Афкори ахлоқӣ дар таълимоти Имоми Аъзам (иншо)

Истиқлолият ба ҷомаи рӯ ба рушди тоҷикон имкони густурдае дар роҳи бузургдошт ва эҳтиром гузоридан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ фароҳам овард. Бо ибтикори сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2009 – соли гиромидошти Имоми Аъзам гувоҳӣ аз он медиҳад, ки арҷ ниҳодан ба арзишҳои динӣ, хусусан эҳтиром гузоштан ба шахсиятҳои таърихӣ дар болоравии ғояҳои миллӣ ва арзишиҳои фарҳанги миллӣ  пояҳои устувори худро хоҳад гузошт.

Имрӯз барои ҳар кас ин ҳақиқат пӯшида нест, ки дини мубини ислом омӯхтани илму донишро ба дараҷаи ибодат боло бурда, онро бар мусулмонон фарз гардонидааст, ки ин як навъ арҷгузорӣ ба илму олим аст.

Ривоят ва қиссаҳое, ки аз рӯзгору аҳволи пурнишоту пуртазоди пешвои мазҳабу фақеҳи равшанзамир Имоми Аъзам (раҳмати Худой бар ӯ) аз насл ба насл интиқол ёфтааст, ба гунаи раҳнамудҳои ахлоқист, ки аҳли башар аз мутолиаву бардошти он ҳамвора ниҳоди худро пероста медоранд. Зеро ин ҷӯяндаи роҳи ростин накӯтарину волотарин сифоти инсониро дар кирдору пиндори хеш  ғунҷонидааст.

Ҳар як фард новобаста аз ҳофизаи фавқулодаи фитрӣ доштан бе ҳидоят ва роҳбаладии устоде дар ҷодаи илм муваффақ намегардад. Аз ин ҷиҳат Имоми Аъзам ҳам бо ҷустуҷӯҳову ковишҳои пайгирона ва баҳрабардории лозима аз устодони хеш ба камолоти илмӣ ва ба дараҷаи устодӣ расидааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ривояте омадааст, ки боре Имоми Аъзам (р) бо ҳамсӯҳбатони худ сари роҳе менишаст. Ин замон яҳудбачае аз назди эшон бигузашт. Бузургвор Имоми Аъзам ба эҳтироми он писарак аз ҷой бархестанд чун ин ҳодиса чанд маротибаи дигар такрор ёфт, яке аз ҳозирон пурсид:

Шумо як шахси мусулмон ҳастед ва пешвои мо ҳисоб меёбед, ба эҳтироми ин яҳудбача аз ҷой бархестанатон чӣ маънӣ дорад?

Имоми Аъзам (р) гуфтанд:

– Падари ин яҳудбача устоди ман аст!

Ҳозирон бештар тааҷҷуб карданд ва як марди яҳуд ба пешвои мо чи гуна метавонад, ки устод бошад, – пурсиданд онҳо.

Посухи Имоми Аъзам чунин буд:

– Рӯзе дар роҳ сагбачаеро дидам, ки пешоб мекард вале аз одат як пои худро боло накарда буд. Тааҷҷуб кардам. Ин лаҳза марди яҳуд, яъне падари ҳамин писарак омад ва ба саволи ман ҷавоб гуфт:

– Саг то шашмоҳагӣ ҳангоми шошидан пои худро боло намекунад. Чун ба ман ин маъниро ёд дод, муаллими ман аст ва ман ӯрову дӯстони ӯрову аҳли байти ӯро мӯҳтарам медорам.

Ин ҳикоят ба тавзеҳ ва таҳлил эҳтиёҷ  надорад. Фақат моро вомедорад, ки бо дидаи такрим ва эҳтиром ба устодони худ эътимод ва эътиқод баста бошем, яъне дар ғоибу ҳозир бо қалбу нияти пок ёд аз номи ӯ намоем.

Алоқамандии Имоми Аъзам бо шогирдон ва ҳамнишинони худ дар ҷаласаи дарс ва хориҷ аз он доштааст, бозгӯи аз он мекунад, ки ӯ дар шинохт ва арҷгузорӣ ба шогирдон аз пешсафони замонаш будааст. Мундариҷаи афкори ахлоқии Имом Абӯҳанифаро андешаҳои волою пурарзиш зиннат бахшидаанд, ки фаҳму дарки он фикру зикри моро ҳамвора рӯшан медоранд. Зеро пандномаҳое ба мисли «Ту қадри ҳар касро бишнос», «Мардуми шарифу бошахсиятро азиз бидор», «Уламоро таъзим кун», «Ба бузургсолон эҳтиром бигузор», «Ҳамеша мадоро ва сабру таҳаммул пеша кун» ва ғайраву ва ҳоказо ба он талқин мекунад, ки дар сиришти худ хулқу атвори накӯро бипарварад ва ҳамзамонони хешро дар ин ҷода раҳнамо бошад.

Ҳарчанд ки дурдонаҳои панду ахлоқии Имоми Аъзам(р) ниҳоят кам ба ёдгор монда, вале аз қадри сухану дорои меъёри олии ахлоқӣ ва аз эътибору обрӯи баландро соҳиб будани гӯяндааш дарак медиҳанд. Дар зимн бояд биафзоем, ки суханони гуҳарбори ин фақеҳи тоҷиктабор то ҳанӯз аҳамияти тарбиявӣ ва маърифатии худро ҳифз карда меояд ва ин суханони ҳикматомез  ва ҳикматомӯзи Имоми соҳибарҷро то одаму олам ҳаст умри абад ҳамканори ӯст.


Афкори ахлоки дар  таълимоти  Имоми Аъзам, иншо, имоми аъзам абу ханифа, имоми аъзам.
ҚаблӣСимои занон дар эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ
БаъдӣОғози ҷанги дуюми ҷаҳон ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