Эй сорбон як дам бимон к-он ҷони ҷонам меравад (шеър)

Эй сорбон як дам бимон к-он ҷони ҷонам меравад,
К-аз бар маро ошиқкуши номеҳрубонам меравад.

Мову замину осмон ҷумла фироқ асту фиғон,
Охир ки бо он корвон, ороми ҷонам меравад.

Дорам ба дил садҳо алам, аз дурию аз дарду ғам,
Оҳам зи ин дарду алам то каҳкашонам меравад.

Гуфтам надонад халқ аз ин, з-ишқи ману он маҳҷабин,
Аммо чи созам сирри дил, аз худ забонам меравад.

У меравад бо корвон, ман мондаям бо дарди ҷон,
Дил ҳам пайи у давдавон аз пушти ҷонам меравад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Як дам бимон эй сорбон, суръат мадеҳ бо корвон,
К-аз ҳаҷри он моҳи равон, аз тан равонам меравад.

Охир вафодорат манам, ëри сазоворат манам,
Аз ман марав ки маънии ҳарду ҷаҳонам меравад.

Бо о ки қурбонат шавам, қурбони ишқи ту манам,
К-аз дурият ҷон аз дилу дил аз имонам меравад.

Шабҳо ҳама нолон манам, дар оташат бирëн манам,
К-аз ҳаҷри ту нуру зиë аз хонадонам меравад.

Ман мондаам дур аз бараш, гуи чу саг пушти дараш,
Охир зун аз чашми тарам бар остонам меравад.

Ишқи ман аз рӯи вафост, ин ишқи поку босафост,
К-ӯ кам намегардад зи дил, гарчанд ҷонам меравад.

Ишқ аз макони Кибриëст, ишқ аз нури рӯи Худост,
Эй ошиқонро ҳамчу ҷон, ҷон суи ҷонам меравад.

Шайдо чу Саъди дар ҷаҳон, бошӣ илоҳо шеърдон,
Ин шеъри ноб чун армуғон, бар дустонам меравад.

Саъдӣ

ҚаблӣШеър – Шукрона мекунам Худо
БаъдӣБишнав аз най чун ҳикоят мекунад