Сармоя хамчун омили истехсолот

Сармоя ҳамчун омили истеҳсолот, Сармоя хамчун омили истехсолот


Мазмуну маънидоди сармоя. Сармоя ҳамчун омили истоҳсолот

Сармоя яке аз мафҳумхои маълуму васеъ паҳншудаи илми иқтисодӣ ба шумор меравад. Доир ба вай иқтисодшиносони зиёде изҳори ақида намудаанд.

Дар илми муосири иқтисодӣ чунин маънидодҳои сармоя пешниҳод шудаанд:

а) сармоя арзишест, ки арзиши изоваро ба вуҷуд меорад; П-М-П1; б) арзиши софи активҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъи бо тарҳи уҳдадориҳо; в) сармоягузори аз тарафи сармоягузорон дар шакли воситаҳои молиявӣ ва моддӣ; г) маҷмуи захираҳои дар фаъолияти бизнес истифодашаванда; д) воситаҳои истеҳсолоти аз ҷониби одамон бавуҷудовардашуда; е) ҳамчун омили истеҳсолот.

Бояд иқрор шуд, ки дар адабиёти иктиодӣ оиди фаҳмиш ва муайян кардани моҳияту мазмун, таркиб, шаклу намуд ва истифодаи сармоя ҳамдигарфахми вучуд надорад. Масалан К. Маркс таҳти сармоя маблагҳои муайяни пулӣ, молҳои тайёр, Ки ҳамчун натиҷаи истисмор ва азхудкунии капиталисти сурат мегирад маънидод намудааст. Тибки ақидаи ӯ сармоя чиз набуда, ҳамчун муносибатҳои истеҳсолии мукарарии ҷомеавӣ баромад мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

П. Самуелсон сармояро ҳамчун омили миёнаравии истеҳсолот медонад баъзеҳо онро ҳамчун кули захираҳои моддӣ, яъне чизҳои моддию ғайримоддӣ, донишу маҳорати инсон тасаввур мекунанд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ сармоя на аз нигоҳи назариявӣ, балки бештар аз нуқтаи назари омили истеҳсолот тавсиф карда мешавад.

Аз ҳамин ҷиҳат сармоя ва воситахои истеҳсолот дар як маъно фаҳмида мешавад.

Таҳтисармоя дар бозори омилҳо – бино, таҷҳизот, мошинаҳои корӣ, дастгоҳҳо, захирахо, чизхои қиматдор, ки асосан ба ҳавзаи бизнес алокаманданд дар назар дошта мешавад.

Сармоя – ин арзиши доимо афзоянда мебошад, муайян аст, пул танҳо дар ҳолате ба сармоя мубадал мегардад, агар дар истехсолот воситаи бавучудоварандаи арзиши изофа гардад. Мебинем, Ки ин дар бизнеси истеҳсоли чи тавр сурат мегирад.

Ин тарзи маънидодкунии сармоя аз чониби классикони иқтисоди сиёси А. Смит ва Д. Риккардо пешкаш карда шудааст. Масалан А. Смит таҳти сармоя меҳнати андухташудаи коргарро мефаҳмад. Тибқи ақидаи Д. Риккардо сармоя воситаи истеҳсолот аст.

Мувофики ақидаи Ҷ. Робинсон сармоя ҳанӯз дар шакли сармоягузории молияви қарор додрад, он ҳоло пул аст на сармоя.

Аз маънидокуниҳои боло хулоса бармеояд, Ки сармоя бояд:

а) мазмуни зоҳирӣ, б) мақсад ва мақоми истифода, в) натиҷаи ниҳоӣ дошта бошад. Аз ин лиҳоз сармояро чунин таъриф додан мумкин аст: сармоя маҷмуи чизҳо ва пулхое мебошад, ки ба мақсади эҳё ва ташкил кардани тавлиди молу хизмат ва гирифтани фоида нигаронида мешавад.

Формулаи бизнеси истеҳсоли чунин шакл дорад.

П-М-П’

Аз формула дида мешавад, ки барои оғоз намудан ба истеҳсолот пул доштан лозим.

Ба воситаи он омилҳои истеҳсолот, воситаҳои истеҳсолот ва қувваи коргари дастрас намудан мумкин.

Дар нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои XX сармояро ҳамчун маҷмуи арзишҳое тасвир медоданд, ки гуё худ аз худ афзун мегардад ва ё ба фоидахурию фоидаситонӣ нигаронида шудааст.

Ҷамъи сармояи корхона дар ду намуд ҷой дошта метавонад:

  • сармояи пулӣ;
  • сармояи моддӣ;
Сармоя

Сармояи пулӣ   Сармояи ҷисмонӣ

Маблағҳои пулӣ   Воситаҳои истеҳсолот

Маблағҳои дар ҳисобҳо Буда   Олотҳои меҳнат, бино, иншоот, сармояи асосӣ

Қоғазҳои қимматнок   Таҷҳизот, воситаҳои нақлиёти боркашонӣ

Маблағҳои барои музди кор ҷалбшуда   Ашёи хом, сузишворӣ, қувваи барқ, сармояи гардон

Ғайр аз ин он дар таркибу маънидоди умумии сармоя намудҳои зерини вай фарқ карда мешавад:

а) сармояи асосӣ;

б) сармояи гардон;

Ҷудокунии сармояи асосиву гардон аз нуқтаи назари ҳаракати он пеш гирифта шавад, аз нуқтаи афзудани арзиш фарқ карда мешавад:

а) сармояи доимӣ;

б) сармояи тағйирёбанда;

Фирма барои ташкил кардани раванди тавлиди неъматхову хадамот дар ихтиёри худ як миқдор сармояи ибтидоӣ бояд дошта бошад. Ин сармоя одатан дар ду шакл: шакли моддӣ ва шакли пулӣ мавчуд буда метавонад.

Дар шакли модди сармоя ҳамчун воҳидҳои асосии омилҳои истеҳсолот – дастгоҳ, таҷҳизот, бино, ашё, материал, нимфабрикат ва ғайра ташкил меёбад.

Захираҳои моливии корхона сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва дигар воситаҳои пулию қарзии корхона ҳамчун сармоя дар шакли пулӣ ташкил меёбанд.

Раванди паи ҳам ва аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани сармоя – гирдгардиши сармояро ташкил медиҳад.

Раванди доимӣ ва паи ҳам такроршавии гирдгардиши сармоя ҳмчун гардиши сармоя сурат мегирад.

Гирдгардиши сармоя се давраро дар бар мегирад. Тамсилаи гирдгардиши сармояро чунин тасвир кардан мумкин:

П-Мви, қк ….И…М’-П’

П- воситахои пулӣ

Мви- воситаҳои истеҳслот

Мқк –қувваи коргарӣ

И- раванди истеҳсолот

М’- маҳсулоти тайёр

П’-фондҳои пулие, ки баъди фуруши маҳсулот ба даст меояд

Таркиби сармоя ва суръати гардиши он вобаста ба хислат ва омилҳои муайянкунандаи онҳо ҳархела сурат мегирад. Аз ин ру муайян намудани суръати гардиши сармоя барои соҳибкор аҳамияти калон дорад.

Давраи гардиши сармоя ҳамчун сарфаи вақте, ки дар давоми он захираҳои сармоягузорӣ паи ҳам давраи муомилот, давраи истеҳсолот ва давраи дуюми муомилотро аз       сар мегузаронанд ва боз ба шакли ибтидоии худ бар мегарданд, фаҳмида мешавад.

П-Мви, қк ….И…М’-П’

Он ҳамчун саҷамъи вақти истеҳсол (…И…) ва вақти муомилот (П- Мв,қК ва М’-П’) ташкил мегардад. Суръати гардиши сармоя, дар доираи ҳар як давраи гардиш вобаста ба омилҳои истеҳсолот, хислатҳои соҳа, алалхусус хочагии кишлоқ, ки табиатан дар он ҷо гирифтани ҳосил дар давоми сол як маротиба имконпазир аст ҳархела ба роҳ монда мешавад. Формулаи суръати гардиши сармоя аз чониби К. Маркс чунин тавсиф дода шудааст:

n =0/o

Дар ин ҷо:

n- миқдори гардиш

0- давомнокии сол

o- вақти гардиши сармояи мазкур

вақти гардиши сармоя ҳамчун ягонагии вақти истеҳсол ва муомилот баромад мекунад.

Вақти вакте мебошад, ки восита ва предмтҳои меҳнат мустақиман дар доираи истехсолот банд мебошанд.

Вақти истеҳсол чунин давраҳоро дар бар мегирад:

-вақти воситаҳои истеҳсолот;

-вақти ба ҳам пайваст кардани омилҳои истехсолот, вақти корӣ;

-вақти танафусҳои меҳнатӣ;

Вақти муомилот даврае мебошад, ки предмет ва воситаҳои меҳнат бевосита дар давраи муомилот мебошанд:

-вақти ба амбор дохил шудани маҳсулоти тайёр;

-вақти боркашонӣ;

-вақти фуруш;

-вақти хариди воситаҳои нави истеҳсолот;

Таркиби сармояи фирма аз сармояи асосӣ ва сармояи гардон иборат мебошад.

Сармояи асоси, қисми сармояи маҳсулдеҳи корхона мебошад, ки дар ҷараёни истеҳсолот мудати

тулонӣ иштирок намуда, арзиши худро дар қисм ба қисм ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд.

Сармояи асосӣ апарати истеҳсолии ҳар як фирмаву шмркатро ташкил медиҳад. Вобаста ба он неруи истеҳсолӣ ва дараҷаи техники истеҳсолот муайян карда мешавад.

Дар соҳаи металургӣ, мошинсозӣ, нафту химия, электроэнергетикӣ вазни қиёсии биною таҳизот, дасгоҳу мошин ва ғайра бартарӣ дорад.

Дар соҳаи кишоварзи бошад, баръакс замин, иншоотҳо яъне предметҳои меҳнат.

Сармояи асоси ба ду қисм тақсим мешавад: сармояи асосии истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ.

Сармояи асосии истеҳсоли иборат аст аз дастгоҳ, таҷҳизот, нақлиёт ва ғайра. Сармояи асосии ғайриистеҳсолӣ – хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмури ва ғайра.

Вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сармояи асоси ба ду қисм тақсим мешавад: қисми активи ва қисми пасивӣ.

Ҳар як захираи истеҳсолиро барои муайян намудани самаранокии истифодабариаш аз руи фондҳои асоси бо як ченаки умуми муайян карда мешавад, ки фондбоздеҳӣ ном дорад.

Фб == Ҳм/Фа

Қисмати дигари сармояи корхона сармояи гардон номида мешавад. Сармояи гардон гуфта он қисми сармояи корхона дар назар дошта мешавад, ки дар ҷараёни истеҳсолот яку якбора истифода шуда арзиши худро пурра ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд. Ба сармояи гардони корхона дохил мешавад: ашё, сузишворӣ, материалҳо, қувваи барқ, нимфабрикатҳо.

Сармояи гардон тақрибан ¼ ҳиссаи кули чармояи корхонаро ташкил медиҳанд. Вазни қиёсии онҳо дар хароҷоти ҷории истеҳсоли маҳсулот зиёда аз 80 сал дар садро ташкил медиҳад.

Фондҳои гардони корхона бе фондҳои муомилот имконнопазир мебошанд. Фондҳои муомилот аз маблағҳои умумии пулӣ ва молҳое, ки барои фуруш пешниҳод карда мешаванд иборатанд.

Сармояи асосӣ аз чиҳати сохт, таркиб, имконияти ҷисмонӣ, муҳлати амал аз 1 то 50 сол ва аз он зиёдтар хизмат мекунанд. Онҳо дар ин давра зери таҳсири омилҳои табиию иқтисодӣ ва техникӣ ба хурдашавӣ дучор меоянд.

Механизми такрористехсоли сармояи асосӣ чунон сохта шудааст, ки онҳо бояд махсулнок истифода шаванд ва дар ҷараёни хурдашави захираҳо ба вучуд оварда аз нав баркарор гарданд.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ ду намуди хурдашавии сармояи асосиро фарқ мекунанд: хурдашавии ҷисмонӣ ва маънавӣ, дуруст бароҳ мондани тарзи ҳисобу китоби сармояи асосӣ имконият медиҳад, ки муҳлати хизмати онҳо ва меъёри истеҳлок дуруст муайян карда шавад.

Хурдашавии ҷисмонӣ раванде мебошад, ки сармоя дар давоми мӯхлати хизмати худ хурда шуда, барои истифодаи минбаъда нодаркор мегардад.

Дар хурдашавии ҷисмонӣ ду ҷанбаи мухимро фарқ мекунанд: 1) техникию истеҳсолӣ- аз даст додани арзиши истеъмолӣ; 2) арзиши – қисм ба қисм ба маҳсулоти тайёр гузаронидани арзиш;

Хурдашавии маънавӣ ҳамчун раванди арзон шудани сармояи асосӣ дар натиҷаи баланд шудани ҳосилнокию шидатнокии меҳнат, паст гардидани арзиши воситаҳои асосӣ ва пайдо шудани воситаҳои навтарини истеҳсолӣ фаҳмида мешавад. Асоси фарсудашавии маънавиро пешрафти илмӣ-техникӣ, ки ба пайдо шудани техникаю технологияи нав, намудҳои нави маҳсулоту хадамот сабаб мегардад, ташкил медиҳад.

Роҳи муҳимтарини барқарор кадани фарсоиши сармояи асосӣ – ҳиссаҷудокуниҳои аматизатсионӣ мебошад.

Таҳти истеҳлок (амартизатсия) раванди ба қисмҳо интиқол намудани арзиши фондҳои асосӣ ба маҳсулоти истеҳсолгардида ва истифодаи ин арзиш барои подош кардани қисми фарсудашудаи воситаҳои истеҳсолот фаҳмида мешавад.

Ҳиссаҷудокуниҳои амортазиатсионӣ барои ҳар як корхона мувофиқи нормаҳои муқараргардида муайян карда мешавад.

Нормаи амартизатсия, ҳамчун нисбати маблағҳои солонаи ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ ба арзиши миёнаи солонаи фондҳои асосӣ, Ки бо фоиз ифода карда шудааст, муайян карда мешавад.

Nам =Ҳа/Фа* 100%

Муҳлати истифодаи сармояи асосӣ дар давлатхо вобаста ба тарақиёти иқтисодиашон гуногун мебошад: дар далатҳо инкишофёфта аз 3 то 10 сол, дар Россия – 13 сол, дар Япония 8 сол, дар ҶТ 20 солро ташкил медихад.

Маҳсулдеҳии холиси сармояро дар ҳамон мебинанд, ки агар корманд дар ду ҳолат, мавриди меҳнатро дастӣ иҷро кардан ва истифода бурдани олоту асбоби муайян ҳосилнокии ҳархелаи меҳнаташро пешниҳод мекунад. Гирем бо даст дар давоми басти корӣ 15 донна маҳсулот истеҳсол мекарданд. Мавриди ҷори гаштани асбоби нав ҳосилнокии меҳнати корманд ба 40 воҳид маҳсулот мерасад. Маҳсулнокии холиси сармоя ба ( 40-15=25 ) 25 баробар дониста мешавад.

ҚаблӣБозори сармоя (кори курси, реферат, кори мустакилона)
БаъдӣТакозо ва арза дар бозори сармоя, ташаккули нарх