Шеърҳо аз Рустами Ваҳҳоб

Шеърхо аз шоири шаҳир, шоир Рустам Ваххоб (Рустам Ваххобзода) дар ин саҳифа оварда мешаванд. Шеъри устод Рустами Ваххоб >>

Рустам Ваххоб

НАҚИЗА (пародия)

Дунболи касе бош, ки дунболи ту бошад,
Ин гуна агар нест, ба дунболи худат бош.
?


Ҳамсояву ҳамдеҳаву ҳамсоли худат бош,
Ҳамқисмату ҳампешаву ҳамболи худат бош.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хешиву қаробат ба касе суд надорад,
Бобои худат, мому аму холи* худат бош.

Дилтанг шавӣ, ҷанг макун бо дигарон ту,
Баргир гиребону ба ҷанҷоли худат бош.

Чун Ҳофизи Шероз мадав аз пайи турке,
Дилбаставу ошиқ ба хату холи худат бош.

Тақвим раҳо соз, чи милод, чи ҳиҷрат,
Тақвими худат, рӯзу маҳу соли худат бош.

Олам ҳама гар ғарқ шавад дар ғаму андуҳ,
Лабханд бизан бо худу хушҳоли худат бош.

Ҳусне, ки туро ҳаст нагунҷад ба каломе,
Дар ойина ҳардам нигару лоли худат бош.

*Мому аму хол – модару амаку тағо.


Кош абри зарфишоне гашта зар мерехтам,
Бар сари ин анҷуман зар то камар мерехтам.
Кошки кӯҳи Бадахшон мешудам як соате,
Пораҳои лаъл аз хуни ҷигар мерехтам.
Кош баҳре мешудам, доман ба доман, мавҷ-мавҷ
Пеши пойи ин гуҳарсанҷон гуҳар мерехтам.
Парфишон симурғ мебудам ба авҷи ин фазо,
Хомаи эъҷоз то ёбанд, пар мерехтам.
Кош будам мазраъи сабзи найистони шакар,
Аз ҳазорон килки хуршедӣ шакар мерехтам.
Кош ҳамчун соқии базми сақоҳум раббуҳум,
Ҳар қадар ки нӯш мешуд, бештар мерехтам.
Мешудам як чашм сар то пой мисли офтоб,
Ҳасту будамро ҳама нури назар мерехтам.
Қулзуме будам чу Бедил мавҷхези маънавӣ,
Аз танӯри оташафшон шеъри тар мерехтам.
Беҳ аз инҳо гар бихоҳӣ, кош ҳамчун барзгар
Сарбасар ин марзро базри самар мерехтам.

Рустам Ваҳҳоб


ҷома ва тоқии чусти ҷомаи тоҷикӣ ҷомаи милли чома ва токии чусти

Тоқии чоргули Чуст касе кард ба сар,
Ҷомаи беқасабу читу сатин кард ба бар,
Локии суннатӣ печид чу бар даври камар,
Ҳар касе дид варо таъзияташ мегӯяд,
Чин фиканда ба ҷабин таслияташ мегӯяд.

Ҷомаи миллӣ шуда хос пайи “во баламо”
Асафо, во аламо, во аламо, во аламо!


Байтҳо аз Рустами Ваҳҳоб

Зодгоҳам дар забони ман муҷассам гаштааст,
Ҳар куҷо тоҷик бошад, Тоҷикободи ман аст.

Макун бо уфтода худнишонӣ,
Бигираш даст пинҳон, гар тавонӣ.

Дили афрӯхтаву гардани афрохта беҳ
Пари шоҳине аз ин сад рамаи фохта беҳ.

Хурӯсе дертар аз хоб барҷаст,
Бизад бонг: “Офтобе рафт аз даст!”

Ба хати марзи Ватан хонам кунед,
То шавад санги мазорам сангаре.

Эй кӣ ҳар дам кори имрӯзат ба фардо афканӣ
Луқмаи имрӯзи зуд як бор бар фардо фикан.

Зулмҳо бар об рафт аз васли об,
Варна набвад тирагӣ дар асли об.

Ҳаждаҳ ҳазор олам – Парвардгор якто,
Ҳаждаҳ ҳазор одам – ҳаждаҳ ҳазор даъво.

Якчанд шеърҳо аз Рустами Ваҳҳоб (Рустам Ваҳҳобзода) буданд аз сомонаи www.DONISHJU.net. Шеърҳои нав низ дар ҳамин саҳифа оварда мешаванд.


ИНЧУНИН ХОНЕД >>

ҚаблӣАҷоиботи илми география
БаъдӣКиҳо аз хизмати ҳарбӣ озоданд? Хизмати харби

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед