Истисмори мардуми Индонезия аз ҷониби ҳоландиҳо

Истисмори мардуми Индонезия аз чониби ҳоландиҳо, Истисмори мардуми Индонезия аз чониби голандихо


Сиёсати иқтисоди Ҳоландия дар Индонезия. Солҳои 50 ва 60-уми асри XIX дар Индонезия муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омаданд. Бо шарофати ҳамин дар зарфи солҳои 1850-1880 даромади Ҳоландия аз Индонезия хеле афзуда, сеяки буҷаи мамлакатро ташкил кард. Дар ин солҳо Ҳоландия аз Индонезия зиёда аз 850 млн гулден даромади холис гирифтааст.

Буржуазия саноатӣ оҳиста –ҳиста пурқувват шуда, бар зидди буржуазияи тиҷоратию молявӣ ба мубориза бархост ва аз ҳукумати ҳоландия талаб кард, ки монеаҳои ба ӯ халал расонанда аз байн бардошта шаванд.

Оқибат ин гурӯҳи буржуазияи Ҳоландия ба мақсад расид. Соли 1864 парламенти мамлакат «Қонун дар бораи ҳисоботро» қабул кард, ки мувофиқи он идораи Индонезия аз зери ҳокимияти якаю танҳои шоҳ бароварда шуд. Акнун буҷаи Ост-Индро парламенти Ҳоландия тасдиқ мекард.

Барои фаъолияти озодонаи буржуазияи саноатӣ ва молявии Ҳоландия дар Индонезия системаи «зироатҳои маҷбури» халал мерасонид. «Қонуни қанд»-и соли 1870-и Ҳоландия ба даст кашидан аз «Зироатҳои маҷбурӣ» ибтидо гузашт. Соли 1891 ин қонун бо пуррагӣ ба кор даромад. Соли 1870 «Қонуни замин» ҳам қабул карда шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мувофиқи ин қонун давлат, яъне Ҳоландия соҳиби оми ҳамаи заминҳои Индонезия мукарар гардид ва «заминҳои хусусӣ», ки ҳукумат ба ашхоси алоҳида туҳфа карда ва ё фурухтааст, истисно буданд. Аввал ин қонун асосан ба заминҳои Ява ва Мадура дахл дошт. Баъдтар соли 1875 он нисбат ба мулкҳои боқимонда ҳам татбиқ карда шуд.

Барои ҳоландиҳо моликияти хусусӣ эълон кардани шудани замин оқибат ба он оварда мерасонид, ки дар ин сарзамин хоҳ нохоҳ давлатҳои дигари империалистӣ ҳам соҳиби замин шуда, ҳукумронии Нидерландияро дар Индонезия ба зери хатар мегузоштанд.барои ҳамин соли 1875 ҳукумат фӯрухтанӣ заминро ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ қатъиян манъ кард.

Ҳамин тариқ, солҳои 70 асри XIX дар Индонезия инҳисори давлатӣ бар замин бекор карда шуд. Баъди ин сармояи хусусӣ ба Индонезия бо таври васеъ ворид гардид. Акнун ҷои инҳисорҳои то сармоядории Ост-Индия ва давлатию крепоснойи шоҳи Нидерландияро инҳисорҳои молявӣ гирифтанд.

Дар солҳои 70-ум ва 80-ум асри XIX барои ба корчалонҳои хусусӣ қарз додани банкҳо баҳри истифодаи самараноки бойгарии табии Индонезия дар ин ҷо ширкатҳои роҳи оҳан, трамвай, киштигардӣ саҳомӣ ва ғайра ташкил карда шуданд.

Агар системаи «зироатҳои маҷбури»-и дар соли 1830 чоригардида фаъолияти сармоядорон ва соҳибкоронро маҳдуд карда бошад, пас ислоҳоти солҳои 70-ум барои сармоягузорӣ ва корчалонию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ин ислоҳот пеш аз ҳама, ба мустамликадорони Нидерландия нафъовар буд.

Ба Ҳоландия пурратар тобеъ карда шудани Индонезия. Дар баробари Ҳоландия ба Индонезия сармояи давлатҳои дигари империалистӣ ҳам ворид мегардид. Ин раванд ҳукуматдорони Ҳоландияро ба ташвиш овард. Вале он ба фишори Англия тоб оварда натавонист. Ин буд, ки соли 1871 Ҳоландия ва Англия Созишномаи Суматраро ба имзо расониданд.


  • Вяка неравной борьбы начально –освободительное движения в Азии и Африке М:ИЗД-во ВЛ 1976
  • Индонезия: Исторический очерк II Индонезия –справочник. М:Мысл 1982

Мувофиқи он Ҳоландия ба ивази Англия вогузор кардани мустамликаи дар соҳили Африкаи Ғарбӣ воқеъ будаи худ (дар Аче –Суматраи шимолӣ, ки дар наздикии Малай ва Сингапур воқеъ аст), ҳуқуқи озодона амал карданро ба даст даровард. Ҳоландия ба Англия дар Суматра шароити хуби тиҷоратӣ муҳайё сохт.

Ҳукумати Ҳоландия аз султони Аче талаб кард, ки ӯ ба зери Созишномаи тобеияти худ ба Ҳоландия имзо гузорад. Лекин султон ҷавоби рад дод. Ҷавобан ба ин 26 марти соли 1873 Ҳоландия бар зидди Аче амалиёти ҷангиро Сар кард. Баъди ҷангҳои шадид моҳи декабри ҳамон сол Ҳоландия лашкари Ачеро торумор намуд. Ҳукумати саросемавор ба мулкҳои Ҳоландия карда шудани ачеро эълон кард.

Вале ҷанги мазкур бо ҳамин хотима наёфт. Дере нагузашта «ҷанги муқаддас» бар зидди «кофирон » қариб тамоми Индонезияро фаро гирифт.

Ҳоландия якчанд маротиба паси ҳам ба Аче сарбоз фиристонд.ба артиши Ҳоландия танҳо соли 1879 муясар шуд, ки ноҳияҳои наздисоҳилии султони Ачеро ба даст дароранд.

Дар байни роҳбарони шӯриши озодихоҳони султони Аче Пенгу Чикди Тиро имом Лонгбата, Теуку Ума рва ҳамсари умар –Чут Ния Дин буданд. Дастаҳои ҷанговари онҳо борҳо бор неруҳои душман дастболо шуданд. Ҳоландиҳо диданд, ки Ачеро бо роҳи зӯрӣ истило карда наметавонад, амалдорони мансабпараст ва молу сарватҳои маҳалиро тавассути ришваю тӯҳфа, имтиёзҳо ва вазифаҳои сердаромад ба тарафи худ кашонданд. Сарфи назар аз ин дар ин султонӣ мубориза ба таври муташаккил то соли 1913 давом кардааст.

Солҳои 70-ум ва 80-ум асри XIX ҳоландиҳо дар Индонезия князҳои зиёди дигарро низ ба итоати худ дароварданд. Бо вуҷуди ин то соли 1900 дар ин ч обоз кариб 350 князии феодалӣ, ё худ «свапраҷа» («мулкҳои худидорашаванда») мавҷуд буданд, ки онҳоро олирофони феодалӣ, ё ки пешвоёни авлоду кабилаҳо идора мекарданд. Лекин ин князҳо қудрат надоштанд, ки истиқлолияти худро ҳимоя кунанд. Соли 1898 ҳкумати Ҳоландия ба номи «Изҳороти мухтасар» санадеро муратаб сохт. Дар он гуфта мешуд, ки ҳокимони давлатҳои то ҳол «Худидорашаванда» ҳуқуқ надоранд мустақилона боя гон давлати хориҷӣ робита кунанд. Онҳо вазифадоранд ҳамаи он фармонҳои ҳукуматиро, ки ба корҳои дохилиашон марбутанд, бе чуну чаро иҷро намоянд. Дар зарфи 10 сол ҳамаи ҳокимони Индонезия маҷбур шуданд, ки ба зери ин санади асоратовар имзо гузоранд. Бо вуҷуди ин на дар ҳама ҷо халқи маҳалӣ ба ҳоландиҳо итоат мекард. Дар ҷануби ғарбии Сулавеси, дар Ҷамби, Банҷармасин, Аче, ҷазираи Ломбок ва баъзе ҷойҳои дигар имзогузории маҷбурӣ ба «изҳорот» шӯришҳоро ба амал овард.

