Эритротситҳо ва хунгузаронӣ

Эритротситхо ва хунгузарони. Сохт ва вазифахои эритротситхо. Камхуни. Хунгузарони


Сохт ва вазифаҳои эритротситҳо

Вазифаи асосии эритротситҳо аз узви нафаскашӣ ба тамоми ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои организм кашонидани оксиген мебошад. Инчунин, эритротситҳо дар дур кардани гази дуоксиди карбонат аз бофтаҳо иштирок мекунанд (расми 41).

 Ҳуҷайраҳои хун
Расми 41. Ҳуҷайраҳои хун

Дар таркиби эритротситҳо гемоглобин мавҷуд аст ва сурхии хун ба он вобаста мебошад. Барои ҳамин эритротситҳоро ҳуҷайраҳои сурхи хун меноманд. Гемоглобин дар навбати худ аз ду қисм: сафедавӣ «глобин» ва ғайрисафедавӣ «гемм» иборат аст (расми 42).

Гемоглобин дар шуш ба осонӣ бо оксиген пайваст мешавад ва ранги ин хун сурхи равшан аст, хуни венагӣ дорои гази карбон мебошад, бинобар ин, рангаш сурхи хира мешавад. Эритроситҳои хуни одам аз ду тараф фурӯхамида ё яктарафа барҷаста мешаванд.

Эритроситҳои одам андозаи на он қадар калон дошта, ба 7,5-8 мкм баробаранд. Миқдори Эритротситҳо дар 1 мм3 ё 1 микролитр хун ба ҳисоби миёна 4,55 миллионро ташкил медиҳад. эритроситҳо дар мағзи сурхи устухон ҳосил шуда, қариб 120 рӯз умр мебинанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Эритротситҳо дар испурч ва ҷигар захира мешаванд ва дар ҳолати кам шудани миқдори хун дар организм аз ин узвҳо хун тавассути роҳҳои умумии хунгард ба организм дода мешавад (расми 42).

Эритротсит бо забони точики / тоҷикӣ, картинка
Расми 42. Эритротсит

Камхунӣ

Камхунӣ ба кам шудани миқдори эритротситҳо дар хун ё ба кам шудани миқдори гемоглобин ва баъзан ба ҳардуи онҳо вобаста аст. Камхунӣ, инчунин дар натиҷаи зиёд талаф додани хун низ пайдо мешавад. Дар натиҷаи бемориҳои сирояткунанда, таъсири нурҳои радиоактивӣ мағзи сурхи устухон вазифаи худро гум кунад, ин ҳам сабаби камхунӣ мегардад. Камхуниро муолиҷа кардан мумкин аст. Ба ин, пеш аз ҳама хӯроки серғизо, ҳавои тоза ба барқарор шудани миқдори муътадили гемоглобини хун кумак карда метавонанд.


Хунгузаронӣ

Ҳангоми беморӣ ё талаф додани хуни зиёд ба одамон хун мегузаронанд. Хунро аз донорҳо мегиранд. Хуни гирифташударо ба зарфҳои шишагин ба таври герметикӣ маҳкам карда нигоҳ медоранд ва барои лахта нашудани хун моддаҳои махсуси кимиёвиро истифода мебаранд.

Гурӯҳҳои хун Ба гурӯҳҳои зерин хун дода метавонанд Хуни гурӯҳҳои зеринро қабул карда метавонанд
I

II

III

IV

I

II

III

IV

I

II

III

IV

Хунгузарониро аз рӯйи гурӯҳҳои хун муайян кардан мумкин аст. Асосан чор гурӯҳи хунро фарқ кардан мумкин аст. Барои гузаронидани хун ҳатман ба гурӯҳи хуни хунгиранда ва хундиҳанда аҳамият додан лозим аст. Ҳам гурӯҳи хуни онҳо ва ҳам омилҳои резусиашон бояд якхела бошанд.

Ҳар кас бояд гурӯҳи хуни худро донад. Гурӯҳи хун ирсӣ буда, аз падару модар ба насл ва фарзандон мегузарад. Онҳо доимӣ буда, дар давоми умр тағйир намеёбанд. Қариб 35 фоизи аҳолии кураи Замин хуни гурӯҳи I буда, хуни 36 фоиз гурӯҳи II, 22 фоиз гурӯҳи III, 7 фоиз гурӯҳи IV доранд.


Дониши худро санҷед:

  1. Эритротситҳо дар куҷо ҳосил мешавад?
  2. Таркиби асосии эритротситҳоро чӣ ташкил медиҳад?
  3. Гемоглобин дар хун чи вазифаро иҷро мекунад?
  4. Барои чӣ гурӯҳи хунро муайян мекунанд?
  5. Хунгузаронӣ чист?
  6. Дар кадом ҳолатҳо хун мегузаронанд?
  7. Чанд гурӯҳи хун мавҷуд аст?
ҚаблӣЛахташавии хун
БаъдӣСохт ва вазифаҳои эритротситҳо