Аз ҷониби Ҳоландиҳо забт шудани Индонезия

Аз чониби Холандихо забт шудани Индонезия. Аз ҷониби Голандиҳо забт шудани Индонезия.


Индонезия дар асрҳои XVI-XVII. Индонезия дар чорроҳаи муҳими баҳр воқеъ гардидааст. Бинобар ин ҳанӯз дар аввали асри XVI дар байни давлатҳои мутарақии Аврупо мубориза барои ба даст овардани он оғоз ёфта буд. Ба Индонезия аввалин шуда партугалиҳо, баъд испаниҳо, англисҳо ва ҳоландҳо омаданд.

Ба Ҳоландия муясар мешавад, ки рақибони худро аз Индонезия даҳҳо давлатҳо вуҷуд доштанд. Ҳоландиҳо аз парокандагии феодалии Индонезия истифода бурда, тавассути шартномаҳои асоратовар аксарияти онҳоро ба худ тобеъ карда буданд. Ин давлатҳо ба ҳамин мустақилияти сиёси худро аз даст доданд.

Ширкати Ост-Инди Нидерланд дар Индонезия аз рӯи як қатор маҳсулот, пеш аз ҳама доруворӣ ҳуқуқи инҳисори (монополӣ) –ро дар даст дошт. Инчунин он бо роҳи аз аҳолӣ бо нархҳои ниҳоят паст харидани биринҷ ва равғани нахл ва бо нархи баланд фурӯхтани онҳо даромади ниҳоят калон мегирифт.

Муборизаи Ҳоландия ва Англия барои Индонезия

Ширкатҳои Ост- Инд бо вуҷуди сахт истисмор кардани Индонезия охири асрҳои XVIII ба буҳрони шадид гирифтор шуд. Сабабҳои асосии он ба амали омадани шуриҳо дар Индонезия, суст шудани инҳисор дар тиҷорат ва ришвахӯрӣ дар ҳайати амалдорони он буданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1Январи соли 1800 мӯҳлати фаъолияти ширкати Ост-Инд дар Индонезия ба охир расид. Мувофиқи қонунҳои ҳамонвақтаи Ҳоландия ин ширкат барҳам хурда, тамоми амвол ва қарзҳои он ба ихтиёри ҳукумати Ҳоландия гузоштанд. Ҳукумат тавонист, ки тавасути пардохти 154 милион гулден (қарзи ширкат ҳамин қадар буд) империяи бузурги мустамликавиро ба даст дарорад. Акнун ба ҷои ширкати Ост-Инд Индонезияро дастгоҳи короли Недерландия истисмор мекард.

Аз соли 1975 сар карда, Нидерландия ба Фаронса тобеъ шуд. Бинобар ин сиёсати дохилию хориҷии он аз тарафи ҳукумати Бонопарт Напомон муаян карда мешуд.

Соли 1796 англисҳо ба баҳонаи мубориза ба муқобили Наполеон Малокка ва баъзе мулҳои Ҳоландияро дар Суматра ва ҷазираҳои малукка ишғол карданд. Наполеон хуб мефаҳмид, ки оянда дар шарқ ва хусусан, дар Ҳиндустон Индонезия барои мубориза бар зидди Англия такиягоҳи боэътимод шуда метавонад. Соли 1807 генерал-губернатори Индонезия мариали ҳоландӣ Данделс таъин мегардад.

1) Новая истории стран Азии (вторая половина XIX начало хх вв). М,1995. Валиев С.А.История Востока –Т.2М.,199

Ҳукумати Ҳоландия ба ӯ супориш дод, ки Яваро аз ҳуҷум Англия муҳофизат намояд. Барои ин кор лашкар, лавозимоти ҳарбӣ ва пули зиёд лозим буд. Данделс дар Ява саросема роҳҳо, пойгоҳои ҳарбӣ ва истеҳкомҳои наздисоҳилӣ бунёд намуд.

Дар муддати 1 сол роҳе сохта шуд, ки он Яваро аз Ғарб ба Шарқ бурида мегузашт. Барои сохтани ин иншоотҳо Данделс бо роҳи зӯрӣ даҳҳо ҳазор нафар кишоварзонро сафарбар кард. Ҳазорҳо нафар аз меҳнати тоқатфарсо, гуруснагӣ ва вабо вафот карданд. Баҳри дифои Ява Донделс нисбати халқи Индонезия чораҳои дигари маҷбуркуниро низ истифода бурд. Вале ба ӯ муяссар нашуд, ки дифои боэтимоди Яваро таъмин намояд. Баръакс, ин чораҳо нисбати ӯ ҳиси бадбинии мардуми махали ба вуҷуд оварданд. Кишоварзони Бентама (Яваи Ғарбӣ) мусаллаҳ шуда, ба шуриш даст заданд. Данделс ин шӯришро пахш кард, вале дар ҷойҳои дигари Индонезия низ шӯришҳо оғоз ёфтанд. Норозигӣ ва хашму ғазаби халқ нисбати Данделс ниҳоят бузург буд.

