Нафасгирии баргхо. Обро бухор кардани барг

Нафасгирии баргҳо. Обро бухор кардани баргҳо. Рустаниҳои сабз ба монанди дигар мавҷудоти зинда моддаҳои органикиро ба сифати ғизо истифода мебаранд. Лекин фарқи онҳо аз дигар организмҳои зинда (занбӯруғҳо, бактерияҳо, ҳайвонот ва ғайраҳо) аз он иборат аст, ки онҳо пеш аз он ки моддаҳои органикиро ғизо гиранд, онро сараввал дар баргашон дар раванди фотосинтез (55) ҳосил мекунанд.

Рустаниҳо дар баробари ғизо гирифтан, инчунин ба монанди тамоми мавҷудоти зинда муттасил нафас мегиранд. Рустаниҳо монанди ҳайвонот ва одамон рӯзу шаб оксигенро нафас гирифта, гази карбонатро хориҷ мекунанд.

Равандҳои ҳаётӣ дар ҳар як ҳуҷайраи зинда мегузаранд. Ва ин равандҳо сарфи энергияро талаб мекунанд. Дар раванди нафаскашӣ моддаҳои органикӣ (ғизоӣ) бо оксигени нафасгирифташуда оксид шуда, гази карбонатро хориҷ мекунанд ва энергияи барои организм даркорӣ ҳосил мешавад. Бинобар он, ҳамаи узвҳои рустанӣ, ки аз ҳуҷайраҳои зинда иборатанд, нафас мекашанд.

Рустаниҳо узви махсуси нафаскашӣ надоранд. Онҳо ба туфайли масомаҳо ва ҷавфи байниҳуҷайрагиашон оксигенро нафас гирифта, гази карбонатро хориҷ мекунанд.

Барои санҷидани нафаскашии барги рустаниҳо чунин таҷриба мегузаронем. Шохчаи 10-12 баргдоштаи ягон намуди рустаниро (ё якчанд барги дароздумчадори анҷибар ё гули тӯтиёро) гирифта, ба стакани обдор мегузорем. Сипас, стаканро ба болои лаълича гузошта, дар паҳлуяш стаканчае, ки оҳакоби шаффоф дорад, мемонем. Онҳоро бо сарпӯши шишагин ё банкаи калони шишагин пӯшонда, дар ҷевони торик мегузорем. Дар торикӣ барги рустанӣ фақат нафас мекашад. Яъне, барг оксигенро нафас кашида, гази карбонатро хориҷ мекунад. Бо таъсири гази карбонате, ки барг дар раванди нафаскашиаш хориҷ кардааст, оҳакоби шаффоф тираранг (56) мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тавр, дар рустаниҳо ду раванди (ҳодисаи) дар мадди назар ба ҳам зид – фотосинтез ва нафаскашӣ мегузарад. Вале дар рустаниҳо дар байни ин равандҳо алоқамандии ногусастанӣ вуҷуд дорад, ки онро метавон ин тавр тасвир кард:

Яъне, моддаҳои органикие, ки дар раванди фотосинтез ҳосил мешаванд, дар раванди нафаскашӣ мавриди истифода қарор доранд. Гази карбонате, ки дар раванди нафаскашӣ ҳосил мешавад, дар раванди фотосинтез барои ҳосил кардани моддаҳои органикӣ сарф мешавад. Ҳамин тавр, нафаскашӣ дар тамоми ҳуҷайраҳои зиндаи узвҳои рустанӣ бетанаффус идома дорад. Бо қатъ гардидани нафаскашӣ   рустаниҳо нобуд мешаванд.

Обро бухор кардани рустанӣ. Тақрибан 80 фоизи вазни рустанӣ аз об иборат аст. Об барои ҳаракати моддаҳои ғизоӣ шарти зарурӣ буда, қисми муайяни он барои ҳосил шудани моддаҳои органикӣ сарф мешавад. Инчунин, миқдори зиёди об тавассути баргҳо бухор мешавад.

Шохчаи баргдори рустаниро аз рустании асосӣ ҷудо накарда, ба колбаи шишагин ҷойгир намоед. Бо пахта даҳони колбаро (57) маҳкам кунед. Баъди чанд муддат дар деворҳои колба қатраҳои об пайдо мешаванд. Ин қатраҳои обро барги рустанӣ бухор кардааст.

Барои муайян кардани миқдори оби бухоршудаи барги рустанӣ чунин таҷриба мегузаронем. Шохчаи баргдори ягон рустаниро гирифта, дар зарфи обдор мегузорем. Ба сатҳи болоии об каме равған мерезем. Равған сатҳи болои обро фаро гирифта, ба бухоршавии об монеъ мешавад. Баъд ба як паллаи тарозу зарфи обдор ва ба дигараш посанг мегузорем. Дар чунин шароит об метавонад фақат тавассути барг бухор шавад. Пас аз як шабонарӯз оби зарф хеле кам мешавад ва паллаи тарозуи рустанидор боло бардошта мешавад. Барои баробар кардани паллаҳои тарозу мебояд, ки ба паллаи тарозуи рустанидор посанг гузошта, онҳоро баробар кунем. Аз рӯйи вазни посанг муайян мекунем, ки рустанӣ тавассути баргаш чӣ миқдор обро бухор (58) кардааст.

Об асосан аз сатҳи барг бухор мешавад.  Дар даруни барг бухори об аз ҷавфи (роғи) байниҳуҷайравӣ гузашта, ба туфайли масомаҳо ба берун хориҷ карда мешавад. Аз ҳама зиёдтар обро баргҳои нисбатан ҷавон бухор мекунанд.

Хусусияти обро бухор кардани рустанӣ гуногун аст. Масалан, як ниҳоли ҷуворимакка дар як шабонарӯз 800 г, карам 1 л, булут 50 л, тӯс беш аз 60 л обро бухор менамояд. Ба миқдор ва суръати обро бухор кардани рустанӣ хусусан шароити муҳити беруна таъсири зиёд мерасонад. Масалан, дар ҳавои абрнок нисбат ба рӯзи офтобӣ рустаниҳо обро кам бухор мекунанд, дар ҳавои гарми офтобӣ бошад, зиёдтар.

Обро бухор кардани рустанӣ инчунин ба ҳолати даҳоначаҳои (масомаҳои) барг сахт вобастагӣ дорад. Дар баъзе рустаниҳо масома фақат рӯзона кушода буда, шабона пӯшида мешавад. Дар ҳолати ба дараҷаи кофӣ бо об таъмин будани рустанӣ масома рӯзу шаб кушода аст. Бухоршавии об дар ҳаёти рустаниҳо аҳамияти калон дорад. Ба туфайли оббухоршавӣ дар ҳавои тасфон рустаниҳо аз гармшавии барзиёд зарар (осеб) намебинанд. Бухор шудани об ба мубодилаи обии рустаниҳо мусоидат мекунад. Инчунин, тавассути ҳаракати об моддаҳои маъданӣ ва ғизоии дар он ҳалшуда ба узву қисмҳои рустанӣ бурда мешаванд. Аз ҳама асосиаш он ки дар натиҷаи бухоршавӣ об то баргҳо омада, дар раванди фотосинтез иштирок мекунад.

Расми 56. Таҷрибае, ки нафаскашии  баргро нишон медиҳад Расми 55. Ҳаракати моддаҳо дар рустанӣ ва ҳосил шудани онҳо (нақша).

Расми 57. Таҷрибае, ки бухоршавии оби рустаниро нишон медиҳад
Расми 57. Таҷрибае, ки бухоршавии оби рустаниро нишон медиҳад
Расми 58. Тавассути масомаҳо бухор шудани об
Расми 58. Тавассути масомаҳо бухор шудани об
  1. Растани чи тавр нафас мегирад?
  2. Барои санчидани нафасгирии рустани чи хел тачриба гузаронидан мумкин аст?
  3. Алокамандии раванди фотосинтез ва нафаскаширо шарх дихед.
  4. Обро бухор кардан дар хаёти рустани чи ахамият дорад?
  5. Шароити мухити беруна ба обро бухор кардани рустани чи хел таъсир мерасонад?
  6. Масома дар хаёти рустани чи ахамият дорад?

Дар рӯшноӣ гази карбонатро фурӯ бурда, оксигенро хориҷ кардани баргҳо

ҚаблӣДар рӯшноӣ гази карбонатро фурӯ бурда, оксигенро хориҷ кардани баргҳо
БаъдӣМутобикшавии растани дар хокхои нисбатан хушк