
Бод гӯйӣ мушки суда дорад андар остин,
Боғ гӯйӣ луъбатони сода дорад дар канор…
Боғ бӯқалмунлибосу роғ бӯқалмуннамой,
Об марворидрангу абр марворидбор.
Рост пиндорӣ, ки хилъатҳои рангин ёфтанд
Боғҳои пурнигор аз доғгоҳи шаҳрёр.
Фаррухӣ рубоие дорад, ки дар он аз замонаи пурнайранги худ ёд меорад ва нуктаеро эрод мекунад, ки дар чунин замона як куштаи баном будан беҳтар аз он аст, ки сад зинда бананг:
Ё мо сари хасмро бикӯбем ба санг,
Ё ӯ сари мо ба дор созад ованг.
Алқисса, дар ин замонаи пурнайранг
Як кушта баном беҳ, ки сад зинда бананг.
Манучеҳрӣ аз ихтироъкорони навъи шеърии мусаммат мебошад. Яке аз машҳуртарин мусамматҳои ӯ дар тасвири фасли хазон – тирамоҳ аст. Вақте ки онро мехонед, мебинед, шоир ба воситаи сухан ҳамчун рассоми табиатпардози касбӣ рангҳои тиллоии ин фаслро ба устодӣ бозтоб намуда, хурдтарин дигаргуниро басо нозук ва дақиқ дар ҳар яке аз мавҷудоти табиат ба мушоҳида гирифтааст.
Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст,
Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.
Он барги хазон аст, ки бар шохи разон аст,
Гӯӣ ба масал пераҳани рангразон аст.
Деҳқон ба тааҷҷуб сари ангушт газон аст,
К- андар чаману боғ на гул монд, на гулнор.
Ва ё ӯ дар тасвири абри нилгуни баҳорӣ чунин гуфтааст:
Баромад нилгун абре зи рӯйи нилгун дарё,
Чу ройи ошиқон гардон, чу табъи бедилон шайдо.
Чу гардон гашта селобе миёни оби осуда,
Чу гардон гирдбоде, тундгарде, тира андарво.
Бибориду зи ҳам бигсасту гардон гашт бар гардун,
Чу пилони пароканда миёни обгун саҳро.
Ту гуфтӣ гарди зангор аст бар оинаи чинӣ,
Ту гӯйӣ мӯйи санҷоб аст бар пирӯзагун дебо.
Ба сони марғзори сабзранг андар шуда гирдаш
Ба як соат мулавван карда рӯйи гунбади хазро.
Ту гӯйӣ осмон дарёст аз сабзию бар рӯяш
Ба парвоз андар овардаст ногаҳ баччагон анқо.
Муҳити номусоиди дарбор, завқи пасти аҳли он имкон надодааст, ки Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳрӣ, ки дар гуфтани шеъри форсии тоҷикӣ, бидуни шак, устод буданд, асарҳои шоиста офаранд ва истеъдоди бузурги суханвариашон ба тамомӣ намудор гардад.