Бинобар ин ҳукумати Нидерландия Данделсро бозхонд.

Моҳи августи соли 1811 дастаи 12-ҳазорнафараи англисҳо ба Ява дохил шуда, Батавияро ишғол намуданд. Пас аз як моҳ дар муҳорибаи ҳалкунандаи наздикии Семаранг анлисҳо холандиҳоро пурра торкмор карданд. 18 сентябр намояндаи Ҳоландия ба санади тасмимшавии мамлакати худ имзо гузошт. Акнун ба зери итоати мамлакати дигари империалистӣ Англия дохил гардид.

Индонезия дар зери ҳокимияти Англия. Губернатори Англия дар Ява Раффлз таъин мешавад. Сиёсати Раффлз ба манфиатҳои буржуазияи саноатии Англия пурра ҷавоб медод.

Мақсади ӯ Индонезияро ба бозори фурӯши мол ва манбаи ашёи хоми Англия табдил додан буд. Раффлз ҳуқуқҳои феодалҳои он мулкҳоеро, ки дар зери идораи англисҳо буданд, боз ҳам маҳдудтар кард. Онҳоро воқеан ба нимхизматгорони амалдорони анлисҳо буданд, боз ҳам маҳдудтар кард. Онҳоро воқеан ба нимхизматгорони амалдорони анлис дод. Ӯ бо зӯрӣ султонҳои Бентамоми Ғарбӣ ва Чиребонро ба мулкҳои англисӣ мутаҳид кард. Яке аз султонҳои пурқувват ва бой –Цаякарта сарнагун ва хазинаи ӯ ғорат карда шуд. Раффлз як қисми қаламрави цоякатраро ҷудо карда, дар он ҷо салтанати лухтакмонанди Пакуаламонро ташкил намуд. Султонҳои Ява ҳуқуқи лашкар доштанро аз даст доданд. Итифоқчигии англисҳо-султон Паленбанг низ зарар дид. Гуноҳи ӯ он буд, ки ҳуқуқи инҳисории англисҳоро марбут ба хариди қурғошим рад кард. Соли 1812 ба муқобили Паленбанг дастаи аксарони англис равон карда шуд. Султон Паленбанг гурехт ва бо ҳамин ҷазираҳои Банка ва Биллитон, ки аз захираҳои қурғошим бой буданд, ба ихтиёри англисҳо гузоштанд.

Чорабинии муҳимтарини Раффлз дар Ява ба амал баровардани ислоҳоти замин буд. Соли 1813 тамоми замин моликияти Ҳукумати Батав яъне моликияти яъне моликияти англисҳо эълон карда, баъд он ба кишоварзон ба иҷора дода мешавад. Кишоварзон аз замини ба иҷора гирифтаи худ ё рентаи пулӣ ва ё рентаи натуралӣ медоданд.

Ҳаҷми ин рента аз чор як то нисфи ҳосилро ташкил медод. Бо мақсади зиёд кардани даромад аксарияти феодалҳо заминҳояшонро ба иҷора медоданд. Раффлз чун Данделс фурӯши заминҳои давлатиро ба хориҷиён идома дод. Ғайр аз ин, бо мақсади рушди баҳрнавардӣ ва тиҷорати Англия Раффлз инҳисори тиҷорати хориҷиро бекор карда, бандарҳои Индонезияро барои хориҷиён кушод. Ӯ бовари дошт, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ягон давлат бо Англия рақобат карда наметавонад. Бинобар ин аз кушодани бандарҳои Индонезия фоидаи калон ба даст оварад.

Дар ҳақиқат ҳамаи ин чораҳо ба Индонезия ворид гардидани сармояи англисро осон ва даромади онро зиёд намуд. Дар баробари ин англисҳо ба рушди муносибатҳои тулию моли Индонезия мусоидат карданд.

Ба Индонезия баргаштани ҳоландиҳо Сарнагун кардани империяи Наполеон ба барқарор гардидани короли соҳибистиқлоли Нидерландиҳо оварда расонид. Моҳи августи соли 1814 барои ба Ҳоландия баргардонидани ҷазираҳои Индонезия шартнома ба имзо расид. Лекин англисҳо ба ҳар роҳ ҳаракат мекарданд, ки Индонезияро ба нидерландҳо надиҳанд. Раффлз, ки акнун губернатори Бенкулен таъин гардида буд, якчанд маротиба кӯшиши беҳуда ба харҷ дод, ки Суматраро дар ихтиёри Англия нигоҳ дорад. Ба ӯ муясар шуд, ки аз султони Цоҳор ҷазираи Сингапурро ба даст дарорад. 29 январи соли 1824 дар он ҷо парчами Британияи Кабир барафрохта шуд. Сингапур барои мустамликадорони англиӣ дар Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ такиягоҳи муҳимтарине гардид.

