Назаров Аҳтам Пулотович

Назаров Аҳтам Пулотович
Назаров Аҳтам Пулотович

Назаров Аҳтам Пулотович

Доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технологияи рақамӣ ва амнияти киберии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон

Эҷодгари методи Пулот барои санҷиши объективонаи донишҳо аз фанҳои математика, информатика ва физика ва сабукгардонии меҳнати омӯзгор

Назаров Аҳтам Пулотович, 21-уми январи соли 1969 дар шаҳри Орҷоникидзеободи ҶШС Тоҷикистон (ҳозира шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Солҳои 1976-1986 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи В.В. Терешкова таҳсил намудаст. Дар давоми даҳ соли таҳсил аз фанҳои математика ва физика доимо баҳои аъло мегирифт. Пас аз хатми мактаби миёна ҳамон сол ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, моҳи октябри соли 1986 бо хоҳиши худаш ба шӯъбаи математикаи факултети механикаю математикаи донишгоҳи мазкур гузаронида шуд. Аз моҳи июл то моҳи декабри соли 1987 дар сафи Флоти Ҳарбӣ-Баҳрии ИҶШС дар шаҳри Северодвински вилояти Архангелск дар хизмати ҳарбӣ буд. Баъдан таҳсилро давом дод. Дар давоми панҷ соли таҳсил бо баҳои аъло таҳсил карда, аз курси сеюм аъзои шӯрои олимони факултет буд. Боре бо стипендияи Ленинӣ сазовор гардидааст. Аз соли чоруми таҳсил баробар фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи В.И. Ленин ба ҳайси омӯзгори фанҳохи математика ва информатика оғоз кард. Соли 1991 донишгоҳро бо баҳои аъло (бе дипломи сур) хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин мактаб давом дод. Дар синфҳои 5-11 таҳсилашон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дарс мегуфт. Солҳои 1992-1998 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон низ фаъолияти илмӣ кардааст ва дар ҷамъбасти ҳарсолаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сазовори ҷойи аввал мегардид. Солҳои 1993-1996 дар аспирантураи ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ғоибона таҳсил карда, 29-уми майи соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Активизации обучения геометрии в 7-9 классах средней школы на основе использования компьютера” (“Фаъолгардонии таълими геометрия дар синфҳои 7-9 мактабҳои миёна дар асоси истифодабарии компютер”) таҳти роҳбарии Узви вобастаи академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нугмонов Мансур ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ (13.00.02) оид ба методикаи таълими математика ва информатика гардидааст. Аълочии маориф ва илми ҶТ мебошад. Дар давраи фаъолияти омӯзгориаш шогирдони зиёдеро тарбия карда, сабақи илм омӯзонидаст. Зиёда аз 10 нафар шогирдонаш мактабро бо медалҳои тилло ва нуқра хатм кардаанд, аз ҷумла Ҷӯраев Фурқат, Шарипова Умеда, Раҳматуллоев Манучеҳр, Абдуллоева Зарина, Черкасов Сергей, Гулмуродова Рафоат, Назарова Наргис ва дигарон. Аксар шогирдонаш равияи илмиашро интихоб кардаанд ва мактабҳои олиро хатм кардаанд (Раҳматуллоев Манучеҳр – соли 1999 факултаи механика ва математикаро бо дипломи аъло хатм кард, аз курси 3 то 5 гирандаи стипендияи Президентӣ буд; Суворова Лада ва Рощина Аксана факултаи информатикаи Донишгоҳи авиатсионии шаҳри Москваи ФР –ро соли 1997 бо дипломи аъло хатм кардаанд; Абдукаримов Маҳмадсалим соли 2009 факултети механика ва математикаро бо дипломи аъло хатм кард, аз курси 3 то 5 гирандаи стипендияи Ориёнбонк буд. Ҳоло доктори илмҳои физ.мат., профессор, Мудири кафедраи математикаи ҳисоббарории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва дигарон).

