Ҳамворӣ. Хати рост. Нур

33

Сатҳи мизи корӣ, тирезаи хона, сатҳи оби кӯли ором ва ғайра дар назар ба ҳамворӣ монанд мебошанд. Фарқ танҳо дар он аст, ки ҳамворӣ дар ҳамаи самтҳо беҳудуд аст, аммо предметҳои номбаршуда қисми маҳдудро ишғол кардаанд.

Ҳамворӣ аз нуқтаҳо иборат аст. Аз мавзӯи Порча. Дарозии порча медонем, ки порчаи додашударо ба ду самт дароз кардан мумкин аст. Бинобар ҳамин, аз ду нуқта танҳо як хати рост гузаронидан мумкин асту бас.

Бо хаткашак порчаи АВ-ро пас аз нуқтаҳои А ва В давом дода, хати рости АВ-ро ҳосил намудан мумкин. Порчаи АВ як қисми маҳдуди хати рости АВ-ро ташкил медиҳад. Худи хати рост, ҳамчун ҳамворӣ номаҳдуд аст. Дар коғаз танҳо қисми охирноки он тасвир меёбад.

Аз нуқтаи дилхоҳи хати рост ба ду самт порчаҳои дарозиҳояшон дилхоҳро қайд кардан мумкин аст. Масалан, дар расми 23 аз нуқтаи А-и хати рост ба ду самт порчаҳои АВ ва АС-и дарозиҳояшон 1 см гузаронида шудаанд. Нуқтаи А миёнаи порчаи СВ мебошад.

Нуқтаи О хати рости АВ-ро ба ду ҳисса ҷудо мекунад. Ҳар яке аз ин қисмҳо нур номида мешавад (расми 24(а)).

Нуқтаи О ибтидои нур мебошад. Нур интиҳо надорад. Барои ифодаи нури дилхоҳ ду нуқта – ибтидо ва нуқтаи дигари он кифоя аст. Дар расми 24 (б) нури ОА аз нуқтаи О ибтидо гирифта, ба самти нуқтаи А равона шудааст.


Хамвори. Хати рост. Нур, хамвори чист? нур чист?