Зиндагиномаи Боботохири Урён

БОБОТОҲИРИ УРЁН (тахминан 980 – тахминан 1055). Дигаргунии дигаре, ки дар муҳтавои адабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи аввали асри XI ба вуҷуд омад, ворид гаштани таълимоти сӯфигарӣ ба адабиёти бадеӣ буд. Яке аз аввалин шоироне, ки ин корро карда буд, Боботоҳири Урён мебошад.

Дар бораи Боботоҳири Урён ба ҷуз он ки чунин ном дорад ва дар шаҳри Ҳамадон зистааст ва дубайтию ғазал ба шеваи ҳамадонӣ гуфтааст, дигар маълумоти боэътимоде нест.

Му[1] аз рӯзи азал тоҳир бизодам,
Аз он рӯ ном Боботоҳир астам[2].

Номи Боботоҳири Урён дар миёни мардуми форсу тоҷик ба воситаи дубайтиҳояш маълум аст. Миқдори онҳо дар ҳудуди 300то буда, нисбат ба адабиёти китобӣ ба адабиёти даҳонӣ наздиктар мебошанд. Баробари хондан ва шунидани онҳо фавран ба хотир дубайтиҳои мардумони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мерасанд. Дар байни дубайтиҳои имрӯзаи мардумӣ миқдоре аз дубайтиҳое низ ҳастанд, ки ба Боботоҳири Урён нисбат дода мешаванд.

Агарчи намунаҳои дубайтӣ дар адабиёти китобатӣ ба назар мерасанд, дар асл навъи шеърии вижаи адабиёти шифоҳӣ мебошад ва маҳз аз он ба адабиёти китобатӣ ворид гардида, табиати хоси лафзию маънавии худро нигоҳ доштааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дубайтӣ мисли он ки дар даврони Боботоҳири Урён ва пештар аз он бо ҳамин вазни ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур – мафоӣлун, мафоӣлун, фаӯлун ё фаӯлон (v – – -/v- – -/v – – ё v – ~) дар ду байт ва дар баёни ишқ ва ҳол гуфта мешуд, имрӯз ҳам дар ҳамин қолаби суннатӣ суруда мешавад.

Боботоҳири Урён шоири ошиқ аст, ошиқи ёр, дилбарону хубони нозанин, лабшакару ёсуманбаре бо рӯю мӯйи хушу чашмони зебо, вале нисбат ба ошиқ бепарвою сангиндил, бевафою бетадбир мебошад. Аз ин рӯ дар дубайтиҳояш аз ғами ёр, ҷудоӣ, дурию маҳҷурӣ аз ӯ, аз ранҷи бепоён ва дарди бедармони худ ва бахти ошуфтааш сухан мекунад, ашк мерезад ва месӯзад.

Ду чашмунат пиёлай пур зи май бӣ[3],
Ду зулфунат хироҷи мулки Рай бӣ.
Ҳаме ваъда карӣ имрӯзу фардо,
Надунум[4] му, ки фардои ту кай бӣ?

Саре дорам, ки сомонаш намебу[5],
Ғаме дорам, ки поёнаш намебӯ.
Агар бовар надорӣ, сӯйи ман ой,
Бувин[6] дарде, ки дармонаш намебу.

Му, ки афсурдаҳолам, чун нанолам?!
Шикаста парру болам, чун нанолам?!
Ҳама гӯян[7]: «Фалонӣ нола кам кун»,
Ту ойӣ дар хаёлам, чун нанолам?!

Боботоҳири Урён гоҳе аз зӯри дарду ғами ишқ аз ёри бемеҳру вафо ва бераҳми худ пурсидааст, ки чаро ӯ, ки нӯшаш нест, нешаш ҳаст, ёраш нест, пешаш ҳаст, марҳам нест, намакпоши дили решаш ҳаст.

Та[8], ки нӯшам наӣ, нешам чароӣ?
Та, ки ёрам наӣ, пешам чароӣ?
Та, ки марҳам наӣ реши диламро,
Намакпоши дили решам чароӣ?

Шоир бо вуҷуди он тамоми дарду ранҷи ишқро таҳаммул кардааст ва бовар бар он дорад, ки аз касе, ки дард надорад, ишқ надорад, мурда ва аз диле, ки дарди ишқ надорад, афсурда авлотар аст:

Зи ҳар кӣ дард надора, мурда авло,
Дили бе дарди ишқ афсурда авло.
Саҳар булбул зана[9] ово ба гулбун,
Ки: «Ҳар кӣ ишқ надора[10], мурда авло».

