КОМПЮТЕР – МОШИНИ ҲАМАКОР. Наслҳои МЭҲ

Имкониятҳо ва хосиятҳои компютер. Компютер пеш аз ҳама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинҳои дар рӯзгори хонаю мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад. Он низ аз якчанд қисмҳои ба ҳам алоқаманд иборат аст ва барои иҷрои ягон мақсади муайян хизмат мерасонад. Маҳз дар чунин шакл тасвиркунии компютер онро бо худгард, телевизор, дарзмол, мошини сартарошӣ ё плитаи хӯрокпазӣ хеле монанд месозад. Вале дар баробари монандӣ, компютер боз дорои хосиятҳои махсусе мебошад, ки вайро аз дигар мошинҳо ба куллӣ фарқ мекунонанд.

Хосияти аз ҳама асосии компютер – ин суръати беандоза баланди ҳисоббарории он мебошад. Худи мафҳуми компютер низ бо ҳамин хосияташ бештар алоқаманд аст: сomputer – ҳисоббарор. Тасаввур кунед, ки компютерҳои аввалин дар як сония метавонистанд садҳо ҳазор ададро бо ҳам ҷамъ созанд. Компютерҳои ҳозиразамон бошанд, метавонанд дар як сония миллиард ва аз он зиёдтар ададҳоро ҷамъ намоянд. Аслан, вақте сухан дар бораи зудкории компютер меравад ҳатто аз ченаки сония низ истифода намебаранд. Дар чунин мавридҳо аз ченакҳои микросония ё наносония истифода мебаранд.

1сония = 1миллион микросония = 1миллиард наносония

Компютерҳо дар баробари хеле зудкор буданашон боз таҷҳизоти беандоза боэътимод ба ҳисоб мераванд. Масалан, шахсе, ки бо ёрии қаламу коғаз баъзе ҳисобкуниҳоро анҷом доданӣ аст, метавонад дар давоми як соат як ё якчанд ғалат содир намояд. Пас аз якчанд соати корӣ ӯ аз ҷиҳати хастагӣ метавонад ба содир намудани миқдори зиёдтари ғалатҳо роҳ диҳад. Фарқи компютер аз инсон дар он аст, ки вай ҳисоббарориҳоро зудтар ва аниқтар иҷро менамояд ва якчанд соат ё ҳатто рӯзҳо бетанаффус кор карда, аз хастагӣ шикоят намекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дигар арзиши хеле муҳими компютер аз он иборат аст, ки вай имконияти қабул кардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани иттилооту фармонҳоро дорад. Ин хосияти компютер онро ба мошини беҳамто ва бемисл табдил медиҳад. Оё шумо ягон мошини дигарро номбар карда метавонед, ки вай чунин хосиятро доро бошад? Магар мошини муқаррарии чопгари механикӣ ё барқӣ метавонад пагоҳ матни имрӯз чопнамудаашро ба хотир орад? Албатта, ҳеҷ гоҳ не! Аммо компютер ба ин кор қодир аст. Вай бо ёрии як ё якчанд фармон метавонад чунин матнро даҳҳо маротиба ва барои даҳҳо шахси гуногун барқарор намояд.

Хосияти марказӣ ва муҳимтарини компютер – ин таҷҳизоти электронӣ будани он аст. Маҳз аз ҳамин сабаб ва барои дар ҳисоббарориҳо истифода шуданаш онро дар ибтидо мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ном мебурданд. Компютер ҳамаи супоришҳоро бо ёрии барномаҳо ба таври худкор, яъне бе иштироки одам иҷро менамояд. Идоракунии аксарияти мошинҳои ғайри-МЭҲ бошад, асосан ба уҳдаи инсон гузошта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки компютерҳои даврони мо на танҳо механизмҳои ҳисоббарории одӣ, балки мошинҳои ҳамакор (универсалӣ) мебошанд. Ҳамакории компютерҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо бо иттилоотҳои табиати гуногундошта (матнӣ, графикӣ, савту садоӣ, чандрасонаӣ) ва масъалаҳои ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт дахлдошта сару кор доранд.

Наслҳои МЭҲ. Дар баробари бо суръати бениҳоят баланд афзудани миқдори компютерҳо, мукаммалгардонии сохти онҳо низ зуд вусъат ёфтааст. Дар муддати кӯтоҳ мошинҳои электронии ҳисоббарори хеле гуногун рӯи кор омадаанд. Онҳоро вобаста аз ҷузъи пойгоҳӣ, зудкорӣ, ҳаҷми хотира, маҷмӯи фармонҳо ва сабки сохташон ба наслҳо ҷудо мекунанд. Ба наслҳо ҷудо кардани мошинҳои электронии ҳисоббарор амали хеле шартӣ аст. Масалан, компютер метавонад аз рӯи ҷузъҳои пойгоҳиаш ба як наслу аз рӯи хосиятҳои сохторӣ ва имкониятҳояш ба дигар насл дахл дошта бошад.

