Гул чист? Бордоршави чист? Гардолудшави чист?

Гул чист? Бордоршави чист? Гардолудшави чист?

Хок

Аз боби гул ва мева чиро фаҳмидед? Гул – навдаи кӯтоҳи шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухмӣ хизмат мекунад. Қисми меҳвари гул гулбанд буда, дар он ҳамаи узвҳои гул ҷой гирифтаанд.

Гул аз берун бо гулпӯш (пешгул) иҳота шудааст. Агар гулпӯш косабарг ва гулбарг дошта бошад, онро гулпӯши дучанда меноманд.

Агар дар гул танҳо гулбарг ё косабарг инкишоф ёфта бошад, онро гулпӯши сода меноманд. Дар баъзе рустаниҳо гул умуман гулпӯш надорад (гули бед, шунг).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар маркази гул қисмҳои асосии он: гардбарг ва мевадон ҷойгиранд. Гардбарг аз гарддон ва думча иборат аст, ки дар он гард инкишоф меёбад.

Мевадон аз се қисм (ҷузъ): ғӯра, сутунча, гардгирак иборат аст.

Гулҳоеро, ки дорои гардбарг ва мевадон мебошанд, гули дуҷинса меноманд. Агар гул танҳо дорои мевадон ё танҳо гардбарг бошад, гули якҷинса номида мешавад.

Агар дар гули рустанӣ мевадон ва гардбаргҳо бошад, рустаниро якхонагӣ ва агар танҳо гардбаргҳо ё мевадон бошад, духонагӣ меноманд. Тӯдагул (хӯшагул) сода ва   мураккаб мешавад. Ба тӯдагулҳои сода – хӯша, сӯтагул, сарак, қубба, чатрак, сипаргул ва ба тӯдагулҳои мураккаб ҷорӯбак дохил мешаванд.

Бордоршави чист?

Бордоршавӣ – ин воридшавии гард ба гардгирак мебошад. Дар табиат ду хели гардолудшавӣ: худгардолудшавӣ ва гардолудшавии дутарафа (ё аз четгардолудшавӣ) маълум аст.

Гардолудшавии дутарафа тавассути ҳашарот, парандаҳо, кӯршабпаракҳо ва шамол мегузарад. Гардолудшавии сунъиро инсон мегузаронад.

Баробари ба гардгираки мевадон фуромадани донаи гард, сабзиши он сар мешавад. Дар ин маврид аз гард гарднайча пайдо мешавад. Тухмдон бо рӯйпӯш иҳота шуда, дар дохили он халтаи ҷанинӣ инкишоф меёбад. Вай аз якчанд ҳуҷайра таркиб ёфтааст, ки муҳимтарини онҳо тухмҳуҷайра ва ҳуҷайраҳои марказӣ мебошанд.

Гарддонча ба самти халтаи ҷанин месабзад. Дар дохили нӯги он ду нутфа ҷойгир аст. Гарднайча ба халтаи ҷанин расида, нӯги он луоб шуда, аз гарднайча нутфаҳо баромада, якеаш бо тухмҳуҷайра омезиш ёфта, бордоршавӣ мегузарад ва зиготаро пайдо мекунад.

Нутфаи дуюм бо ҳуҷайраи марказӣ омезиш меёбад. Бо сабаби он ки дар як вақт ду нутфа ба ҳуҷайратухм ва ҳуҷайраи марказӣ омезиш меёбад, инро бордоршавии дучанда меноманд.

Баъди якчанд маротиба тақсимшавӣ аз зигота ҷанин ва аз ҳуҷайраи марказии бо нутфа омезишёфта – эндосперм инкишоф меёбад.

Аз пардаи тухммуғҷа пӯстлохи тухм инкишоф меёбад. Ҳамин тавр, дар натиҷаи бордоршавии дучанда тухм аз ҷанин, бофтаи захиракунанда (эндосперм) ва пӯстлохи тухм иборат аст, пайдо мешавад. Аз девори ғӯра мевапарда (пешмева) ҳосил мешавад ва он тухмро аз таъсири шароити номусоид муҳофизат мекунад.

Меваҳо ба меваҳои тар ва хушк, яктухма ва бисёртухма тақсим мешаванд. Ба меваҳои яктухмаи тар меваҳои донакдор ва ба бисёртухмаи тар (тармеваҳо) – себ, ба яктухмаҳои хушк – дон, тухмак, чормағз ва ба меваҳои бисёртухмаи хушк – ғилофак, шамшерак, кӯрак, ғӯза дохил мешаванд.

Паҳншавии меваҳо ва тухм тавассути шамол, об, ҳайвонот, одамон, инчунин худпаҳншавӣ ба амал меояд.

ҚаблӣХосил шудани тухм ва мева
БаъдӣАдабиёти форсии точики дар нимаи аввали асри XI (11)