Дар дубайтиҳои Боботоҳири Урён баёни мазмунҳои ошиқона ва орифона, ки дар гузашта онҳоро таносубан «ишқи маҷозӣ» ва «ишқи ҳақиқӣ» меномиданд, бо ҳам омезиш ёфтаанд. Шоир дар ин роҳ кори орифон Боязиди Бастомӣ (ваф. 874), Абӯсаиди Абулхайр (967/68 – 1049), Алии Бобокӯҳӣ (ваф.1050) ва Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (1006 – 1088) – ро давом додааст.

Боботоҳири Урён мисли ҳамаи онҳое, ки аз таълимоти ваҳдати вуҷуд пайравӣ мекунанд, дар тамоми мавҷудот ва махлуқоти олам таҷаллии нури ҳақиқати кул – Худоро мебинад ва мегӯяд:

Ба саҳро бингарам, саҳро та винам[11],
Ба дарё бингарам, дарё та винам,
Ба ҳар ҷо бингарам – кӯҳу дару дашт,
Нишон аз қомати раъно та винам.

Як шарти расидан ба ваҳдати вуҷуд бехудӣ, яъне худро аз тамоми дилбастагӣ ва алоқамандиҳо бо олами моддӣ озод кардан аст. Дар дубайтиҳои зерини шоир ишораҳо ба ҳамин ҳолати рӯҳонӣ ҷой дорад:

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,
Ҳар он чи дида бинад, дил кунад ёд.
Бисозам ханҷаре, нешаш зи пӯлод,
Занам бар дида, то дил гардад озод.

Му он мастам, ки по аз сар надунам[12],
Сару пое ба ҷуз дилбар надунам.
Дилороме, к-аз ӯ гирад дил ором,
Ба ҷуз аз соқии Кавсар надунам.

Дубайтиҳои орифонаи Боботоҳири Урён аз дубайтиҳои сӯфиёни дигаре, ки пеш аз ӯ ва ё ҳамзамон буданд, бо қавӣ будани заминаҳои мардумии худ, содагӣ ва садоқате, ки дар баёни ӯ ҳаст, фарқ мекунанд.

Қисми зиёди дубайтиҳои шоир дар баёни ҳоли парешону дарвешии худи ӯ мебошанд, ки ба гуфтааш на сар дошту на сомон.

Маро на сар, на сомон офариданд,
Парешонам, парешон офариданд.
Парешонхотирон рафтанд дар хок,
Маро аз хоки эшон офариданд.

Боботоҳири Урён, бинобар гуфтаи худаш, се дард дошт дар зиндагӣ, ки ба сараш якбора омада буданд: ғарибӣ, асирӣ ва ғами ёр. Дарди охир барояш аз дардҳои дигар мушкилтар афтодааст.

Мусулмонон, се дард омад ба якбор:
Ғарибию асирию ғами ёр,
Ғарибию асирӣ саҳл вою,
Ғами ёр мушкила, то чун шавад кор?!

Аз шеърҳои шоир бармеояд, ки ӯ дар ҷоеву манзиле қарор надошта, ҳамеша, дур аз ёру диёр дар ғарибӣ ва бекасӣ умр ба сар мебурдааст.

Му, ки сар дар биёбунум[13] шаву рӯз,
Сиришк аз дида борунум[14] шаву рӯз,
На таб дирам, на ҷоям мекунад дард,
Ҳамедунам[15], ки нолунум4 шаву рӯз.

Боботоҳири Урён мисли ҳамаи адибони пешина ҳоли бади худ дар зиндагиро аз дасти фалак (замона) медонад, бинобар ин рӯ ба он меорад ва аз он пурсон мешавад, ки чаро нисбат ба ӯ раҳме надорад, оҳу фиғонашро намешунавад, бори гаронашро сабуктар намекунад.

Фалак, дар қасди озорам чароӣ?
Гулам гар нестӣ, хорам чароӣ?
Та, ки боре зи дӯшам барнадорӣ,
Миёни бор сарборам чароӣ?

Фалак кай бишнавад оҳу фиғонам,
Ба ҳар гардиш занад оташ ба ҷонам.
Як умре бигзаронам бо ғаму дард,
Ба коми дил нагардад осмонам.

Шоир фалакро, замонаро аз сӯзи оҳи мисли худаш сӯхтадилон метарсонад, онро дуои бад мекунад ва ба истинтоқ даъват менамояд.

Кашам оҳе, ки гардун бехабар шӣ[16],
Дили девонаам девонатар шӣ.
Битарс аз сӯзи оҳи сӯтадилон[17],
Ки оҳи сӯтадилон коргар шӣ

Илоҳо, эй фалак, чун му забун шӣ,
Дилат ҳамчун дили му ғарқи хун шӣ.
Агар як лаҳзаам беғам бибинӣ,
Яқин дунум[18], к-аз ин ғам сарнигун шӣ.

Мухотаби дигари Боботоҳири Урён дар дубайтиҳояш «дил» аст. Дубайтиҳое, ки ӯ дар бораи дил гуфтааст, аз беҳтарин намунаҳои ин навъи шеърӣ буда, бидуни шак, пасон боиси дар адабиёти форсии тоҷикӣ ба вуҷуд омадани дилномаҳои зиёде шуданд, аз ҷумла дилномаҳои машҳури Абулқосими Лоҳутӣ ва Лоиқ.

Худоё, дод аз ин дил, дод аз ин дил,
Ки як дам му нагаштам шод аз ин дил.
Чу фардо додхоҳун[19] дод хоҳанд,
Бигӯям сад ҳазорон дод аз ин дил.

Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил,
Ба му доим ба ҷангӣ, эй дил, эй дил,
Агар дастам расад, хунат бирезам,
Бибинам, то чӣ рангӣ, эй дил, эй дил.

Андешаҳои шоиронаи Боботоҳири Урён дар бораи гузашти умр ва маънии зиндагиву марг низ ҷолиб ва арзишманд мебошанд. Шоир баҳору ҷавониро ба ҳам монанд медонад ва мегӯяд, ки мисли он ки баҳор меояду мегузарад, ҷавонӣ ҳам мегузарад ва сари қабри ҷавононе, ки гузаштанд, маҳвашони дигаре ба гулгашт хоҳанд омад.

Баҳор омад ба саҳрову дару дашт,
Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт.
Сари қабри ҷавонон лола рӯяд,
Даме, ки маҳвашон оян[20] ба гулгашт.

Боботоҳири Урён бо таъкиди гузарон будани умру ногузирии марг панд медиҳад, ки одамон дар зиндагӣ қадри ҳамдигарро бояд бидонанд.

Дарахти ғам ба ҷонам карда реша,
Ба даргоҳи Худо нолам ҳамеша.
Азизун,[21] қадри якдигар бидунед,
Аҷал санг асту одам мисли шиша.

Дар дубайтиҳои Боботоҳири Урён на танҳо маънию мазмун, балки лафзу маънӣ, тасвирҳо, забон ва сабки баён ҳам мардумист. Забонаш, таркиби луғавӣ, калимасозиву ҷумлабандиҳояш ҳама сода ва табиӣ, поку беғаш буда, тасвиру таъбирҳои шоиронааш низ мардумианд, на китобӣ, монанди:

Саҳаргоҳон ки ашкам лова[22] гира[23],
Зи оҳам ҳафт чарх олова[24] гира.
Чунон резам зи дида ашки хунин,
Ки гетӣ сар ба сар селова6 гира.

Ҳар он боғе, ки нахлаш сар бадар бӣ,
Мудомаш боғбун хунинҷигар бӣ.
Бибояд канданаш аз беху аз бун,
Агар бораш ҳама лаълу гуҳар бӣ.

Боботоҳири Урён дубайтие дорад ва дар он ба таври равшан ишора ба он кардааст, ки ӯ шӯр дорад, шар надорад. Дарвоқеъ, шеъри ӯ аз некӣ, зебоӣ, меҳру садоқат қисса мекунад ва ба он далолат мекунад, на ба бадию бадкорӣ ва барои ҳамин ҳам арзиш дорад.

Аз он дилхаставу синафигорам,
Ки гирён дар таҳи санги мазорам.
Бивоҷандам[25], ки та шӯре надорӣ,
Саропо шӯр дорам, шар надорам.


  • [1]   Му – ман.
  • [2]   Астам – ҳастам.
  • [3]   Бӣ – буд.
  • [4]   Надунум – надонам.
  • [5]   Намебу – намебошад.
  • [6]   Бувин – бубин.
  • [7]   Гўян – гўянд.
  • [8]   Та – ту.
  • [9]   Зана – зананд.
  • [10]   Надора – надорад.
  • [11]   Винам – бинам.
  • [12]   Надунам – надонам.
  • [13]   Биёбунум – биёбонам.
  • [14]   Борунум – боронам.
  • [15]   Ҳамедунам – ҳамедонам. 4   Нолунум – нолонам.
  • [16]   Шӣ – шавад.
  • [17]   Сўтадилон – сўхтадилон.
  • [18]   Дунум – донам.
  • [19]   Додхоҳун – додхоҳон.
  • [20]   Оян – оянд.
  • [21]   Азизун – азизон.
  • [22]   Лова – ҷорӣ, равон.
  • [23]   Гира – гирад.
  • [24]   Олова – алов, оташ. 6   Селова – селоб.
  • [25]   Бивоҷандам – бигўяндам.
ҚаблӣАдабиёти форсии точики дар нимаи аввали асри XI (11)
БаъдӣАдабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи дувуми асри XI ва асри XII (11-12)