Ба тавсифҳои аз ҳама асосии МЭҲ зудкорӣ ва ҳаҷми хотираи фаврии онҳо дохил мешаванд. Зудкорӣ – бо миқдори миёнаи амалҳои мошинии дар як сония иҷрошаванда баҳо дода мешавад. Ҳаҷми хотираи фаврӣ – бо миқдори калимаҳои мошинӣ (аз 8 то 32 разряди дуӣ) чен карда мешавад.

Компютерҳои то солҳои 90-уми асри ХХ истеҳсолшударо шартан ба чор насл ҷудо мекунанд:

насли якум (солҳои 40-50). Ҷузъи пойгоҳӣ – лампаҳои электронӣ, зудкорӣ – тақрибан 100 амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 100 калима, реҷаи истифода – монополӣ (захираҳои мошинӣ – хотира, сахтафзор, нармафзор ва идораи он дар ихтиёри як нафар), барномасозӣ – забони мошинӣ (рамзи дуӣ).

насли дуюм (солҳои 50-60). Ҷузъи пойгоҳӣ – транзисторҳо, зудкорӣ – тақрибан 10000 амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10000 калима, ҳаҷми хотираи беруна (дискҳо ва фиттаҳои магнитӣ) – тақрибан 10 млн. калима, реҷаи истифода – коркарди дастаӣ (пакетӣ), барномасозӣ – забонҳои алгоритмӣ.

насли сеюм (солҳои 60-70). Ҷузъи пойгоҳӣ – нақшаҳои (схемаҳои) интегралии калон, зудкорӣ – тақрибан 10 млн. амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млн. калима, ҳаҷми хотираи берунӣ – тақрибан 10 млрд. калима, реҷаи истифода – вақти тақсимшуда бо коркарди дастаӣ.

Эзоҳ: Реҷаи вақти тақсимшуда шакли корбариест, ки тибқи он компютер аз рӯи ҳиссаҳои хурди вақт (порсияҳо) якбора якчанд масъаларо ҳал менамояд.

насли чорум (аз солҳои 70-ум). Ҷузъи пойгоҳӣ – нақшаҳои интегралии аз ҳад калон. Хусусияти фарқкунандаи мошинҳои ин насл – мавҷудияти миқдори зиёди таҷҳизоти коркарди параллелии иттилоот ва истифодаи ҷузъҳои архитектураи нави МЭҲ мебошад. Дар се насли аввала архитектураи фон Нейман истифода шудааст. Дар сохтори компютерҳои насли чорум робитаи зичи сахтафзор ва нармафзор ба роҳ монда шуд. Зудкорӣ – тақрибан як млрд. амал/сония, ҳаҷми хотираи фаврӣ – тақрибан 10 млрд. калима. Реҷаи кор – истифодаи шабакаҳои компютерӣ ва компютерҳои алоҳида.

Пас аз солҳои 90-уми асри ХХ ва махсусан ибтидои асри ХХI тадқиқотҳо доир ба офариниши компютерҳои наслҳои панҷум ва шашум шурӯъ шуданд. Ҳоло барои сохтани компютерҳои насли панҷум корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

насли панҷум. Лоиҳаҳои мошинҳои ин насл аллакай амалӣ шуда истодаанд. Дониши андӯхтаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон дар шакли пойгоҳи додаҳо ва донишҳо дар ин компютерҳо нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаҳои таҷрибавии компютерҳои ин насл аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин ҷо амали зудкорӣ бо хулосаҳои мантиқӣ омезиш ёфтаанд. Реҷаи истифода – робитаи садоии байни корбар ва компютер бо забони табиӣ мебошад. Барои истифода бурда тавонистани компютер умуман донистани илми барномасозӣ ҳатмӣ нест. Саҳми коғаз ҳамчун барандаи иттилоот тамоман коҳиш меёбад.

Тасвири наслҳои компютерҳоро ба поён расонида, хотиррасон менамоем, ки тараққиёти пуршиддати техникаи компютериро синфи масъалаҳое муайян месозанд, ки онҳоро илми муосир пешниҳод намудааст. Компютер низ, дар навбати худ, ба соҳаҳои татбиқи худ таъсири бевосита мерасонад. Идоракунии техникаи кайҳонӣ, энергетикаи ҳастаӣ, лоиҳакашии объектҳои мукаммал, сохтани пойгоҳи додаҳо ва донишҳоро бе истифодаи компютер тасаввур кардан душвор аст. Амалан майдони татбиқи компютер тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон буда, вай пайваста такмил ва фаррох мегардад.


Калидвожаҳо:

КОМПЮТЕР – МОШИНИ ХАМАКОР, Имкониятхо ва хосиятхои компютер, Наслхои МЭХ, наслхои компютер, наслхои мошинаи электронии хисоббарор.
ҚаблӣНУҚТАИ НАЗАРИ ФОН НЕЙМАН
БаъдӣКОМПЮТЕР ВОСИТАИ КОРКАРДИ ИТТИЛООТ