Хавасмандии омузиш.
Дар Юнони Қадим калимаи «стимулус» гуфта чӯбдасти дарози нӯги тездоштаро меномидаанд, ки бо он барзагов ва хачирҳоро меронданд. «Стимул кардан» дар фаҳмиши ҳозира маъноҳои «тела додан, одамро ташвиқ кардан ба ягон коре» мебошад ва ба забони тоҷикии мо маъноҳои мураддифии «ҳавасмандӣ», «рағбатонӣ» – ро ифода мекунад. Инсон ҳамин хел хусусият дорад, ки бидуни мунтазам огоҳкунӣ ва ҳадаҳанамоӣ ҷидду ҷаҳди шахсӣ ё зоҳирӣ, вале мудом бо зарурати бевосита аз ҷо намеҷунбад, фаъол меҳнат намекунад, алалхусус ҳаёт аз ҳаракаткунӣ иборат аст. То водоркуние набошад инсон рӯҳбаландаона фаъолият зоҳир намекунад, такон намеёбад.
Вақтҳое буданд, ки одам ба кор фориғболона муносибат мекард, барои бартараф кардани коҳилӣ аз воситаҳои табиатан оддӣ истифода мебурданд – маҷбуркунӣ бо шаклу намудҳои гуногун, рӯҳан шикастдиҳӣ, аз қабили «…хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» арзи вуҷуд карда омадааст. Бо мурури замон баҳри фаъолона амалкунии одам ангезаи таъсиррасон омада расид.
Ҳоло дараҷаи татқиқоти назариявии соҳаи ҳавасмандгардонӣ ба қадри кифоя баланд аст. Вале афсӯс, ки муаллим – амалкунанда баҳри кори худ аз ин файзу баракати асосӣ, назария, андеша кам баҳра мебардорад: ва дар ин масъала таҷриба дар тумани метод гум шуда рафтааст. Дар зимни он омилҳое, ки барои муқоиса кардан бо ҳавасмандгардонии худ натиҷабахшӣ ба маҳсулнокии раванди педагогӣ кам ёфт мешавад.
Талабот, мотивҳо, ҳавасмандгардонӣ чун меваи пайвандии як дарахтанд. Мумкин аст дуру дароз нисбати тартиботи ин мафҳумҳо баҳс кард, мавқеъ ва нақши онҳо дар система, нисбат ба назария бешубҳа яктост – ҳавасмандӣ ба талабот ва мотивҳо такя мекунад, аз онҳо ҷудоӣ надорад. Муҳимаш он ки инсон одатан дар як маврид амалиёти гуногуни талаботро ҳис мекунад ва мотивҳо ҳам бештар бо орзуи пурқувват мувофиқат мекунанд. Вале ин тавр ҳам шуданаш мумкин, дар як вақт бо қувва якхела дар майлҳои гуногуни талабот ва мотивҳое, ки байни худ бо низоъ баромад доранд, амал мекунанд. Дар ин ҳолат одам дар назди зарурат аз байни чандин имконият бо майл якеро интихоб мекунад ва дар он амал менамояд. Дар ин ҷо нақши муҳимро ҳавасмандиҳо мебозанд. Боз моҳияти муҳими онҳо дар вазъияти низоъ, вақте ки дар як тараф мотивҳо меистанд, барои одами фикри маънавидошта (ҳисси ӯҳдадорӣ, масъулият), вале аз тарафи дигар – талаботҳои муқобил сарфакоронагии ками арзандагӣ дорад, ҷолиби диққатанд, дида мешавад. Ба ҷо овардани интихоб, муайянкунӣ, қабули ҳалли дуруст ва ба майли лозимӣ амал кардан ҳавасмандиҳо ёрӣ мерасонанд.
Интихоби ҳавасмандонӣ барои хонанда бағоят лозим аст, вале чандон амал кардан намехоҳад, кӯшиши махсусеро талаб мекунад, то ки дар навбати худ бо шуурона бартарафкунии мухолифатҳои водоркуниро пайдо намояд. Ин хеле ҷараёни мушкил аст, ки онро на ҳамеша ҳал кардан мумкин аст. Дар ин ҷо ҳам ҳавасмандӣ нақши муҳим мебозад, зеро фақат фарди шавқманд роҳи ҳалли ҳар мушкилотро пайдо карда метавонад.
Билохира, ҳамаи хатоҳо аз он сар мезанад, ки муаллим бо мотивҳои ҳақиқии рафтори талабагон эътибор намедиҳад, ба воқеа сатҳӣ назар мекунад, фақат расман ба зоҳир, аксаран ба рафтори тасодуф эътибор медиҳад. Оё он метавонад бо ин ҳавасмандкуниҳои якхела ноили комёбиҳои устувор шавад? Дар гумон. Дар партави ҳавасмандонӣ даъвати омӯзонидани талабагон баҳри ҳосил кардани фикрҳои нав ба вуқуъ меояд.

















