Интернет ва фарҳанги истифодаи он

Интернет ва фарханги истифодаи он.

 

Бо пайдоиши интернет ва густариши он дар саросари ҷаҳон иттилоотрасонӣ хеле осон гардид. Интернет марзҳоро қабул надорад ва як фазои озоду танзимношуда аст. Зеро дар он мо бо тамоми намудҳои иттилоот яъне маълумотҳои дурусту нодуруст ва мусбату манфӣ дучор мегардем. Муошират дар интернет дар байни тамоми табақаҳои аҳолии сайёра, махсусан наврасон ва ҷавонон, хеле маълуму машҳур гаштааст.

Ҳукумати кишвар барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад.

Зимни дар амал татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмини амнияти иттилоотӣ ва умуман амнияти миллии давлат бояд дар мадди аввал бошад. Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон, паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла Интернет, васеъ истифода менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишва Дар интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоии он, машғулиятҳои шавқовару саргармкунанда, монанди муносибат бо дӯстон ва пайдо кардани “ДӮСТОН”-и нави интернетӣ, навору аксҳои хушҳолкунандаву хандаовар, хабару гузоришҳои нав ба нав аз тамоми гӯшаву канори дунё, бозиҳои гуногунжанр, забономӯзӣ, китобхонӣ ва ғайраро метавон дастрас кард. Аммо ҳамаи ин дастовардҳо, ки насли наврасро бидуни ихтиёраш ба худ ҷалб месозад, ҷанбаҳои манфӣ низ дорад. Яъне, кӯдакон ва ҷавонон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ “ДӮСТОН”-и бад пайдо намоянд, акси экстремистиву террористиро тамошо кунанд, хабарҳои бардурӯғро дарёфт намоянд, ки ин метавонад онҳоро аз масири дурусти инсонгароӣ хориҷ гардонад.

ибрози назар намуданд, ки: «Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад».

Гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар шабакаҳои интернетӣ бо суйистифода аз дину мазҳаб ҷавононро барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ даъват менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намудаанд:

«Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст».

Агар ба дини ислом назар намоем, мебинем, ки ислом ба чунин падидаҳои номатлуб комилан зид буда, ҳамеша онро зери тозиёнаи танқид гирифтааст: «Дар дин ҷабр кардан (раво) нест» гуфтааст Худованд дар ояти 256-уми сураи «Бақара». Агар ба ояти мазкур диққат карда шавад, маълум мегардад, ки маҷбурсозӣ, шиканҷа, қатлу ғорат, тахрибкорӣ ва махсусан «ҶИҲОД»-и имрӯзаи гурӯҳҳо, аҳзоб ва созмону ҳаракатҳои ба ном «исломӣ», ки шиори меҳварии онҳост, фитна ва роҳи ғалат буда, ҳеҷ иртиботе ба дини ислом надорад. Зеро ҳамаи мо суханони Пайғамбари ислом – Муҳаммад (с) дар бораи «беҳтарин ҷиҳод–ҷиҳод бо нафс» ва «хидмати падару модар ҷиҳод дар роҳи Худованд»-ро медонем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 70 фисади ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд, маҳз аз рӯйи паст будани фарҳанги истифодабарии интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ гумроҳ шудаанд. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фарҳанги муносибат бо интернет ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб шарти муҳим аст.

Фиреби бештари ҷавонон аз содадилии онҳост. Зеро бештари онҳо бо хондани шиорҳои домфиреби эҳсосбарангез «саҳм»-и худро дар «посдорӣ»-ву «интишор»-и дин гузоштан мехоҳанд, бехабар аз ин ки худ аллакай гумроҳ шудаву дину мазҳабро канора гузоштаанд. Дар мавриди мазкур Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид карда гуфтаанд, ки «нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем».

Аҳамияти интернет барои инсоният хеле бузург аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.

Дар поён ба баъзе аз муҳимтарин фоидаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳадафҳои созандагони ин гуна шабакаҳо ва таҳдиду хатарҳои он мухтасар ишора мекунем.

Фоидаҳо аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд инҳо бошанд:

Робитаҳои инсонӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва ғайраро дар фазои маҷозӣ созмондиҳӣ мекунад;

Имконияти таблиғу муаррифии таъриху фарҳанг ва рушди туризмро муҳайё месозад

Дар васеъ гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ мусоидат мекунад ва ғайра.

Таҳдидҳо ва омилҳои манфии шабакаҳои иҷтимоиро метавон ба чунин бахшҳо ҷудо намуд:

Даъват ба нифоқу амалҳои носазо

Тарғиби фаҳшу амалҳои ғайриахлоқии дигар

Ба ҳаёти маҷозб сахт вобаста шудан, ки боиси аз байн рафтани меҳру муҳаббат нисбат ба оила ва ҷомеа мегардад.

Зуд паҳн кардани ахбори дурӯғ ва пош хӯрдани оилаҳо ва ғайра

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо аҳли ҷомеа ва махсусан мактабу оиларо лозим аст, ки чораҳои зарурӣ андешида, вазифаҳои зерин:

Фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет

Маҳдуд намудани имконияти ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуб ;

Назорати доимии фаъолияти фарзандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ;

Фаҳмонидани оқибатҳои манфии истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ;

Танзими меъёри муайяни истифодаи интернет ва ғайро иҷро намоянд.

Омилҳои манфии таъсиррасонии интернет дар надонистани фарҳанги истифодаи он аст. Риояи фарҳанги истифодаи интернет имкон хоҳад дод, ки муносибати ҷомеа бо интернет танзим ва таҳким ёбад. Ҷавонон дар рӯҳияи одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ тарбия гиранд.

Фарҳод Ҳотамзода
Омӯзгор

ҚаблӣИди Курбон – 2026
БаъдӣТабрикот барои иди Курбон (шеър, расм-картинка)