Сарфи назар аз ин ба Ҳоландия муяссар шуд, ки аксарияти князхо ва султонҳои Индонезияро ба итоати худ дарорад. Танҳо як қисми онҳо насиби Англия шуд.

Ба Индонезия Сар даровардани сармояи хориҷӣ. Дар оғози асри XX тақсими Индонезия дар байни мамлакатҳои империалистӣ асосан анҷом ёфт.

Қисми бештари он ба Нидерландия (Холандия) насиб гардид. Қисми шимолии Камемантонро Англия соҳибӣ кард. Партугалия бошад, қисми шарқии Тиморро дар дасти худ нигоҳ медошт. Ҳоландия аз мухолифатҳои байни давлатҳои империалистӣ истифода бурда, ҳаракат мекард, ки ҳокимияти худро дар ин мустамликаи бой бох ҳам мустаҳкамтар кунад.

Лекин ба ин ҷо талоши ширкатҳои давлатҳои дигар империалистиро ба ҳисоб нагирифта наметавонист.

Агар Ҳоландия ба зидди онҳо муқовимат мекард, ҳокимияти он дар Индонезия ба зери хавф гузошта мешуд. Аз ҳамин сабаб соли 1905 ҳукумати Ҳоландия маҳдудиятҳоеро, ки дар Индонезия ба ширкатҳои хориҷӣ халал мерасонданд, бекор кард. Баъди ин дар Индонезия шумораи корхонаҳои хориҷӣ зуд зиёд мешуд. Дар ин ҷо майдонҳои нави парвариши қаҳва, найшакар, чой, тамоку, ва ғайра васеъ мешаванд.

Саноати истеҳсоли қалъагӣ ва нафт бо тезӣ тараққӣ мекунад. Соли 1890 ширкати шоҳигарии Ҳоландия «Роял Дотч» созмон ёфт. Соли 1907 он ба ширкати аглисии «Шелл» мутаҳид шуд. Дар натиҷа бо номи «Роял Датч –Шел» яке аз трестҳои инҳисори бузургтарини нафтии ҷаҳон ба вуҷуд омад. Барои ба Индонезия ворид гардидани сармояи хориҷӣ банкҳо мақоми калон доштанд, хусусан, бонки Ява, ки он аз соли 1827 арзи вуҷуд дошт. Солҳои 50-ум ва 60-ум ҳам дар Индонезия чандин банки дигар кушода шуданд.

Давлатҳои хориҷӣ халқи Индонезияро сахт истисмор мекарданд. Дар солҳои 70-уми асри XIX –аввали асри XX дар истисморшавии Индонезия ҳисаи мулкҳои берун аз Ява ва Мадура ва махсусан Суматраи Шарқӣ меафзояд. Ҳиссаи онҳо соли 1873 то 50 фоиз содироти Индонезиро ташкил кард.

Аз солҳои 70-ум номгӯи маҳсулоти барои содирот истеҳсолмекардагии Индонезияи мустамлика зиёд шуд. Муносибатҳои пулию маиши он ҳам васеъ гардиданд. Иқтисодиёти Индонезия воқеан моҳияти мустамликавӣ пайдо намуд.

Истесмори халқи Индонезия Болоравии ҳаҷми андозҳои пулӣ, вайрон шудани хоҷагиҳои натуралӣ, мавҷудияти баъзе шаклҳои меҳнати маҷбурӣ бори гароне буданд, ба дӯши аҳолии Индонезия. Заминаҳои беҳтаринро сармоядорони хориҷӣ ба муҳлатҳои дуру дароз ҳамчун иҷора кашида мегирифтанд.

Кишоварзон аз сабаби барои пардохти андоз пул надоштан, маҷбур мешуданд, ки қарз гиранд ва барои адои он ҳосили зироати ҷамънаоварда ва ҳатто ҳанӯз киштнашударо якчанд сол пешакӣ фурушанд. Ҳуқуқи хариду фӯруши замин, ки он тибқи конуни соли 1870 ҷорӣ карда шуда буд, ба кишоварзон ва зиёдшавии замини полишкан ва заминдорони кулакон оварда расонд.

Деҳқонони Индонезия ба истисмори ҳоландиҳо ва мустамликадорони дигар бо шӯришҳо ҷавоб мегардониданд. Оғози соли 1888 чунин шуриш дар маҳалли Серанги музофоти Яваи Ғарбӣ ба амал омад. Деҳқонони ин ҷо маҷбур шуданд, ки аслиҳа ба даст гиранд. Онҳо ҳатто шаҳри Чилегонро ба даст дароварданд. Ин шӯришро ҳукуматдорони мустамликавӣ бераҳмона пахш карданд. Баъди шӯриши мазкур дар солҳои 90-ум ба сардории Сомин ном ватандӯст деҳқонони Яваи Марказӣ шӯриши мардумро даъват кард, ки ба ҳоландиҳо байкот эълон карда шавад, мардум ба онҳо андоз ҳам насупорад. Оқибат ҳоландиҳо ин шӯришро пахш карданд. Самин соли 1914 дар бадарға вафот мекунад.

Соли 1889 К.Фан Дефентер ном озодандеши дар рузномае мақолаи «Қарзи шаъну шараф»-ро Чоп кард. Дар он ҷуста мешуд, ки буржуазия Ҳоландия аз истесмори Индонезия даромади фаровон ба даст медарорад. Биноан ӯ бояд нисбати халқи он «қарзи шаънк шараф»-и худро адо намояд. Яъне дар бораи некӯаҳволии халқи ин мустамлика ғамхорӣ кунад. Баъди ин дар доираҳои ҳукумрони ҳоландия нисбпт ба Индонезия бо номи «сиёсати ахлоқӣ» андешаи ба миён омад. Соли 1902 маликаи Нидерландия «Комисияи оид ба тадқиқи сабабҳои пастшавии некӯаҳволии халқи Ява ва Мадура»-ро созмон дод. Вале чорабиниҳои ин комиссия аҳволи халқи Индонезиро беҳтар накарда, баръакс, онҳо даромади ширкатҳои Ҳоландияро зиёд карданд.масалан аз соли 1900 то соли 1914 истеҳсоли қанд аз 700 ҳазор тонна то 1млн 400 ҳазор тона, ҷой 2 баробар, тамоку 1,5 баробар ва нафт аз 360 ҳазор тонна то 1млн 540 ҳазор тонна зиёд шуд. «Сиёсати ахлоқӣ»- Ҳоландия истесмори халқи Индонезияро боз ҳам зиёдтар кард.


  • Индонезия: Исторический очерк II Индонезия –справочник. М:Мысл 1982.
  • История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б учебники, -м., Изд-во МГУ, 1991

Болоравии ҳаракати молию озодихоҳӣ. Ба Индонезия Сар даровардани европоиён, дар ин ҷо ба вуҷуд омадани муносибатҳои сармоядорӣ ва аз тарафи сармоядорону корчалонҳои аҷнабӣ истесмор карда шудани мардум ҳисси миллӣ ва истиқлолиятхоҳии оммаро ба вуҷуд овард.

Сабаби дар Индонезия дер оғоз ёфтани муборизаи милию озодихоҳи он аст, ки то охирҳои асри XIX милатҳои Индонезия ҳанӯз хуб ташакул наёфта буданд. Вале дар оғози асри XX марказҳои ташаккули миллат дар Ява (явагиҳо ва сундҳо) ва баъд дар ноҳияҳои дигар (минтақакабауҳо, ачеҳо, батакҳо ва ғайра) пайдо мешаванд. Дар як вакт ягонагии умумииндонезияги миллӣ ҳам ташаккул ёфтан мегирад.

Забони индонезӣ –забони малайҳои Суматра ва малай буд. Ин забон нисбат ба забонҳои дигар дар ҳамаи ҷазираҳои Индонезия бештар паҳн гардида, охиста-оҳиста ба забони умумидавлати табдил меёфт.Дар ягонагии умумимилии халқхои Индонезия

Забони малай наши бо сазо гузошта аст. Ташаббускорони аракати миллию озодихҳоии халқи индонезия зиёиён буданд. 20 май соли 1908 бо ташабуси доктор Вахидин Судирохусодо, донишҷуён сутомо ва Гунаван Магун Кусмо ва бародпрӣ ӯ. Читто Магункусучо созмони аввалини «Буди утомо » («Мақсади олӣ») ташкил меёбад (дар Индонезия муосир ҳар сол 20-уми май ҳамчун Рӯзи бедоршавии мили Индонезиягиҳо ҷашн гирифта мешавад.) Ба «Буди утомо» дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 10 ҳазор нафар одамон аъзо шуданд. Ин созмон ҷонибдорони роҳҳои осоиштаи муборизаи озодихоҳӣ буд. Худи ҳамон сол донишҷуёни Индонезиягии дар Ҳоландия таҳсилкарда. «Итиҳоди Индонезия »- ро ташкил намуданд, ки он дар мавқеи миллатчигии умумииндонезиягӣ меистод.

Солҳои 1905-1907 дар мамлакати иттифоқҳои касабаи коркунони трамвай роҳҳои оҳан, почта, телеграф, киштзорҳо ва коргарони заводҳои қанд ташкил карда шуданд. Аввал ба он асосан мардуми Европа дохил буд вале аз солҳои 20-ум сар карда аксарияти аъзои ин итифоқҳои касабаро индонезиягиҳо муқимӣ ташкил мекардагӣ шуданд. Ҳаракати исломӣ ҳам васеъ мешуд. Соли 1912 созмони «Муҳамадиён» ташкил карда мешавад. Созмонҳои этникӣ ва минтақавии албонҳо, манангҳо, минахасҳо, ачеҳо, батакҳои масеҳӣ ва ғайра пайдо мешаванд. Ҳаракати сиёсии чиноиҳои булӣ низ пурзӯр мешавад. Ба онҳо муяссар мегардад, ки дар Индонезия ҳуқуқҳои корию тиҷоратии худро васеъ кунанд.

Моҳи сентябри соли 1912 дар зери роҳбарии Эрнест Дауэс-Деккер, Ки Хаҷар Девонатар ва Чипто Магункусимо дар Семаронг Ҳизби Индонезия ташкил карда мешавад. Ин ҳизби зиёиёни демократӣ манфиати ҳамаи индонезиягиҳоро ҳимоя мекард. Ҳукуматдорони мустамликавӣ Ҳизби Индонезияро этироф накарданд. Бинобар ин 31 марти соли 1013 яке аз роҳбарони он Дауэс Деккер ин ҳизбро пароканда эълон кард. Ҳукумати мустамликавӣ роҳбарон ва аъзои Ҳизби индонезияро таъқиб мекард. Моҳи июни ҳамон сол се сарвари он ба Нидерландия бадарға карда шуданд.

Соли 1907 Ҳизби Инсуменде ташкил ёфт. Соли 1919 он Ҳизби Милли Индонезия ном гирифт. Аксари аъзои Ҳизби Индонезияи парокандашуда ба ин ҳизб дохил шуданд.

Дар Индонезия созмонҳои дигари миллӣ низ ба вуҷуд омаданд. Аз ин ҷумла, соли 1912 «Саракат ислом» («Иттифоқи ислом») созмон ёфт. Он созмон омавитарини озодихоҳии Индонезия ба ҳисоб мерафт. «Саракат ислом» то моҳи январи соли 1913 80 ҳазор нафар аъзо дошт.

ҚаблӣАз ҷониби Ҳоландиҳо забт шудани Индонезия
БаъдӣМуборизаи мардуми Индонезия барои озоди истиқлолият дар асрҳои XX