Аҳмад ибни Муҳаммади Ғазолӣ. Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна

Ахмад ибни Мухаммади Газоли. Фалсафаи точик дар асрхои миёна. Ақидаҳои фалсафии Аҳмади Ғазолӣ. Акидахои фалсафии Ахмади Газоли.


Тасаввуфи исломӣ дар асри XI низ хеле доман густурда буд, вале аз сабаби бисёр номуайян будани муҳити илмию маънавӣ намояндагони тасаввуфи ин давр аз якдигар дар орою салиқа фарқ мекарданд. Вобаста ба самти андешаашон мутасаввифини ин асрро ҳар хел ном мениҳоданд. Масалан, Абулҳасани Харақониро орифи шаттоҳ ва сӯфии шӯридаҳоли маст, Абӯсаиди Абулхайрро аз зумраи орифони ифротии ваҳдати вуҷуд, Бобо Тоҳирро чун ошиқ ва сарояндаи пурсӯзтарин дубайтиҳо ва Аҳмади ғазолиро чун гӯяндаи завқу шӯри ҳол ва вассофи ишқ ба қалам додаанд. Аз миёни орифони зикршуда Абдулфутӯҳ Аҳмад ибни Муҳаммади Ғазолӣ (1064-1126) дар тасаввуфи исломии асри XI мавқеи намоён дорад.

мутафаккирест, ки бори аввал чандин масоили суфияро пешниҳод намуда, барои орифони баъдӣ ба ҳайси пешвои тариқат ва ҳамчун пири маънавӣ хизмат намудааст. Аҳмади Ғазолӣ яке аз орифони сермаҳсул дар таърихи тасаввуфи исломӣ маҳсуб мешавад. Рисолаҳои «Савонеҳ-ул-ушшоқ», «Баҳрулҳақиқа», «Айния», «Маҷолис», «Рисолат-ут-тайр», «Мактубот» ва ғайраҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Аҳмади Ғазолӣ аввалин мутафаккирест, ки рисолаи ишқии ирфониро ба забони форсӣ навиштааст ва ҳамчунин бори нахуст ҳафт марҳилаи тариқати тасаввуфро муайян кардааст, «ва акнун бигӯем: баҳри аввал- маърифат аст ва гавҳари вай яқин аст, баҳри дуввум- ҷалол аст ва гавҳари вай ҳасрат аст, баҳри сеюм- ваҳдоният аст ва гавҳари вай ҳаёт аст, баҳри чорум- рубубият аст ва гавҳари вай бақо аст, баҳри панҷум- ваҳият аст ва гавҳари вай висол аст, баҳри шашум- ҷамол аст ва гавҳари вай риоят, баҳри ҳафтум- мушоҳида аст ва гавҳари вай фақр аст» (Аҳмади Муҷоҳид. Маҷмӯаи осори форси Аҳмади Ғазолӣ.-Теҳрон 1370. — саҳ.13).

ҚаблӣСаноии Ғазнавӣ. Айнулқузот. Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна
БаъдӣФариддудин Аттори Нишопурӣ. Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна