Шеър дар васфи сухан/забон (Б. Ҳилолӣ)

Сухан сардафтари девони ишқ аст,
Сухан ганҷинаи султони ишқ аст.
Зи дил файзе, ки ҷӯӣ, ҷуз баён нест,
Забони теғ чун теғи забон нест.
Сухан зоҳир кунад сӯзи ниҳонро,
Зи шамъи дил барафрӯзад ҷаҳонро.
Сухан сарчашмаи дарёи ишқ аст,
Сухан сармояи савдои ишқ аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ки гар бар сафҳаи олам набудӣ,
Нишон аз оламу одам набудӣ,
Кӣ ҳоли рафтаву оянда гуфтӣ,
Кӣ чандин маънии поянда гуфтӣ…
Кӣ мутрибро нишотангез кардӣ,
Ҳазор оташ ба як дам тез кардӣ.
Сухан ваҳй аст, мо арши баринем.
Сухан сеҳр аст, мо сеҳрофаринем.

Бадриддин Ҳилолӣ


Шеър дар васфи сухан/забони точики, забон, шеър аз Бадриддини Хилоли.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама