Сохти ғуломдорӣ дар Рум. Истисмори ғуломон. Ислоҳоти бародарон Гракхҳо. Шӯриши Спартак. Арриан дар бораи шӯриши Спартак. Шикасти Спартак.
ИСТИСМОРИ ҒУЛОМОН
Ғуломдорони Рум қисми зиёди сарватҳои вилоятҳои ғоратшударо аз худ мекарданд. Асиронро ба ғуломони худ табдил медоданд. Дар натиҷаи ҷангҳои ғоратгаронаи Рум шумораи ғуломон торафт зиёд мешуд. Дар ҳавзаи баҳри Миёназамин бозорҳои ғуломфурӯшии зиёд мавҷуд буданд. Дар онҳо ҳар рӯз ҳазорон нафар ғуломонро мефурӯхтанд.
Меҳнати ғуломонро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Рум истифода мебурданд, аз ҷумла дар зироатпарварӣ, боғу токпарварӣ, косибӣ ва ғайра.

Ғуломон ягон ҳуқуқ надоштанд. Онҳо моли шахсии ғуломдорон буданд. Ғуломдорон онҳоро метавонистанд зананд, фурӯшанд, туҳфа кунанд ва ё бикушанд. Ғуломон ҳатто ном надоштанд. Баъд аз ғулом шудан номашро ба забон намегирифтанд. Онҳоро мувофиқи ҷойи баромадашон араб, финиқӣ, юнонӣ ва ғайра ном мебурданд. Дар Рум ғуломонро асбобҳои кории «гӯё» меномиданд. Ғуломони мурдаистодаро ба ҷойи дурдасте бурда мепартофтанд.
Ғуломон барои ғуломдорон яке аз воситаҳои дилхушӣ ҳам буданд. Ғуломони боқувватро дар мактабҳои махсуси гладиатории худ, ки «мактаб-зиндон» номида мешуданд, ҷанги тан ба танро меомӯзонданд. Баъди чанде онҳоро дар амфитеатр бо ҳам ҷанг меандохтанд. Соҳиби гладиатори ғолиб маблағи калон ба даст медаровард.

Ҷанги гладиаторҳо дар Рум хеле машҳур буд. Барои тамошои он тамошобинони зиёд ҷамъ меомаданд. Дар муҳориба ҳамон гладиаторе ғолиб дониста мешуд, ки рақибашро мекушт. Ғолиб соҳиби гладиатори дар муҳориба ғолибомада ҳисоб мешуд. Соҳиби гладиатори ҳалокгардида пулу мол ҳам бой медод. Сипас гладиатори ғолиб боз ба зиндон баргардонда мешуд.
ИСЛОҲОТИ БАРОДАРОН ГРАКХҲО
Соли 133 пеш аз милод Маҷлиси халқӣ яке аз бародарон Гракхҳо – Тиберийро, ки аз Гай калонтар буд, трибуни Рум интихоб кард. Ӯ дархост намуд, ки дар бораи замин қонуни нав қабул карда шавад. Мувофиқи лоиҳаи қонуни Тиберий Гракх ҳар як оила набояд аз 250 гектар зиёдтар замин дошта бошад.
Дар натиҷаи чунин маҳдудкунии заминдории калон, заминҳои холии бисёре пайдо мешуданд, ки онҳоро ба деҳқонони безамин ва камзамин додан мумкин мешуд. Инчунин лоиҳаи қонуни Тиберий фурӯхтани замини деҳқононро манъ кард. Ин кор бар зарари ғуломдорон буд. Аз ҳамин сабаб Сенат пешниҳоди Тиберийро қабул накард.
Овозаи лоиҳаи қонуни Тиберий ба тезӣ дар Рум ва мулкҳои дурдасти он паҳн гардид.
Ҳазорон кишоварз дар назди Форум ҷамъ омада, аз Тиберий талаб карданд, ки ӯ қатъӣ рафтор кунад, то ки ин қонун қабул карда шавад. Дар худи ҳамин ҷо Маҷлиси халқӣ даъват карда шуд. Ҳозирон қонуни пешниҳодкардаи Тиберийро бо як овоз қабул карданд.
Маҷлиси халқӣ барои татбиқи қонуни қабулшуда бо сардории Тиберий комиссияи махсус ташкил кард. Дере нагузашта сенаторҳо Тиберий Гракхро туҳмат карданд, ки гӯё ӯ ҷумҳурии Румро барҳам доданӣ бошад. Онҳо Тиберий ва садҳо тарафдорони вайро қатл карда, ба дарёи Тибр партофтанд. Баъди ин дар байни халқ обрӯй ва эътибори Сенат ниҳоят паст шуд. Аксари сенаторҳо ҳатто маҷбур шуданд, ки Румро тарк карда, ба музофотҳо рафта зиндагӣ кунанд.
С оли 123 пеш аз милод Маҷлиси халқӣ Гай Гракхро трибуни нав таъйин кард. Ӯ ҳокимияти Сенатро маҳдуд карда, ба халқи одӣ имкон дод, ки дар идоракунии Рум иштирок кунад. Деҳқонони безамин ва камзамин соҳиби замин шуданд, вале баъд аз ба охир расидани муҳлати трибунӣ румиҳои ашроф бар зидди Гай Гракх суиқасд ташкил карда, ӯро куштанд. Баъд аз ин хариду фурӯши замин дар Рум аз нав иҷозат дода шуд. Аҳволи кишоварзон мисли пештара аз нав бад шуд. Аз ин сабаб, дар охирҳои асри II пеш аз милод Сенат ва Маҷлиси халқӣ қарор мекунад, ки мардуми безамин ба лашкар сафарбар карда шаванд.
ШӮРИШИ СПАРТАК
Шӯриши Спартак (солҳои 73-71 пеш аз милод) дар мактаби гладиатории шаҳри Капуя ба амал омадааст. Соли 74 пеш аз милод якчанд нафар ғулом забон як карда, шабона аз маҳбас-мактаби асирони гладиаторӣ гурехта, дар кӯҳи Везувий пинҳон мешаванд. Ба шӯриш Спартак ном ғуломи фракиягӣ, ки одами боқувват, доно ва нотарс буд, роҳбарӣ мекард. Спартак ва ҳамроҳонаш ба шӯриш ғуломони гирду атрофро низ ҷалб намуданд.