Аз моҳи феврали соли 1995 ба кор ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ОРИЁНБОНК» гузашт. Дар мактаб низ ҳамчун ҳамкор-соатбайъ фаъолият мекард. Дар Ориёнбонк то ба вазифаи Сармуҳандис-барномасоз фаъолият кард. Аз августи соли 2007 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи В.В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат, аз 01.09.2012 с. дар литсейи ба номи Темур Собирови ш. Ваҳдат ва аз 01.10.2015 с. дар гимназияи ба номи А. Балъамии ш. Ваҳдат фаъолият дорад, ҳоло дар шакли ҳамкор. Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТОҶПРОМБОНК» низ кор мекард. Аз 01.01.2013 с. то 01.10.2015 с. дар ҶСК “Соҳибкорбонк” дар вазифаи Директори Департаменти технологияи информатсионӣ фаъолият кард.

Аз моҳи августи соли 2015 инҷониб дар кафедраи Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, аввал дар вазифаи муаллими калон, баъдан дотсент ва профессор фаъолият дошт. Дар коллектив обрӯйи баландро дорост. Дарсҳояшро дар сатҳи баланд ташкил карда, мегузаронад. Аз санаи 16 августи соли 2024 то 31 январи соли 2025 мудири кафедраи Технологияи информатсионӣ ва коммуникатсиониро ба ӯҳда дошт ва аз 01.02.2025 сол дар вазифаи профессори ҳамин кафедра фаъолият намуд. Аз моҳи августи соли 2025 то ҳол профессори кафедраи технологияи рақамӣ ва амнияти киберии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Докторанти ДДОТ ба номи С. Айнӣ буд. Диссертатсияи докториашро ҷамъбаст намуда, санаи 24.06.2023 сол дар Шурои диссертатсионии якдафъаинаи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ҳимоя намуда (Мушовири илмиаш профессор Нугмонов Мансур), сазовори дараҷаи илмии Доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 (Методикаи таълими математика ва информатика) гаштааст.

Офаридааш дар ин ҷо – Методикаи коркарди барномаҳои компютерӣ, ки тавассути он ба дониши хонандагон бо ёрии компютер ва бе иштироки омӯзгор баҳои объективона гузошта шуда, хонандагон натиҷаҳои ҳалли мисолу масъалаҳоро аз ҳамдигар кӯчонида наметавонанд. Номбурда методи Пулотро эҷод кардааст, ки ба оъективияти санҷиши дониши хонандагон аз фанҳои математика, информатика ва физика равоа гардидааст. Методи Пулот дар хориҷи кишвар низ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белоруссия ва Узбекистон эътироф гардида, натиҷаҳои мусбатро ба даст овардааст. Бо истифода аз ин метод барномаҳои зиёди компютериро сохта, ҷорӣ кардааст ва соҳиби 15 (понздаҳ) шаҳодатнома ба ҳуқуқи муаллифии барномаҳои компютерӣ ҳаст. Ин барномаҳоро ройгон аз баъзе сомонаҳо, масалан donishju.net, mjtik.tj дастрас намудан мумкин аст. Бо истифода аз он барномаҳои компютериеро месозанд, ки он барномаҳои компютерӣ барои дар сатҳи баланди объективона гузаронидани корҳои санҷишию назоратӣ мусоидат мекунанд ва меҳнати омӯзгори фаннӣ хело сабук мегардад. Ин барномаҳо аз барномаҳои санҷиши тестӣ ба кулли фарқ дошта, аз ягон пойгоҳи додаҳо вобаста нестанд. Дар заминаи ҳамин методи офаридааш диссертатсияи докториашро ҳимоя кардааст.

Муаллифи зиёди комплексҳои таъминоти барномавии компютерӣ мебошад, ки ҳама коркардҳои худаш мебошанд, аксари онҳо то ҳол дар мактабҳо ва бонкҳо амал мекунанд. Дар ин ҷо низ шогирдони зиёде тайёр кардааст. Муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмӣ-методӣ, 20 китобу дастурҳои таълимию методӣ, 3 китоби дарсӣ ва 4 монографияи илмӣ мебошад. Муаллифи китоби дарсии калонҳаҷми Методикаи таълими информатика (462 саҳифа, андозаи чопии А4) мебошад, ки дар Осиёи марказӣ ягона аст (дар сомонаҳои donishju.net, kitobhon.net дастрас аст). Муаллифи китобҳои дарсии калонҳаҷми “Барномасозӣ ва дизайни барномавӣ дар забони PascalABC.Net” (756 саҳифаи А5) ва “Барномасозӣ ва дизайни барномавӣ дар забони C++ Builder” (қисми якумаш 328 с.) ва дастури методии “Ибтидои баномасозӣ дар забони Python” мебошад. Номбурда муаллифи аввалин барнома ва нақшаи тақвимии фанни Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарор (соли 1992) мебошад. Номбурда аввалин ва ягона шахс ва олимест, ки ҳам диссертатсияи номзадӣ ва ҳам диссертатсияи докториашро дар собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз рӯйи ду ихтисоси илмӣ – методикаи таълими математика ва методикаи таълими информатика ҳимоя намудааст.

Бо ташаббус ва ҳиссагузориаш аксар мактабҳои шаҳри Ваҳдат дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бо компютерҳо таъмин гардида буданд. Доимо барои хонандагон ва омӯзгорон семинарҳои илмӣ-методӣ мегузаронад. Аз ҷумла, дар шаҳри Ваҳдат моҳи ноябри соли 1993 курси кӯтоҳмуддат барои омӯзгорони информатика, моҳи майи соли 2010 семинарро бо номи «Компютер дар дарс» барои омӯзогорони фанҳои гуногун ва амсоли инҳоро гузаронидаст.

Ҳамчун шахси хайрпараст, доимо хонандагони ҷавони лаёқатмандро дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, 1-2 апрели соли 2011 аз ҳисоби пасандозҳои шахсии худ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи В.В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат олимпиада аз фанҳои математика ва информатика байни хонандагони синфҳои 10-11 шаҳрро зери шиори «Аз Умар то Шодию Темур» гузаронид. Олимпиада ба ёдбуди доктори илмҳои физика ва математика, профессор Темур Собиров ва математик, омӯзгори сол – 1997 Шодӣ Қурбонов бахшида шуда буд. 3-юми марти соли 2012 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи В.В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби шахсии худ олимпиадаро бо номи «Падар ва Модар – шоҳсутуни зиндагӣ» дар байни хонандагони синфҳои 4-уми ҳамин мактаб гузаронд. Дар олимпиада зиёда аз 20 нафар хонандагони синфи 4 иштирок намуда, шеъру сурудҳои калонҳаҷм дар васфи падар ва модарро қироат карданд. Ба ҳамаи иштирокчиёни олимпиада аз ҳисоби худаш тӯҳфаҳои хотиравии арзишнок супорид. Бори дуюм олимпиадаро бо номи «Падар ва Модар – шоҳсутуни зиндагӣ» дар байни ҳама хонандагони гимназияи ба номи А. Балъамии шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби маблағҳои пасандозии худ гузаронида, ба ҳама иштирокчиён, ки 85 нафар буданд, туҳфаҳои молиявӣ ва сипосномаҳо тақдим кард.

Дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ низ конференсияҳои илмиро ташкил карда, мегузаронад. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2020 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методиро оид ба рушди илми информатика ташкил намуда, гузаронд ва маҷмӯаашро аз чоп баровард. Бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмиашон дарсҳои кушоди эксперименталиро ташкил карда, мегузаронанд, ки дар он дарсҳо олимону омӯзгорони дигар муассисаҳо низ иштирок мекунанд.

Айни замон роҳбари илмии аспирантон ва унвонҷӯёни дараҷаи илмии номзад ва доктори илм буда, шогирдонаш диссертатсияҳояшонро бо муваффақият ҳимоя намудаанд. Узви Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва шуроҳои якдафъаинаи назди Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н. Хусрав мебошад. Узви ҳайати таҳририяи Паёми филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе буд. Ҳоло аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Дидактика математики” -и Донишгоҳи давлатии Донетскийи Ҷумҳурии халқии Донетскийи Федератсияи Россия мебошад, ки маҷаллаи илмии байналмилалӣ ва тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аст.

Шахси меҳнатдӯст, қавиирода ва ҳақиқатпарасту сахтгир аст.

Китобҳои Назаров Аҳтам
Барномаҳои санҷишии компютерии бо методи Пулот сохташуда

ҚаблӣШоҳбайтҳо аз китоби “Баҳор гул бишуморем…”-и Озар Салим