Азнавсозиҳои маъмурию ҷамъиятӣ (ҶМШС Тоҷикистон)

Таъсиси ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Мухтории Тоҷикистон. Баъди бунёди ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон дар назди ҳукумати  ҷавони он иҷроиши  вазифаҳои  мураккаб меистод. Яке аз чунин  вазифаҳо ин таъсиси ташкилотҳои давлатии барои ҷумҳурии  мухторӣ ва ҷамъияти сотсиалистӣ хос ба ҳисоб мерафт. Бо зудӣ он ташкилотҳои маҳаллие, ки ба собиқ  ҷумҳурии Бухоро хос буданд, ба ташкилотҳои маҳаллии ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон табдил дода шуданд. Аммо, ҳанӯз ҳам дар ҳудуди ҷумхурии мухторӣ ташкилотҳои ба замони амирӣ хос вучуд доштанд. Инак, аз 5 феврали соли 1925 дар Бухорои Шарқӣ, ки ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон маҳз дар ҳудуди он бунёд гардида буд, ба  барҳам додани ҳама гуна ташкилотҳои давлатдории  аз замони амирии  Бухоро боқӣ монда шурӯъ карданд ва ба ҷои онҳо ташкилотҳои нав бунёд намуданд. Масалан, бо сабабҳои  гуногун дар ҳудуди ҷумҳурӣ, дар баъзе деҳаҳои махсусан дурдаст, бо сабаби нарасидани кадрҳо, вазифаҳои шӯроҳои маҳаллиро ҳанӯз ҳам оқсақолон иҷро мекарданд, ки онҳоро ба ин вазифаҳо таъин менамуданд. Ё худ дар маҳалҳо  бо масъалаи андоз ҳанӯз ҳам амлокдорҳо машғул мешуданд.  Инак, моҳи апрели соли 1925 вазифаи оқсақолҳо ва моҳи  майи ҳамон сол вазифаи амлокдорҳо барҳам дода шуд.  Вазифаи оқсақолонро минбаъд ба ӯҳдаи кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ супориданд. Бо ҷамъоварии андоз бошад ташкилотҳои махсуси комиссариати халқии молияи ҷумҳурӣ машғул мешуд.  Судҳои  қозигӣ дар ин сарзамин то соли 1928 мавҷуд буданд, вале  акнун фаъолияти онҳоро органҳои судии шӯравӣ назорат мекарданд.

Вазифаи дигари  муҳимтарин ин  гузаштан аз кумитаҳои инқилобӣ, ки аъзоёнаш таъин мегардиданд, ба органҳои  интихобӣ – Шӯроҳо буд. Барои  амалии ин  вазифа соли 1925 дар маҳалҳое, ки ҳаракати  зиддишӯравӣ хомӯш гардида  буд, интихобот ба Шӯроҳои  маҳаллӣ гузаронида шуд. Аммо иштироки мардум дар ин интихобот хеле суст буд. Дар баъзе ноҳияҳо, дар интихобот ҳатто 10 – 15 % – и  мардум  иштирок  намуданду халос. Ба ғайр аз ин шахсони ҳамчун намоянда интихобшуда ҳам амалдорони боломақоми шӯравиро қонеъ намекарданд. Зеро, шахсони интихобшуда аз ҷумлаи муллоҳо ва заминдорони калон, ё худ амалдорони собиқа буданд. Бо ҳамин сабаб натиҷаи ин интихобот бекор карда  шуд ва даъвати анҷумани якуми муассисони Шӯроҳои ҷумҳурии  мухтории  Тоҷикистонро низ  то интихоботи минбаъда  мавқуф  гузоштанд.

Моҳҳои сентябр – октябри соли 1926 дар ҳудуди ҷумхурӣ  интихоботи  нав ба Шӯроҳои маҳаллӣ гузаронида  шуд. Дар ин интихобот, то ин ки ҳолати  интихоботи  соли 1925 такрор наёбад,  собиқ амалдорон, руҳониён, собиқ сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ, ҳатто тоҷирони сектори хусусӣ ва онҳое, ки меҳнати кирояро истифода мебурданд, ҳамчун элементҳои  синфҳои  бегона аз ҳуқуқи интихобӣ, яъне интихоб намудан ва интихоб шудан маҳрум карданд. Албатта пеш аз интихобот дар ҳудуди ҷумҳурии мухторӣ корҳои  ташвиқотиро васеъ намуданд. Аз ҷумлаи  намояндагони  комиссариатҳои маориф, адлия, тандурустӣ ва ғайра, гурӯҳҳои «корвони сурх» ташкил карда шуд. Дар ин маъракаи фаҳмондадиҳӣ, барои занҳо алоҳида ҷамъомадҳо ташкил намуданд. Ин ҳама имконият дод, ки ба шӯроҳо ҷун намоянда асосан шахсони ба ҷамъияти нав содиқ интихоб гарданд.

Анҷумани 1 муассисони шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон. Аз 1 то 12 декабри соли 1926 дар шаҳри Душанбе анҷумани 1 муассисони Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон барпо гардид. То ин ки мақоми синфӣ дар  ҷамъият маълум бошад он лаҳза Шӯроҳоро – Шӯрои намояндагии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх меномиданд.  Бо ин ошкоро нишон  медоданд, ки дар ҷамъият ҳуқуқи табақаҳои боқимондаи аҳолӣ маҳдуд аст. Дар рӯзи  аввали анҷуман эъломия дар бораи ташкилёбии  Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид. Яъне, бо ин ҳуҷҷат бунёди  ҷумҳурии мухтории  тоҷикон қонунӣ гардонида шуд.

Анҷуман фаъолияти дусолаи кумитаи инқилобии  ҷумҳуриро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва хоҷагӣ ҷамъбаст намуда, вазифаҳои минбаъдаро муайян намуд. Аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ, вазифаи азнавбарқароркунӣ ва инкишофи минбаъдаи иншоотҳои обёрикунанда, зиёд намудани заминҳои корам, афзуни истеҳсоли пахта ва ғайра дар назар дошта мешуд. Дар масъалаи маориф, анҷуман зарурияти саводнокии мардумро ба инобат гирифта, эъломияро «Дар бараи ҷорӣ намудани таълими умумии меҳнаткашон» қабул намуд. Бо ин ҳуҷҷат бори дигар таҳсили ройгон хотиррасон гардид.

Анҷуман қарорро «Дар бораи ҳуқуқҳои занони меҳнаткаши ҶМШС Тоҷикистон» ва муроҷиатномаро «Ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон оиди  озодии занон» қабул кард. Ба ин хуҷҷатҳо на танҳо бори дигар баробарҳуқуқии  занон бо мардон эълон шуд, балки таъкид гардид, ки  ҳуқуқи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, хоҷагӣ ва фарҳангӣ таъмин карда мешавад.

Анҷуман ба ҷои Кумитаи Инқилоби Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) ҶМШС Тоҷикистонро интихоб намуда, тамоми ҳокимиятро  ба ихтиёри он супорид ва онро вазифадор намуд, ки то анҷумани дигар Сарқонуни (Конститутсияи) ҷумҳуриро омода намояд. 12 декабри соли 1926 дар ҷаласаи аввали иҷлосияи якуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон  раёсати  КИМ интихоб гардид, ки он дар навбати худ ҳокимияти ҷумҳурӣ – Шӯрои Комиссарони Халқро ташкил  дод. Раиси КИМ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) интихоб ва раиси Шӯрои Комиссарони  Халқ Абдуқодир Муҳиддинов  таъин гардиданд.

Ҳамин тавр, анҷумани якуми муассисони Шӯроҳои ЧМШС Тоҷикистон давраи аз кумитаҳои  инқилобӣ ба Шӯроҳо гузоштанро анҷом дод. Албатта бо чунин усули интихобӣ ташкил намудани ҳокимияти қонунбарор ва ҳокимияти иҷроия дар ҳаёти мардуми Бухорои Шарқӣ як воқеъаи нав, бе гуфтугӯ пешқадам ба ҳисоб меравад.

Дигаргуниҳо дар идоракунии маъмурӣ. Солҳои 1926 – 1927 дар  тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна тақсимоти нави маъмурӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи он аз тақсимоти чорзинагии маъмурӣ – вилоят, уезд, волост ва шӯрои маҳаллӣ, ба тақсимоти сезинагӣ – округ, ноҳия ва шӯрои маҳаллӣ гузаштанд. Дар ҶМШС Тоҷикистон 3 ноябри соли 1926 кентҳо барҳам дода шуданд. Минбаъд ҳамаи вилоятҳои ҷумҳуриро ба округҳо табдил доданд. Округҳо ба ноҳияҳо ва ноҳияҳо ба шӯроҳои  маҳаллӣ тақсим мешуданд. То моҳи сентябри соли 1929 ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, боз округҳои Ғарм, Ҳисор, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент ва Уротеппа (Истаравшан) дохил мешуданд.

Бунёди ташкилотҳои ҳизбию ҷамъиятӣ. Дар назар дошта шуда буд, ки дар сохтмони давлатии он давр тамоми ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва  ҳизбӣ – ҳизби коммунистӣ, иттфоқи ҷавонон ва иттфоқҳои касаба бояд фаъолона иштирок намоянд. Ҳизби коммунистӣ дар шароити ҷумҳурии мухтории  Тоҷикистон ҳам, новобаста аз камшумории коммунистон (феврали соли 1925 онҳо ҳамагӣ 397 нафар буданд), аллакай мақоми ҳизби роҳбарикунандаро мебозид. Ташаккулёбии он ҳам баробари  барпо гардидани ҷумҳурии мухторӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, баъди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон, охири соли 1924 бюрои  ташкилии ҳизби коммунистии (болшевикии) Ӯзбекистон дар  Тоҷикистон бунёд гардид. Октябри соли 1927 он ба кумитаи вилоятии Тоҷикистонии ҲК(б) Ӯзбекистон табдил ёфт. Котибони масъули бюрои иҷроияи он М. Хоҷаев ва А.Т. Ширвонӣ интихоб гардиданд.

Декабри соли 1924 бюрои ташкилии иттифоқи ҷавонони (комсомол) Тоҷикистон бунёд гардид. Октябри соли 1925 он ҳамчун кумитаи вилояти Тоҷикистонии иттифоқи чавонони Ӯзбекистон ташкил ёфт ва то январи соли 1930 чунин ном дошт. Иттифоқҳои касаба дар ҳудуди ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, яъне дар ҳудуди  Бухорои Шарқӣ, бо номи «Қӯшчӣ» («Ҷуфтгар»)  фаъолият мекард.  «Қӯшчӣ» моҳи июли соли 1927 ба  «Иттифоқи ҷуфтгарон» табдил ёфт. Моҳи  марти соли 1925 бюрои ташкилии иттифоқи касабаи ҶМШС Тоҷикистон бунёд гардид.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар замони мухторият ва ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфтани он (солҳои 1924 – 1929), Точикон дар замони мухторият ва ба Чумхурии Иттифоки табдил ёфтани он (солхои 1924 – 1929), Азнавсозихои маъмурию чамъияти, Бунёди ташкилотхои хизбию чамъияти, Таъсиси ташкилотхои давлатии Чумхурии Мухтории Точикистон, ЧМШС Точикистон.

ҚаблӣГузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
БаъдӣАзнавсозиҳои хоҷагӣ (ҶМШС Тоҷикистон)