Хотира (хотираи одам, биология, анатомияи одам). Аҳамияти хотира. Табиати физиологии қувваи хотира. Намудҳои қувваи хотира. Гигиенаи қувваи хотира. Хотира мумкин аст ихтиёрӣ ҳам шавад.
Аҳамияти хотира
Таҷрибаҳосилкунии шахсиро таълим меномем. Ташаккули рефлексҳои шартӣ яке аз шаклҳои таълим мебошад. Боз дигар намуди таълим мавҷуд аст – таълим ба туфайли хотира. Хотира маҷмӯи равандҳое мебошад, ки дар системаи марказии асаб ҷараён дошта, андӯхтан, нигоҳдорӣ ва зоҳиршавии таҷрибаи шахсиро таъмин мекунад. И.Сеченов навишта буд, ки одамони бехотира бояд тамоми умр дар ҳолати навзодӣ монанд. Одамони бехотира мавҷудоти «якдамаанд», зеро тамоми ҳиссиёт, ҳамаи образҳои олами беруна ба қадри пайдоишашон бе ному нишон гум мешаванд.
Бо одамони аз қувваи хотира маҳрум чӣ ҳодиса рӯй доданро дар беморони кори майнаашон осебдида мушоҳида кардан мумкин аст. Чунин беморон худро намешиносанд, дар куҷо будан ва кори ҳамин рӯз кардаашонро намедонанд, як саҳифаро борҳо мехонанд ва мазмунашро дар хотир гирифта наметавонанд. Онҳо кор карда наметавонанд, малакаҳои одитарин ҳосил намекунанд. Ҳосил, таҷрибаи шахсии зиндагии муқаррарии одам барбод рафта, худи вай маъюб мешавад.
Табиати физиологии қувваи хотира
Физиологҳо дар таҷрибаҳои бо ҳайвонот гузаронида ва духтурон дар раванди мушоҳидаи беморон муайян кардаанд, ки қувваи хотира бо шуъбаҳои муайяни нимкураҳои калони мағзи сар алоқаманд аст. Ҳангоми вайрон шудани қишрҳое, ки бо анализаторҳо алоқаманданд, шаклҳои махсуси қувваи хотира сомеа, босира, ҳаракат ва ғайра вайрон мешаванд. Ин боиси вайрон шудани қобилияти дар хотир нигоҳ доштан ва талаффуз кардани овозҳо, чизҳои дида, ҳаракат мегардад. Дар сурати вайрон шудани қисми пешонӣ ё чаккаи қишри майна қувваи хотира тамоман суст мешавад. Бемор ягон чизро дар хотир нигоҳ дошта ва гуфта наметавонад.
Мувофиқи тасаввуроти имрӯза шуъбаҳои мағзи сар, ки бо равандҳои қувваи хотира робита доранд, байни худ бо силсилаи сарбастаи нейронҳо алоқаманданд. Импулсҳои дар ин силсилаи даврзанандаи асаб, дар ҳуҷайраҳои асаб ҷараёни биосинтезро тағйир медиҳанд. Дар натиҷаи ин моддаҳо – омили моддии «осори хотирот» ба вуҷуд меоянд. Вайрон шудани синтези баъзе моддаҳои фаъоли биологӣ ба пайдоиши осори хотирот ва раванди таълим халал мерасонанд. Барои дар хотир мондани ахбор муддате онро такрор кардан зарур аст. Масалан, мо барои дар хотир нигоҳ доштани рақами телефон, шеър ё формулаи математикӣ маводро борҳо такрор мекунем, то ки он дар хотир нақш бандад.
Намудҳои қувваи хотира
Вобаста ба чиро дар хотир нигоҳ доштани одам қувваи хотираро ба 4 намуд ҷудо кардан мумкин аст:
Хотираи озод асоси омӯзиши ҳаракат, малакаҳои зиндагӣ, варзиш, меҳнат ва нутқи хаттиро ташкил мекунад.
Хотираи фасеҳ ба он ёрӣ мерасонад, ки қиёфаи одамон, манзараҳои табиат, муҳит, ҳар хел бӯй, садоҳои муҳит, савту навоҳои мусиқӣ дар хотир сабт ва таҷдид карда шаванд. Хусусан, хотираи фасеҳи нависандагон, ҳунармандон, рассомон ва мусиқинавозон ба хубӣ инкишоф ёфтааст.
Хотираи эҳсосӣ ҳиссиёти аз сар гузаронидаи одамро устувор нигоҳ медорад. Исбот шудааст, ки моддаҳои биологие, ки ҳангоми ҳаяҷони эҳсосӣ ба вуҷуд меоянд, боиси дархотирнигоҳдорӣ мегарданд. Хотираҳои эҳсосии ҳар як одам то андозае инкишоф ёфтааст. Дар бораи чунин намуди хотираи эҳсосӣ К. Станиславский навиштааст: «Модом ки шумо танҳо ҳангоми ба хотир овардани саргузаштатон лаёқати рангпарӣ, сурхшавӣ доред, модом, ки шумо аз ба хотир овардани бадбахтии кайҳо аз сар гузаронидаатон метарсед, шумо хотири ҳискунӣ ё хотири эҳсосӣ доред». Ба туфайли хотираи эҳсосӣ одам ба шахси дигар ҳамдардӣ баён мекунад.
Ранҷонидан, нигоҳ доштан ва таҷдиди суханони хонда, шунида ё эродшуда хотираи каломӣ ном дорад.
Ҳамаи намудҳои хотира ба ҳамдигар алоқаманданд. Одатан байни як хабар тавассути ду ё бештар намудҳои қувваи хотира нигоҳ дошта мешавад.
Гигиенаи қувваи хотира
Дар сурати бе ягон кӯшиш, худ аз худ ба хотир овардани ягон чиз хотираи ғайриихтиёрӣ ба вуҷуд меояд. Одам ҳодисаеро, ки ба ӯ сахт таъсир кардааст ё барояш аҳамияти калон дорад, беихтиёр дар хотир нигоҳ медорад.
Хотира мумкин аст ихтиёрӣ ҳам шавад. Дар чунин ҳолат одам барои дар хотир нигоҳ доштани воқеа усулҳои махсусро ба кор мебарад. Истифодаи суратҳо, тартиб додани нақшаҳо, ҷадвалҳо, фикрҳои асосӣ равшан дар хотир мемонад. Айнан ҳамон як хабари борҳо такроршуда ба хубӣ дар хотир мемонад. Аз ин ҷост, ки мегӯянд: «Такрор модари дониш аст». Мустақилона, баланд хондани мавзӯъ бештар нафъ дорад нисбат ба он, ки ҳамон мавзӯъ чанд маротиба рӯякӣ, паст хонда шавад. Қувваи хотира ҳар қадар бештар машқ дода шавад, ҳамон андоза қавитар мешавад.
Дар синни томактабӣ хотираи беихтиёри бачаҳо афзалият дорад. Хотираи ихтиёрии бачаҳо дар солҳои мактабӣ беш-тар ташаккул меёбад. Қувваи хотира бештар то 25-солагӣ инкишоф ёфта, то 50-солагӣ боқӣ мемонад. Баъд қобилияти дар хотирдорӣ тадриҷан суст мешавад. Хотираи касбӣ дар пиронсолӣ ҳам боқӣ мемонад.
Хотираро на танҳо дар мавридҳои ба ягон мақсад ҷудошуда, балки дар хона, дар роҳи мактаб, дар автобусу троллейбусҳо машқ додан лозим аст.
Дониши худро санҷед:
- Таълим чист?
- Чиро хотира меноманд?
- Шумо кадом намудҳои хотираи одамро медонед?
- Хотираи каломӣ чист?
- Хотираи эҳсосӣ чӣ аҳамият дорад?
- Қувваи хотира хусусияти синнусолӣ дорад?
- Чаро хотираи касбӣ мегӯянд?
- Хотира бо кадом қисмҳои мағзи сар алоқаманд аст?
- Хотираҳои беихтиёр ва ихтиёрӣ чист?





















