АРИФМОМЕТРҲОИ ПАСКАЛ ВА ЛЕЙБНИТС

Ба саволи «Компютери аввалинро кӣ сохтааст?» ҷавоб додан хеле душвор аст. Гап дар он аст, ки компютер ихтирои як шахс нест. Компютер таҷассумгари ғояҳои олимон ва муҳандисони давру замонҳои гуногун ба ҳисоб меравад, ки онҳо дар пешбурди техникаи ҳисоббарор садсолаҳо заҳмат кашидаанд. Пешрафти техникаи ҳисоббарорро ҳамеша талабот ба ҳисоббарориҳои фаврӣ ва дақиқ муайян сохтааст. Талаботи мазкур омилест, ки техникаи ҳисоббарорро доимо мукаммал гардонидааст. Ин раванд ҳоло ҳам давом дошта, аҳамияти аввалаи худро ҳанӯз гум накардааст.

Маълум аст, ки пеш аз телевизорҳои рангаи аълосифати имрӯза телевизорҳои одии сиёҳу сафед (монохромӣ) ихтироъ шуда буд. Аммо пас аз гузашти муддате ҳатман ин телевизорҳо низ ба телевизорҳои боз ҳам олитар иваз хоҳанд шуд. Айнан ҳамин тавр, компютерҳои ҳозиразамонро танҳо зинаи аввали офариниши компютерҳои баркамол ва ақлонӣ ҳисобидан мумкин аст. Вале мо бояд бидонем, ки заминаҳои пайдоиши компютерҳои имрӯза кадомҳоянд.

Инсон дар тамоми давраҳои мавҷудияти худ ба таҷҳизоти ҳисоббарорӣ эҳтиёҷ дошт. То пайдоиши аввалин намунаҳои таҷҳизоти ҳисоббарорӣ, ҳазорҳо сол муқаддам одамон барои эҳтиёҷоти хоҷагии худ ҳангоми ҳисоббарориҳо аз ангуштон, сангчаҳо, чӯбчаҳо, ресмонҳои гиреҳдор, тасмаҳои сӯрохдор ва ғайра истифода мебурданд.

Бо зиёдшавии ҳаҷми ҳисоббарориҳо инсон ба ҷустуҷӯи тарзҳои нави иҷрои онҳо ва ихтирои асбобҳои ҳисоббарорӣ шурӯъ намуд. Яке аз асбобҳои қадима ва хеле машҳур чӯт (счёт) ба ҳисоб меравад. То имрӯз касе аниқ гуфта наметавонад, ки чӯт кай ва дар куҷо пайдо шудааст. Таърихшиносон бар он ақидаанд, ки чӯт тақрибан 2000-5000 сол муқаддам дар Хитойи қадим ё Мисри қадим ва ё Юнони қадим сохта шудааст. Аз ин асбоби ҳисоббарорӣ то ҳол низ дар бисёр мамлакатҳо истифода мебаранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пас аз пайдоиши чӯт, дар тӯли якчанд садсолаҳои дигар низ асбобҳои ҳисоббарорӣ хеле сода буданд. Вале дар ибтидои асри XVII мутахассисони соҳаҳои физика ва астрономия ба зарурати ҳисоббарориҳои мураккаб ва калонҳаҷм рӯ ба рӯ гаштанд. Барои ҳамин ҳам, ин аср асри татбиқи васеи илми математика дар дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Талабот ба мошинҳое, ки ҳаҷми калони ҳисоббарориҳоро дар муддати кӯтоҳ ва бо саҳеҳии баланд иҷро карда метавониста бошанд рӯз то рӯз меафзуд.


Соли 1642 математики 19-солаи франсавӣ Блез Паскал (1623-1662) дар ҷаҳон аввалин шуда мошини ҳисоббарории (арифмометр) механикиро ихтироъ намудааст, ки он бо ададҳои даҳӣ амалҳои ҷамъ ва тарҳро иҷро карда метавонист.

 Вале бояд зикр намуд, ки ҳам чӯт ва ҳам мошини Паскал имкониятҳои маҳдуди ҳисоббарорӣ доштанд. Набудани асбоби ҳисоббарорие, ки супоришҳоро зуд ва аниқ иҷро мекарда бошад, ба он овард, ки қисми зиёди таҷрибаҳои гузошташуда ё умуман иҷро нашуда мемонданд ё барои иҷрояшон моҳҳо ва ҳатто солҳо лозим меомад.


Барои сохтани асбоби мукаммалтар зиёда аз 50 сол лозим шуд. Соли 1694 математики барҷастаи немис Готфрид Вилгелм фон Лейбнитс (1646-1717) мошини ҳисоббарории навбатиро сохтааст. Имкониятҳои ҳисоббарории мошини Лейбнитс аз мошини Паскал дида зиёдтар ва аз рӯи сохт низ вай мураккабтар буд.

 Мошини Лейбнитс на танҳо чор амали арифметикӣ – ҷамъ, тарҳ, зарб ва тақсимро иҷро карда метавонист, балки он аз решаи квадратӣ низ ададҳоро бароварда метавонист. Вале ин мошин низ талаботҳои рӯзафзуни ҳисоббарориҳои математикиро қонеъ гардонида натавонист. Тақрибан пас аз 100 сол боз масъалаи сохтани мошини ҳисоббарории мукаммалтар пеш омад.


Калидвожаҳо: АРИФМОМЕТРХОИ ПАСКАЛ ВА ЛЕЙБНИТС, Компютери аввалинро ки сохтааст.

ҚаблӣАМАЛҲОИ АРИФМЕТИКӢ ДАР СИСТЕМАҲОИ ҲИСОБИ МАВҚЕӢ
БаъдӣМОШИНИ ТАҲЛИЛИИ БЕББИҶ