Азнавсозиҳои хоҷагӣ (ҶМШС Тоҷикистон)

Вазъи хоҷагии халқ. Баробари бунёди ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон азнавбаркароркунии хоҷагии халқи мамлакат яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳокимияти он ба ҳисоб мерафт. Зеро, бо асари ҷангҳои дохилӣ хоҷагии ин гӯша, ки бе ин ҳам яке аз қисмҳои қафомондаи Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт, хеле хароб гардида буд. Дар солҳои хоҷагидории 1924 – 1925 зиёда аз нисфи умумии заминҳо, ё худ қариб 80 % -и заминҳои обӣ корношоям буданд. Саршумори умумии чорво бошад, дар он солҳо мутобиқан 52,1% – и соли 1914 – ро ташкил медод. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ қариб 13 ҳазор хонаҳо, ба миқдори хело зиёд кӯпрукҳо сӯзонида ва ё валангор карда шудаанд. Илова ба ҳамаи инҳо, дар ҷумҳурӣ қувваи корӣ, махсусан мардҳо намерасиданд. Зеро, аксари онҳо ё кушта шудаанд, ё ба Афғонистон фирор кардаанд.

Самтҳои асосии азнавбарқароркунӣ ва дигаргунсозиҳо. Дар шароити ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон самтҳои асосии азнавбарқароркунӣ ва дигаргунсозиҳои хоҷагии халқ сараввал аз вазифаҳои зерин иборат буданд: бартараф намудани харобиҳое, ки дар натиҷаи ҳаракати зиддишӯравӣ ба амал омадаанд; бунёди корхонаҳои саноатӣ; сохтани роҳҳо, аз ҷумла роҳи оҳани Тирмез – Душанбе; электриконидани ҷумҳурӣ; инкишофи кишоварзӣ, дар асоси шаклҳои оддии кооператсия; мувофиқи талаботи ҷумъияти нав ташкил ва ба роҳ мондани корҳои илму фарҳанг ва ғайраҳо.

Чуноне аз ин вазифаҳо маълум аст, ба ҷуз вазифаи бартараф намудани харобиҳои ҷанг, боқӣ ба талаботи азнавбарқароркунӣ чандон мувофиқат намекунанд. Яъне ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳамон давр, баробари вазифаҳои азнавбарқароркунӣ, инчунин вазифаҳои дигаргунсозӣ ва таҷдиди хоҷагии халқи чумҳурии мухтории Тоҷикистон ҳам дар назар дошта шудааст.

Дигаргунсозиҳо гуфта акнун ҳамаи он навсозиҳоеро дар назар доранд, ки онҳо дар ҳамаи соҳаҳо, яъне чӣ саноату кишоварзӣ ва чӣ фарҳанг ба амал омадаанд ва онҳо хоси ҷамъиятӣ нав мебошанд. Дар шароити ҷумҳурии мухтории Точикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ он ҳама дигарунсозиҳо хоси ҷамъияти сотсиалистӣ буданд. Зеро, мақсади коммунистон, ки ҳокимиятро ба даст гирифта буданд, ҳамин ҷамъият буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чорабиниҳо баҳри азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди хоҷагии халқ. Бо ташаббуси ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ, дар доираи Иттиҳоди Шӯрави, аз миёнаи солҳои 20 – уми асри ХХ вазифаҳои замони дигаргунсозиҳо мушаххастар муайян карда шуд. Инро мақсади дар наздашон гузошта талаб мекард. Ҷамъияти сотсиалистие, ки онҳо сохтанӣ буданд, ғайри равиши табии таърих буд. Дар Русияи подшоҳӣ, дар натиҷаи инқилоби иҷтимоӣ ҷамъияти копиталистиро барҳам дода, барои ин ҷамъият роҳ кушоданд. Барои таърихи инсоният ин роҳи нав, роҳи тайнашуда ба ҳисоб мерафт. Коммунистон ҳамин гуна ҷамъиятро интихоб намуданд. Онҳо баъди бунёди тартиботи Шӯравӣ, барои барпо намудани ҳамин гуна ҷамъият шурӯъ намуданд. Аз ҳамин сабаб барои онҳо зарур буд, ки самтҳои асосии замони дигаргунсозиро мушахастар муайян намоянд. Ҳанӯз пештар аз шурӯъ намудан ба бунёди амалии ҷамъияти сотсиалистӣ, асосгузори ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия ва Давлати Шӯравӣ В.И.Ленин, дар асарҳои худ вазифаҳои сохтмони ҷамъияти сотсиалистиро дар чор самтҳои зерин муаяйн карда буд: 1. Саноатикунонӣ, ё худ индустрикунонии мамлакат; 2. Коллективонидани кишоварзон; 3. Инқилоби фарҳангӣ; 4. Ҳалли масъалаи миллӣ.

Аз ин вазифаҳои муайяншуда, вазифаи ҳалли масъалаи миллиро на танҳо барои ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон, ҳатто барои ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, бо гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924, ки дар таърих «табартақсим» ном гирифтааст, иҷрошуда ҳисобиданд. Бинобар ин тамоми фаъолияти ташкилотҳои ҳизбию давлатии чумҳурии мухтории Тоҷикистон, барои иҷроиши вазифаҳои гӯё иҷронашуда, яъне самтҳои – саноатикунонии мамлакат коллективонидани кишоварзон ва инқилоби фарҳангӣ равона гардида буд.

Дар рафти дигаргунсозиҳои хоҷагии халқ ва ҳаёти фарҳангӣ ҳар як самтҳои асосӣ дар анҷуманҳои махсуси ҳизби коммунситии (болшевикии) Умумииттифоқӣ ба тарзи васеъ таҳлил гардида, дар назди коммунистон ва тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои иҷроиши   ҳамчун вазифаҳои мушаххас пешкаш гардиданд. Аз ҷумла, анҷумани XIV ин ҳизб (декабри соли 1925) масъалаи саноатикунонӣ, ё худ индустриякунонии мамлакатро, анҷумани XV (декабри соли 1927) масъалаи коллективонидани кишоварзонро барои иҷроиш пешкаш намуданд.

Ҳарчанд дар ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон давраи азнавбарқароркунӣ идома дошт, вале он аз нақшаҳои умумиттифоқӣ дар канор набуд.    Азнавбарқароркунии хоҷагии халқ дар шароити ин ҷумҳурӣ асосан соҳаи кишоварзиро дар бар мегирифт. Зеро, дар ҳудуди он соҳаи саноат ҳанӯз вуҷуд надошт. Новобаста аз ин, иқтидори молиявии ҷумҳурӣ барои иҷрои вазифаҳои азнавбарқароркунӣ кифоягӣ намекард. Чорабиниҳои азнавбарқароркунӣ бошанд маблағи хеле зиёдро талаб мекарданд. Бо назардошти ҳолати душвори ин ҷумҳурӣ Ҳукумати Шӯравии иттифоқ ба он зиёда кӯмаки молиявӣ расонид. Аз ҳамин сабаб ҳам дотатсияи иттифокӣ дар қисми харҷи буҷаи Тоҷикистон: соли   1926 – 84,0 %, соли 1927 – 92,2%, соли 1928 – 79,7% ва соли 1929 – 72,6% – ро ташкил медод.

Дар ҳудуди ҶМШС Тоҷикистон чорабиниҳои азнавбарқароркунӣ, дар баробари ба кишту кор баргардонидани хоҷагиҳои хабаргардида, инчунин бо азхудкунии заминҳои нав мегузашт. Бо ҳамин сабабҳо ҳукумати ҷумҳурии мухторӣ аз рӯзҳои аввал ба корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида аҳамияти махсус медод. Маҳз инкишофи корҳои обёрӣ имконият дод, ки соли 1929 нисбат ба соли 1925 ҳаҷми заминҳои корам беш аз ду баробар зиёд шуда, аз 98 ҳаз. га. ба 210 ҳаз. га. расонида шавад. Бо мақсади инкишофи кишоварзӣ ҳанӯз, солҳои 1925 – 1926 ба водии Вахш, ки хело камодам гардида буд, аз вилояти Ҳисор 460 хоҷагиҳои деҳқониро кӯчонида оварданд. Минбаъд ба ин мулки зархез аз Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент, аз водии Фарғона ва ғайра хоҷагиҳои деҳқониро кӯчонида оварданд. Он солҳо ба ҳар хоҷагиҳои кӯчонидашуда 4 – 5 гектар замин ҷудо мекарданд. Ҳамон солҳо аз ноҳияҳои Кӯлоб ба ноҳияи Фархор муҳоҷиркунии мардум оғоз гардида буд.

Ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, хоҷагиҳои деҳқонӣ оҳиста – оҳиста дастгирии Ҳукумати Шӯравиро эҳсос мекарданд. Соли 1925 ба ҷумҳурии мухторӣ аввалин трактор оварда шуд ва то охири он сол миқдори умумии тракторҳо дар хоҷагиҳо ба 6 адад расид. Соли 1927 бошад миқдори тракторҳо 30 ададро ташкил доданд. Танҳо соли 1929 ба ҷумҳурӣ 47 адад тракторҳо оварда шуданд, ки онҳо асосан ба округҳои Хуҷанду Ҳисор тақсим гардидаанд. Барои ба деҳқонон фаҳмонидани дастовардҳои навин нуқтаҳои аграномӣ вуҷуд дошт. Дар кори истифодабарии техника ба деҳқонон аскарони сурх кӯмак мерасониданд. Кӯшиш мекарданд, ки деҳқонон ҳар чӣ бештар пахта кишт намоянд.

Дар натиҷаи ҳамаи ин чорабиниҳо дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта сол аз сол афзуд. Чунончӣ: агар соли 1927 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта, бо якҷоягии округи Хуҷанд, 22,9 – 27 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас он соли 1928 ба 37 – 38,6 ҳазор тонна расид. Ин ҳама имконият дод, ки ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон, бо якҷоягии округи Хуҷанд, дар охири соли 1928 дар бисёр соҳаҳои кишоварзӣ ба дараҷаи соли 1914 расида, дар баъзе соҳаҳо аз дараҷаи он сол ҳам гузарад. Яъне, дар ҳудуди ҷумҳурии мухторӣ (бо якҷоягии округи Хӯҷанд) охири соли 1928 давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқ асосан ба итмом расид. Соли 1929 дар ҳудуди ҷумҳурии мухторӣ бори аввал дар водии Вахш, дар ноҳияи Сарой Камар (Панҷи ҳозира) ба кишти пахтаи маҳиннах шурӯъ карданд.

Аввалин корхонаҳои саноатӣ. То замони Шӯравӣ дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ ҳамагӣ якто заводи хурди пахтатозакунӣ дар Сарой Камар (Панҷи ҳозира) вуҷуд дошту халос. Он ҳам дар солҳои авҷи ҳаракати зиддишӯравии 1921 – 1923 тороҷ ва валангор гардида буд. Боқӣ ҳама корхонаҳои хурди косибию ҳунармандӣ: кулолгарӣ, оҳангарӣ, ҷувозҳои равғанкашӣ, осиёбҳои ордкашӣ, коркарди пӯст ва ғайра ба ҳисоб мерафтанд. Миқдори умумии онҳо, мувофиқи барӯйхатгирии солҳои 1926 – 1927 ба 12 ҳазор адад мерасид ва дар онҳо тахминан 18 – 19 ҳазор нафар косибону ҳунармандон кор мекарданд. Аз соли 1926 сар карда ин корхонаҳои хурди косибию ҳунармандӣ ба кооператсияҳои саноатӣ – дар шакли артелҳои соҳавӣ муттаҳид карда шуданд. Аввалин чунин артелҳо – артели коркарди пӯст дар Душанбе ва артели оҳангарӣ дар Ғарм ба ҳисоб мераванд.

Округи Хуҷанд бошад, оиди вазъи саноат, нисбат ба ҳудуди мухтории ҷумҳурӣ хело фарқ мекард. Соли 1924 – дар ҳудуди округ кони ангишти Шӯроб, корхонаи нафткашии САНТО, чор адад заводҳои пахтатозакунӣ ва дигар корхонаҳои хурд фаъолият мекарданд. Соли 1926 дар Хуҷанд боз як заводи пахтатозакунӣ ба кор дароварда шуд.

Дар ҳудуди ҷумҳурии мухторӣ, 28 августи соли 1926 ҳамаи ташкилотҳои кооперативӣ, яъне кооперативҳои қарздиҳӣ, кишоварзӣ, обёрӣ ва ҳунармандӣ ба ташкилоти ягона – кооператсияи Тоҷикистон муттаҳид карда шуданд. Аз соли 1927 дар Кӯҳистони Бадахшон низ арелтҳои ҳунармандӣ бунёд карда шуданд. Соли 1928 миқдори умумии артелҳо дар ҷумҳурӣ ба 41 адад расид, ки дар онҳо қариб 6 ҳазор нафар одамон, аз ҷумла 2705 нафар занҳо кор мекарданд.

Сиёсати ҳизби коммунистӣ алакай дар ҳамон солҳо бунёди на ин ки корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, балки бунёд ва инкишофи корхонаҳои нисбатан калони саноатӣ буд. Дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ анҷумани XIV ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия (декабри соли 1925), чуноне таъкид шуд, роҳи саноатикунонии (индустриякунонии) мамлакатро пеш гирифт, ки он ҳудуди ҷумҳурии мухтори Тоҷикистонро низ дар бар мегирифт. Мувофиқи қарори ин анҷуман саноатикунонии Иттифоқ аз сохтан ва инкишоф додани саноати вазнин – мошинсозӣ, станоксозӣ, оҳангудозӣ ва ғайраҳо оғоз мегардид. Аммо дар ҳудуди ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон ин маърака бояд аз сохтан ва инкишоф додани саноати соҳаи сабук – саноати хӯрокворӣ, коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ, тайёр намудани масолеҳи бинокорӣ ва ғайраҳо сар мешуд. Ҷиҳати фарқкунандаи саноатикунонии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нисбат ба Иттифоқ дар ҳамин буд. Ба ғайр аз ин саноатикунонии ҷумҳурии мухторӣ дар шароити хело вазнин – барои кашондани бор мавҷуд набудани роҳҳои қулай, идомаи ҳаркати зиддишӯравӣ ва ғайраҳо мегузошт. Илова ба ҳамаи инҳо саноатикунонӣ дар шароити ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон дар ҷои тамоман холӣ оғоз гардид. Яъне, дар ҳудуди он ягон корхонаи ақалан вайрона ҳам қариб вуҷуд надошт, ки онро аз нав барқарор намуда, ба кор дароранд. Бинобар ин, дар ҳудуди ҷумҳурии мухторӣ ҳамаи корхонаҳо бояд нав сохта мешуданд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои зиёд, соли 1926 дар ҳудуди ҷумҳурии мухторӣ аввалин корхонаҳои саноатӣ ба кор даромаданд. Ба ин устохонаи челонгарӣ – механикӣ, бо сехҳои дуредгарӣ дар Душанбе ва Кӯлоб, заводи пахтатозакунӣ, осиёбӣ механикӣ, заводҳои равғанкашӣ, собунпазӣ ва истгоҳи барқӣ дар Душанбе мисол шуда метавонанд. Минбаъд адади чунин корхонаҳо пай дар хам зиёд шуданд. Аз ҷумла, солҳои 1926 – 1927 заводҳои пахтатозакунӣ дар Сарой Камар ва Чилликӯл, соли 1927 дар Кӯлоб, Шахритус, Фархор ва Қӯрғонтеппа, соли 1928 дар Регар (Турсунзода) сохта шуданд. Яъне, солҳои 1928/ 29 дар қисми мухтории ҷумҳурӣ аллакай 8 адад заводҳои пахтатозакунӣ фаъолият мекарданд, ки онҳо дорои 657 нафар коргар буданд. Аз соли 1926 сар карда, барои тайёр намудани коргарони касбӣ, курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карданд.

Дар округи Хуҷанд бошад, илова ба корхонаҳои саноатии амалкунанда, солҳои 1927 – 1928 заводи шароббарории Истаравшан, заводҳои коркарди мева дар Конибодом ва Қистакӯз, осиёби механикӣ дар Ғӯлакандоз, фабрикаи шоҳибофии Хуҷанд, ки барои 18 ҳазор нафар коргар муайян шуда буд, роҳи оҳани Мелниково – Шӯроб ва ғайраҳо сохта шуданд.

Нақлиёт ва алоқа. Бухорои Шарқӣ яке аз гӯшаҳое буд, ки ҳанӯз аввали солҳои 20 – уми асри ХХ ҳам роҳҳои ароба ва корвонгузар роҳҳои асосӣ ҳисоб мешуданд. Бинобар ин роҳбарияти ҷумҳурии мухторӣ аз солҳои 1925 – 26 ба масъалаи роҳсозӣ диққати ҷиддӣ дода, қисми асосии буҷаро ба ҳамин соҳа равон карданд. Ҳукумати иттифоқ ҳам ба ҷумҳурии мо кӯмаки амалӣ расонид. 6 апрели соли 1926 қарори аз ҳисоби буҷаи Иттифоқ сохтани роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе қабул гардид. Ба сохтмони ин роҳ 24 июни он сол шурӯъ карда, 1 сентябри соли 1929 ба итмом расониданд ва худи ҳамон рӯз аввалин поезди санҷишӣ бо роҳсозон, 10 сентябр аввалин поезди мусофирбар ба Душанбе омад.

Дар масъалаи роҳсозӣ, мақсади асосӣ – ин ба воситаи роҳҳои мошингард, бо марказ пайвастани нуқтаҳои асосии ҷумҳурӣ буд. Бо ин мақсад, соли 1926 сохтмони роҳҳои автомобилгарди байни Душанбе – Кӯлоб, Душанбе – Қӯрғонтеппа – Ҷилликӯл оғоз гардид ва роҳи Душанбе – Ғарм таъмир карда шуд.Дар болои дарёҳои Кофарниҳон ва Тӯфаланг кӯпрук сохтанд. Аллакай солҳои 1928 – 1929 сохтмони он роҳҳо ба итмом расид. Инчунин роҳи обӣ, ба воситаи дарёҳои Вахш, Панҷ ва Аму ба танзим дароварда шуд. Аз ҷумла, соли 1926 дар дарёи Аму киштии «Тоҷикистони сурх» шино мекард. Соли 1926 роҳҳои доимии ҳавоии байни Душанбе – Тирмиз ва Душанбе – Когон (Бухоро) оғоз гардид.

Бо сабаби он ки бисёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шароити кӯҳӣ ҷойгир буданд, барои он махсусан алоқаи почта ва телеграф хело зарур буд. Ҳол он ки ин масъала дар водиҳои Ҳисору Вахш ва ноҳияҳои Кӯлоб ҳам қаноатбахш набуд. Барои ҳар чӣ зудтар дар шароити ҷумҳурӣ ба танзим даровардани алоқаи почта ва телеграф, 18 апрели соли 1925 идораи алоқаи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.

Дигаргунсозиҳо дар соҳаи кишоварзӣ. Баъди бунёди ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон дар ҳудуди он ду шакли заминдорӣ: мулкӣ (аз он ҷумла мулки бойҳо) ва вақфӣ вуҷуд доштанд. Тамоми сиёсати дар ин соҳа пеш гирифтаи ҳукумати нав ба маҳдуд намудани мулкҳои заминдорони калон ва вақфӣ нигаронида шуд. Дар Кӯҳистони Бадахшон ва округи Хуҷанд чунин дигаргунсозиҳо нисбатан пештар ба амал омад. Аз ҷумла дар Кӯҳистони Бадахшон ислоҳоти замину об ҳанӯз соли 1922 гузаронида шуд. Дар округи Хуҷанд бошад нимаи аввали моҳи феврали соли 1925 ислоҳоти замину обро пурра гузарониданд. 3 ноябри соли 1928 дар ҳудуди округ заминҳои вақфӣ барҳам дода шуд ва он заминҳо ба ихтиёри деҳқонони камбағал гузошт.

2 декабри соли 1925 иҷлосияи фавқулоддаи Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) ҶШС Ӯзбекистон декретҳои «Дар бораи милликунии замин ва об» ва «Дар бораи ислоҳоти замину об» – ро қабул кард. Декрети якум қарорҳои аввалаи ҳукумати ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухороро оиди милликунонии замину об тасдиқ ва такмил медод. Дар асоси ин ҳуҷҷатҳо ба деҳқонон ва иттиҳодияҳояшон заминҳое, ки дар онҳо кор мекарданд, бебозгашт дода мешуд; Ҳар гуна хариду фурӯши замин ва об ғайриқонунӣ ҳисобида, минбаъд манъ карда шуд. Ба ғайр аз ин декрети дуюм бевосита ба муқобили   заминдорону тоҷирони калон ва судхӯрон, ки замини зиёд доштанд, нигаронида шуда буд. Ин ҳуҷҷат ба онҳо истифодаи меҳнати кирояро манъ карда, барояшон ҳаҷми муайяни заминро пешниҳод мекард. Боқимонда замини онҳо бояд мусодира карда мешуд. Аз ҳисоби заминҳои мусодиршуда бояд фонди замини давлатӣ ташкил меёфт. Ба ин фонд инчунин заминҳои вақфӣ ҳам дохил мешуд. Заминҳои фонд бошад ба деҳқонони безамину камзамин тақсим карда мешуд. Инчунин, дар асоси декрети дуюм аз заминдорони калон, дар баробари кашида гирифтани ҳиссаи зиёдатии заминашон, боз талаб мекарданд, ки «ихтиёран» чорвои зиёдатии корӣ ва олотҳои зиёдатии кории худро «фурӯшанд». Аз мардуми собиқ доро на танҳо замин, чорво ва олотхои корӣ мусодира карда мешуд, балки биноҳои «зиёдатии» онҳоро низ мусодира мекарданд. Дар чунин биноҳои мусодиракунонидашуда минбаъд ҳаргуна клубҳо, боғчаи кӯдакон, нуқтаҳои агрономӣ ва ғайраҳоро ташкил медоданд.

10 декабри соли 1926 анҷумани 1 муассисони шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон эъломияро дар бораи милликунонии замин, об, боигарии зеризаминӣ ва ҷангалзорҳоро қабул кард. Мувофиқи ин ҳуҷҷат дар ҳудуди ҷумҳурӣ моликияти хусусӣ будани замину об бекор карда, онҳоро моликияти давлатӣ эълон намуданд. Минбаъд замин ба меҳнаткашон барои истифодабарӣ, бепул дода мешуд.

Дар асоси қарори ҳукуматӣ аз 12 ноябри соли 1927 «Дар бораи вақфҳо», тамоми ин шакли замин ба ихтиёри деҳқононе, ки дар он кор мекарданд, ҳамчун иҷораи мулки давлатӣ дода мешуд.

Вале аксарӣ ҳуҷҷатҳои дар ин ҷода қабул гардида, дар ҳудуди ҶМШС Тоҷикистон бо зуддӣ амалӣ нагардиданд. Аз ҷумла ислоҳоти замину об соли 1929 ҳам, бо сабаби ҳуҷуми Ф.Махсум, мавқуф гузошта шуд. Минбаъд, бо сабаби коллективонидани кишоварзон ҳалли ин масъала аз байн рафт.

Кооператсияи кишоварзӣ. Кооператсия, ин ҳамкорӣ гуфтан аст. Масалан, ҳамкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва тиҷорат мебошад. Бинобар ин он дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат (махсусан косибию ҳунармандӣ), матлубот, тиҷорат, қарз ва ғайра ҷорӣ карда шудааст. Мақсади асосии кооператсияҳои кишоварзӣ, ин расонидани кӯмаки давлатӣ ба деҳқонони яккадаст ба ҳисоб мерафт. Дар округи Хуҷанд, ки ҳанӯз миёнаи солҳои 20 – уми асри ХХ дар соҳаҳои кишоварзӣ азнавбарқароркунии баъди ҳаракати зидишӯравӣ ба итмом расида буд, кооператсияҳои кишоварзӣ пештар ва бештар ташкил ёфта, инкишоф ёфтанд. Онҳо дар қатори фаъолияти қарздиҳӣ, инчунин маҳсулоти худро фурӯхта, аъзоёни худро низ бо ҳар гунна маводҳо таъмин менамуданд. Аммо дар қисми ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон бошад азнавбарқароркунии кишоварзӣ акнун сар шуда буд. Бо ҳамин сабаб дар ин қисми ҷумҳурӣ кооператсиҳо бештар бо фаъолияти қарздиҳӣ машғул буданду халос.

Дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон аввалин кооператсияи кишоварзӣ, дар шакли рафоқати объёрӣ соли 1924 дар уезди Хуҷанд ба вуҷуд омадааст. Дар қисми мухтории ҷумҳурӣ, аввалин кооператсия, июни соли 1925 дар Ҷилликӯл, низ чун рафоқати объёрӣ бунёд гардид. Тирамоҳи соли 1926 дар ҷумҳурӣ шумораи кооператсияҳои кишоварзӣ ба 88 адад расид. Дар ин сол дар Кӯҳистони Бадахшон низ аввалин кооператсияи кишоварзӣ бунёд   гардид.

Оғози коллективонӣ. Ҳамаи дигаргуниҳое, ки баъди бунёди тартиботи шӯравӣ дар деҳот гузаронида мешуд, аз ҷумла ислоҳотҳои замину об, ба як мақсад нигаронида шуда буданд. Ин ҳам бошад ба хоҷагиҳои коллективӣ муттаҳид намудани хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро, тарафдорони чунин сиёсат мегуфтанд, ки: 1) деҳқони яккадаст қобилияти бо иқтидори худ пеш бурдани хоҷагиашро надорад, ва техникаи кишоварзиро харида наметавонад; 2) Агар деҳқони яккадаст хоҷагии худро пеш барад ҳам, аммо вай оҳиста – оҳиста ба байи деҳот – кулак табдил меёбад. Кулак бошад душмани ҷамъияти шӯравӣ ҳисоб мешуд. Бо ҳамин сабабҳо ба хоҷагиҳои коллективӣ ҳамроҳ намудани деҳқононро зарур мешумориданд.

Аз оғози коллективонидани кишоварзон, барои интихоби деҳқонон се шакли хоҷагии коллективӣ: артели кишоварзӣ (колхозҳо), ширкати якҷоя коркарди замин (ТОЗ-ҳо) ва коммунаро пешниҳод   карда буданд. Дар ҳар се шакл ҳам замин моликияти давлатӣ буда, ба чунин хоҷагиҳо, барои истифодабарии доимӣ дода мешуд. Ҷиҳатҳои фарқнунанаи он шаклҳо инҳоанд: Дар артели кишоварзон (яъне, колхозҳо) техника, чорвои корӣ ва дигар олотҳои меҳнат азони колхоз буда, аъзоёнаш – колхозчиён ба ивази меҳнаташон музд мегирифтанд; Дар ширкати якҷоя кардани замин (яъне, ТОЗ – ҳо) аъзоёнаш бо чорвои кории худ меҳнат карда, ба ивази меҳнати худ ва кори чорвояшон музд мегирифтанд. Чунин шаклро муваққатӣ ҳисобида, онро то замони пурқувватшавии колхозҳо зарур ҳисоб мекарданд; Дар коммуна давлат тамоми хароҷоти аъзоёнашро ба ӯҳдаи худ гирифта, онҳоро бо хӯрок, пӯшок ва ҳатто ҷои истиқомат таъмин мекард. Аъзоёнаш ба ивази меҳнаташон ягон хел музд намегирифтанд. Ҳаққи меҳнати онҳо ба фонди давлат мерафт. Ҳеҷ кас ҳақ надошт, ки аъзои коммунаро барои кор кардан маҷбур кунад. Яъне, дар коммуна меҳнат кардан ихтиёрӣ буд. Зеро, онро ба шуурнокии деҳқонон вобаста мекарданд. Дар ҳудуди коммуна пул фаъолият намекард.

Дар амал зараровар будани коммуна фавран маълум гардид. Аз ҳамин сабаб аз он шакли хоҷагидорӣ зуд даст кашиданд. Минбаъд, дар давраи аввал диққати асосиро ба бунёди колхозҳо ва тозҳо равона карда буданд. Вале кӯмаки давлатӣ асосан ба колхозҳо равона карда мешуд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза коллективонӣ аввал аз ноҳияҳои шимолӣ оғоз гардид. Чунончӣ, солҳои 1925 – 1926 дар ҳудуди округи Хуҷанд аввалин 13 колхозҳо ба вуҷуд омаданд. Зеро, маҳз дар ин қисми мамлакат ислоҳоти замину об, чуноне аллакай таъкид шуд, нисбат ба қисми марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ пештар гузаронида шуда буд. Он хоҷагиҳо ҳанӯз хоҷагиҳои хурд буда, ба тарзи расмӣ артели кишоварзии меҳнаткашон номида мешуданд ва апрели соли 1926 онҳо оинномаи худро қабул карданд. Соли 1927 боз ду хоҷагии коллективӣ бунёд гардид. Аз 15 хоҷагии умумии дар округи Хуҷанд мавҷуда, 11 ададашон ширкати якҷоя коркарда замин (ТОЗ) ва 4 адади боқимондаашон артели кишоварзӣ буданд.

Анҷумани XV ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия соли 1927, ки дар мамлакат роҳи коллективониро пеш гирифт, дар ҳудуди Тоҷикистон ҳам, барои инкишофи чунин хоҷагиҳо таккони ҷиддӣ дод. Соли 1928 дар округи Хуҷанд боз 13 хоҷагии нави коллективӣ ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷа шумораи умумии чунин хоҷагиҳо дар ин округ ба 28 адад расид. Аз ин миқдори умумӣ 12 ададашон артели кишоварзӣ ва 16 ададашон ширкатҳои якҷоя коркарди замин (ТОЗ – ҳо) буданд. Миёнаи соли 1929 шумораи умумии хоҷагиҳои коллективӣ дар округи Хуҷанд 79 ададро ташкил намуданд.

Дар ҳудуди ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон, яъне қисми марказӣ ва ҷанубии мамлакат, аввалин ду хоҷагии коллективӣ, яке бо номи «Камбағал» ва дигаре ба номи Нусратулло Махсум, соли 1927, дар ноҳияи Хисор ташкил ёфтанд. Баҳори соли 1928 дар ин ҳудуд, шумораи чунин хоҷагиҳои коллективӣ ба 26 адад расид, ки онҳо ҳамагӣ 366 хоҷагиҳои деҳқониро муттаҳид мекарданд.

Баъди он ки округи Хуҷанд ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд, 1 октябри соли 1929 миқдори умумии хоҷагиҳои коллективӣ дар ҷумҳурӣ ба 209 адад расид, ки онҳо 2888 хоҷагиҳоро муттаҳид мекарданд.

То ин сол ба хоҷагиҳои коллективӣ бештар деҳқононе дохил мешуданд, ки онҳо дар ҳақиқат аз ҷумлаи бечорагон буданд ва барои пеш бурдани хоҷагии худ имконият надоштанд. Бо ҳамин сабабҳо онҳо мӯҳтоҷи ҳаргуна кӯмак буданд.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар замони мухторият ва ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфтани он (солхои 1924 – 1929), Точикон дар замони мухторият ва ба Чумхурии Иттифоки табдил ёфтани он (солхои 1924 – 1929), Азнавсозихои хочаги, Огози коллективони, Дигаргунсозихо дар сохаи кишоварзи, Наклиёт ва алока, Аввалин корхонахои саноати, Вазъи хочагии халк, Самтхои асосии азнавбаркароркуни ва дигаргунсозихо,

ҚаблӣАзнавсозиҳои маъмурию ҷамъиятӣ (ҶМШС Тоҷикистон)
БаъдӣДигаргунсозиҳо дар ҳаёти фарҳангӣ. Маҳви бесаводӣ. Гузаштан ба алифбои лотинӣ