Муноқишаҳои Англияю Ҳоландия бо ба имзо расидани шартнома ба охир расид. Мувофиқи он Англия аз даъвои Суматра гузашта, Бенкулен ва ҷазираи Билитонро ба Ҳоландия бошад аз мустамликаҳои охирини худ дар Ҳиндустон маҳрум гардид. Аз баҳри Малакка ҳам гузашта, маҷбур шуд, ки истиқлолияти султони агераро, ки дар гардани шимоли Сумабра воқеъ гардида буд, эътироф кунад.

Ҳамин тавр, Индонезия аз нав мустамликаи Нидерландҳо гардид, ки он то соли 1945 давом мекунад.

Шуриш дар Ява

Шуриш дар Ява. Дар солҳои 1825 -1830 дар Ява шӯриши халқӣ ба амал омад. Он дар моҳи июли соли 1825 оғоз ёфт. Сарвари шӯриши шоҳзодаи Цойякарта Дипонегоро буд. Дипонегоро норизогии худро нисбати ҳукумронии ҳоландиҳо дар шакли қасри худро тарк карда, кӯҳҳо рафтани истифода намуд. Вай медид, ки ҳоландиҳо чӣ тавр мамлакат ва халқи ӯро истесмор мекунанд.

Дипонегоро ба хулосае омад, ки вазифаи асосии ӯ-мубориза бар зидди зулми ҳоландиҳо мебошад.обрӯ ва этибори Дипонегоро дар байни халқ рӯз то рӯз баланд менамуд.

Ӯро рамзи озодӣ меномиданд. Гуё пайдоиши Дипенегороро қисаҳҳои қадимаи явагиҳо пешгӯи карда буданд. Ба мулкҳои Дипонегоро дохил шудани ҳоландиҳо барои оғози шӯриш баҳона шуд. Ҳаракати зиди ҳоландӣ қиматҳои марказӣ ва шарқии Яваро зуд фаро гирифт. Ин шуриш ҳамчун ҷунбишҳои дигари халқҳои Индонезия дар шакли динӣ ва исломро аз кофирон дифоъ кардан ба амал омад. Моҳи июли соли 1826 дастаҳои шӯришгарон пойтахти султони Цаякарта-шаҳри цокякартаро ишғол карданд.

Ба муқобили шӯришгарон ҳоландиҳо ба Ява гарнизонҳои худро аз ҷазираҳои дигари Индонезия оварданд. Бар замми ин аз Ҳоландия низ ёрӣ омад инчунин онҳо аз Индонезия зархаридҳо ҳамҷамъ карданд. Феодалҳои Яваро тавассути пулу ваъдаҳо ба тарафи худ мекашиданд. Ҳокимони Суракарта ва Мадура бошанд, ба муқобили Дипонегеро ба мубориза бархостанд. Ҳоландихо барои ғалаба аз ҳеҷ кирдори нангин ӯй намегардониданд.28 марти соли 1830 ҳангоми музокирот онҳо Дипонегорро дастгир намуда, ба Макасари Сулавси бадарға карданд. Ӯ дар ин ҷазираи дурдасти Индонезия то охири умр ҳамчун маҳбус зиндагӣ кард. Баъди дастгир карда шудани Дипонегорро нуқтаҳои охирини ин шуриш ҳам пахш карда шуданд.

Ҷангҳои минбаъдаи Ҳоландия дар Индонезия баъди аз нав барқарор кардани мавқеи худ дар Индонезия ҳукумати Ҳоландия қувваҳои худро барои ишғоли мулкҳои берун аз Ява равон кард. Мардуми Суматра алайҳи ҳоландиҳо муборизаи дуру дароз бурданд. Соли 1818 ҳоландиҳо салтанати Палембангро низ барҳам доданд. Шартномаи соли 1821 ба куҳансолони Минангкабау (Сумуртаи Ғарбӣ) бастаро вайрон карда, барои ишғоли ин вилоят қариб 25 сол ҷанг карданд. Инчунин онҳо заминҳои батаконро, ки болотар аз вилояти Минанглабау зиндагонӣ мекарданд. Ва баъзе вилоятҳои дар ҷануби ҷазира воқеъбударо забт намуданд. Ҳоландия ба худ султонҳои соҳилҳои шарқи Суматра Деҳлӣ, Лангкат, сердонг ва ғараро тобеъ намуд.

Аз соли 1875 сар карда ҳоландиҳо якчанд маротиба ба соҳилҳои ғарбии Камонтан сафари ҳарбӣ ташкил намуданд. Соли 1860 султони Барҷамасинро, ки дар ҷануби Камаонатан воқеъ гардида буд, шикаст дода, мулкҳои Ҳоландия ҳамроҳ карданд.

ҚаблӣИндонезия (реферат, кори курси)
БаъдӣИстисмори мардуми Индонезия аз ҷониби ҳоландиҳо