Кобилият ва фаъолият / Қобилият ва фаъолият

Кобилият танхо дар процессии фаъолияти муайян ошкор мешавад. Одамро дар фаъолият мушохида накарда, дар бораи кобилият доштан ё надоштани у хулоса баровардан мумкин нест. Агар бача то хол акаллан бо намудхои одитарини фаъолияти мусики машгул нашуда бошад, агар то хол ба у мусики наомузонда бошанд, он гох мо дар бораи ба мусики кобилият доштани у чизе гуфта наметавонем.

Танхо дар рафти таълими мувофик (ки он бояд дуруст бошад) ошкор мешавад, ки кобилияти мусикии у чи гуна аст, дар у хиссиёти оханг, тасаввуроти шунавои, хотираи мусики зуд  ва осон, суст ва ё бо душвори ташаккул меёбанд. Кобилият дар фаъолияти муайян на танхо зохир мешавад, балки таракки хам мекунад. Одам нисбат ба ин ё он фаъолият кобилиятнок таваллуд намешавад, кобилияти у дар рафти фаъолияти дуруст ташкил карда шуда ташаккул меёбад ва таракки мекунад.Таракиёти кобидият берун аз фаъолияти махсус вучуд дошта наметавонад.

Кобилиятхои одамон дар фаъолияте, ки ба каноат кунонидани талабхои онхо нигаронида шуда буд, таърихан ба вучуд омадаанд ва таракки кардаанд. Дар рафти тараккиёти таърихии фамъияти инсони талаботи нав пайдо мешуд, одамон сохахои нави фаъолиятро ба вучуд меоварданд ва бо хамин барои инкишофи кобилияти нав замина мугузоштанд. Масалан, дар давраи мо талаби аз худ намудани фазои кайхон ва сохаи тамоман нави фаъолияти одам – фаъолияти кайхоннаварди пайдо шуд. Талаботи ташаккул додани кобилияти махсуси парвозхои кайхони ба вучуд омад ва чунин кобилият дар шахсоне, ки ба номзадии гурухи космонавтхо кабул шудаанд, инкишоф дода мешавад.

Кайд кардан  лозим аст, ки кобилият, аз як тараф, ва донишу махорату малакахо, аз дигар тараф, ба хам зич ва ба таври чудонашаванда алокаманд мебошанд. Яъне, кобилият ба таври чудонашаванда алокаманд мебошанд.Яъне , кобилият ба дониш ва махорату малака вобаста аст, яъне кобилият дар баробари хосил намудани дониш ва махорату малака таракки мекунанд, ташаккульёбию тараккиёти онро низ аз рафти азхудкунии дониш ва махоратумалакахои муайян чудо кардан гайриимкон аст. Аз тарафи дигар, дониш ва махорату малакахо ба кобилият вобастаанд, зеро ба даст овардани дониш ва махорату малака дар катори дигар шартхо (масалан, сифати таълим), ба хусусиятхои индивидуалии психологии талаба хам вобаста аст. Кобилият имконият медихад, ки дониш ва махорату малакахои муайян зудтар, осонтар, муставхкамтар ва чукуртар аз худ карда шаванд. Масалан, дар баробари азхудкунии дониш ва махорату малакахои математики, аз як тараф,чунин кобилият, монанди хотири математики, тасаввуроти фазогии геометрии, тафаккури мантики ва гайра таракки мекунад. Аз тарафи дигар, хангоми мавчуд будани хотири хуби математики ва кобилияти тафаккури мантики вазифаи аз худ намудани математика, кори дар хамин соха хосил намудани дониш ва махорату малака осонтар, зудтар ва нисбатан бомуваффакият ичро мешавад.

Вале кобилият ва донишу махорату малакахоро айнан як хел пиндоштан хатои дагале мубуд. Дониши кифоя надоштан ва ин ё он корро ичро карда натавонистан чунин маъно надорад, ки одам бекобилият аст. Муаллиме, ки дар асоси камбудихои дониши талаба ва ба донишу махорати зарури сохиб набудани у дар бораи кобилият надоштани талаба саросема ва руяки хулоса мебарорад, ба хатои чидди рох медихад. Аммо хангоми ба дониш ва махорату малакаи талаба бахо додан кобилияту имкониятхои уро ба эътибор гирифтан комилан равост. Айнан як натичаи фаъолияти таълими дар як маврид метавонанд боиси пайдо шудани норозигии муаллими ботачриба гардаду ( «Ту кам дарс тайёр мекуни, аз ту зиёдтар умед  доштем») ва хам боиси тахсини у шавад («Натичаи кори ту назар ба аввала хеле бехтар аст. Ту аллакай ба комьёбихои муайяне ноил гаштаи»).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМафҳуми қобилият / Мафхуми кобилият
БаъдӣЗаминаи табиии тараккиёти кобилият