Шеърхои Фарзона дар васфи Модар

Шеърхои Фарзона дар васфи Модар. Устод Фарзона, шеър дар бораи Модар. Модарнома Фарзона.

Шоира Фарзона
Устод Фарзона (шоир)

Модар, туро ҳамеша ба ҷон ёд мекунам,
Натвон ба ҳарф гуфт, чи сон ёд мекунам.

Асрори зиндагии фурӯзонфари туро,
Эй гавҳари ба ҳуққа ниҳон, ёд мекунам.

Аслан нарафтаӣ ту, ки рафтиву омадӣ,
Аз рафтуои рӯҳи равон ёд мекунам.

Бигзашта ҳам туӣ туву оянда ҳам туӣ,
Ояндаро аҷаб, ки чунон ёд мекунам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо ҳар тапиш туро дили ман мекунад хитоб,
Бо зарбаҳои ҳар зарабон ёд мекунам.

Эй қосиди мубораки байни ману Худо,
З-он тарҷумони муждарасон ёд мекунам.

Аз ту дуо гирифтаму бар ту дуо кунам,
Бо зикр, зикри рӯзу шабон ёд мекунам.

Ҳар дам туро, ҳамеша туро, боз ҳам туро,
Эй ҷони ҷону ҷони ҷаҳон, ёд мекунам.


Модари олампаноҳам, алвидоъ,
Беҳтар аз хуршеду моҳам, алвидоъ!

Дар ҳарими меҳри ту поянда буд
Зиндагии борафоҳам, алвидоъ!

Эй сафоомӯзи рӯҳам, хайрбод,
Эй шуъоафрӯзи роҳам, алвидоъ!

Марҳаматбахши накӯиву савоб,
Мағфиратхоҳи гуноҳам, алвидоъ!

Модари як ман наӣ, эй моми ом,
Эй муборакборгоҳам, алвидоъ!

Ман, ки мегуфтам: Муҳаббат ҳаст, ҳаст!
Бе ту, инак, бегувоҳам, алвидоъ!

Дар парерам мондаӣ? На! Ҳеҷ гоҳ,
Мебиёӣ аз пагоҳам, алвидоъ!

Алвидоям марҳабои ёди туст,
Алвидои умркоҳам, алвидоъ!

Ассаломи ман ту будӣ бар ҷаҳон,
Пас дигар гуфтан нахоҳам: Алвидоъ!


Дари кошонаи модар боз аст,
Боғи ӯ мазрааи эъҷоз аст.

Рафтани ӯ чӣ қадар ҷонсӯз аст,
Мондани ӯ чӣ қадар ҷонсоз аст.

Қосиди ӯст баҳори навпайк,
Ки чун ӯ содаву бепардоз аст.

Осмон туршруху бастадимоғ
Пур-пур аз гиряи беовоз аст.

Шамъи сурхе, ки зи меҳроби кабуд
Чаппа шуд, як дили хокандоз аст.

Нуктае дархури аҳли рӯз аст,
Нуктае дархури аҳли роз аст.

Баҳри мо рафтани ӯ мавсими хатм,
Баҳри ӯ фасли нави оғоз аст.


Модар гузашту кай равад аз сина доғи ӯ,
Поянда бод дар дили некон чароғи ӯ.
Бо рухсати ту омаду бо даъвати ту рафт,
Ё Раб, бубахш то ба қиёмат фароғи ӯ


Накӯтимсоли ман, падруд, модар,
Муборакфоли ман, падруд, модар.

Ту рафтиву касе ҳам то қиёмат
Напурсад ҳоли ман, падруд, модар.

Ту будиву чӣ рифъатманд будам,
Фурӯ шуд боли ман, падруд, модар.

Ба рӯҳи ман, ба рӯҳи субҳхоҳам
Шафақирсоли ман, падруд, модар.

Ҷавонтар будӣ аз ман ё куҳантар,
Ба дил ҳамсоли ман, падруд, модар.

Гунаҳҳои маро ҷуброн ту кардӣ,
Савобомоли ман, падруд, модар…


Рӯи гӯри модари ман
Санги мармар нест.
На, на, балки ҳаст.
Осмон худро ба рӯи хокҷояш
лавҳи мармар кардааст
бо хутути зарнигори офтобӣ.

Дар ҳарими осмону офтобу абру борон,
Дар ҳарими сабзаҳои қадрасу
гулҳои мастури баҳорон,
Дар ҳарими ёди бемарги тамоми дӯстдорон
Модари ҷон, то абад осуда хобӣ.

ҚаблӣСуханхои бехтарин барои МОДАР
БаъдӣШеъри Модар – Ба кунчи сандали биншаста шабхо модари пирам