Ҳамин тариқ, шӯриши калонтарини ғуломон дар Рум оғоз ёфт. Шӯришгарон ба хонаҳои ғуломдорон зада даромада, онҳоро кушта ғуломонашонро озод мекарданд. Шумораи ғуломони шӯришбардошта рӯз то рӯз зиёд мешуд. Садҳо ғуломоне, ки касби силоҳсозиро хуб медонистанд, дар урдугоҳи шӯришчиён силоҳ ва сипару ҷавшан месохтанд.
Аз авҷи шӯриш Сенат, Маҷлиси халқӣ ва консулҳою ғуломдорон сахт тарсида, барои пахши он камар бастанд. Румиҳо Марк Красс ном ғуломдорро сарлашкари худ таъйин намуданд. Ба назари онҳо қувваҳояшон кам намуд. Аз ин сабаб аз Испания Помпей ном лашкаркаши дигари номиро бо лашкараш ба Рум даъват карданд.
Спартак қарор дод, ки аввал Крассро торумор кунад. Ба ӯ якчанд зарба ҳам зад. Дар сурати ба Рум расида омадани Помпей қувваҳои румиҳо бартарӣ пайдо мекарданд. Барои ҳамин Спартак ба ҷануби Италия равон шуда, хост, ки дар ҷазираи Ситсилия ғуломонро ба шӯриш бархезонад. Лашкари ғуломдорони Рум пеши роҳи шӯришгаронро гирифтанд. Соли 71 пеш аз милод шӯришгарон дар муҳорибаи охирини худ шикаст хӯрданд. Спартак дар майдони ҷанг ҳалок шуд.
АРРИАН ДАР БОРАИ ШӮРИШИ СПАРТАКСпартак наздики ҳафтод нафар рафиқони худро розӣ кунонд, ки баҳри озодӣ таваккал кунанд. Ӯ дар баробари ин иброз дошт, ки аз ҷони худро дар театр ба зери хатар мондан, ба посбонон ҳамла оварда, ба озодӣ баромада, аз шаҳр фирор кардан беҳтар аст. Гладиаторҳо бо калтаку ханҷарҳои аз мусофирони тасодуфӣ кашида гирифта мусаллаҳ шуда, ба тарафи кӯҳи Везувий рафтанд… ШИКАСТИ СПАРТАК…Муҳорибаи бузургтарин ба амал омад, ки он дар натиҷаи чанд бор шикастхӯрии румиҳо ниҳоят даҳшатнок буд. Дар муҳориба шумораи зиёди одамон иштирок карданд. Спартак, ки бо найза аз ронаш захмӣ шуда буд, ба зону нишаста, сипарро дар пеши рӯй гузошта, ҳамлаи душманонро зада мегардонд. Ӯ ин корро то аз пой афтиданаш давом дод ва бо ҳамроҳии одамони зиёди вайро иҳотакарда ҳалок гардид. Лашкари боқимондаи ӯ, ки пурра дар ҳолати бетартиб қарор дошт, кушта шуданд. Мегӯянд, ки шумораи фавтидагонро муайян кардан мумкин набуд. Румиҳо қариб 1000 нафарро талаф доданд. Ҷасади Спартак ёфта шуд. Теъдоди зиё- ди спартакиён дар кӯҳҳо пинҳон шуда буданд, ки ба он ҷо баъди муҳориба гурехта буданд. Красс ба сӯйи онҳо ҳаракат кард. Спартакиён ба чор ҳисса ҷудо шуда, ҳуҷумҳои Крассро зада мегардонданд, то он вақте ки ҳамаашон ҳалок гардиданд, ғайр аз 6000 нафар, ки ба даст афтиданд ва дар канори роҳ аз Капуя то Рум овехта шуданд. |
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Ғуломонро дар Рум чӣ тавр истисмор мекарданд?
- Кадом ғуломонро «гладиатор» меномиданд?
- Дар бораи ислоҳоти замини бародарон Гракхҳо маълумот диҳед.
- Чаро лоиҳаи қонун дар бораи заминро, ки Тиберий Гракх пешниҳод карда буд, Сенат қабул накард?
- Гай Гракх доир ба ислоҳоти замин дар Рум чӣ корҳо кард?
- Тақдири ислоҳоти замини бародарон Гракхҳо чӣ шуд?
- Дар бораи рафти шӯриши ғуломон бо сардории Спартак нақл кунед.
- Шӯриши Спартак кай ва чӣ тавр шикаст хӯрд?






















