Мардуми форсизабон, аз он ҷумла, тоҷикон барои муайян кардани синну соли шахс ва баъзе корҳои дигар аз солшумории худ, ки «мулҷар» ном дорад, истифода мебаранд. Мулҷарро на танҳо мардуми форсизабон, балки мардуми зиёди мамлакатҳои Машриқзамин низ истифода мебаранд. Имрӯз он ба мамлакатҳои Ғарб низ роҳ ёфтааст. Ҳисоби мулҷар аз 12 сол иборат буда, ҳар кадоми он номи худро дорад. Он бо тартиби зайл сурат мегирад:

Соли мулҷар ҳар сол 21 март оғоз ёфта, то 21 марти соли ояндаро дар бар мегирад, яъне аз иди Наврӯзи феълӣ то иди Наврӯзи оянда давом мекунад.
Тарзи ҳисоби синну соли шахс аз рӯйи ин солшуморӣ хеле осон аст. Масалан, агар шахс баъди 20 марти соли 1953 таваллуд шуда бошад, пас солаш мор аст. Аз аввали соли 1953 то охири соли 1965, яъне аз аввали соли мори мӯлҷари гузашта то аввали соли мори мулҷари оянда ӯ 13-сола, то аввали соли мори мулҷари дигар – соли 1977 25 – сола мешавад.
Ҳангоми ҳисоби мулҷар мулҷари аввал 13 сол ва мулҷарҳои минбаъда 12-солӣ ҳисоб карда мешавад.
Ҳамин тариқ, агар шахс соли мулҷари таваллудашро донад, аз рӯйи ин ҷадвал синну соли вайро бе ягон мушкилие муайян кардан мумкин аст.
Солшумории мулҷар дар илми таърих кам истифода бурда мешавад.