Миср ва шарқи Баҳри Миёназамин

Миср ва шарки Бахри Миёназамин. Хукмронии птолемейхо. Шахри Искандария. Пешрафти санъат. Пешрафти илм.


ҲУКМРОНИИ ПТОЛЕМЕЙҲО

Соли 323 пеш аз милод яке аз ҳамсафони Искандар Птолемей шоҳи Миср шуд. Баъди вафоти Искандар ва парокандашавии давлати ӯ Миср истиқлолият ба даст медарорад ва Птолемей худро шоҳи ин давлат эълон мекунад.

Птолемей ҳаракат мекард, ки қаламрави давлати Мисрро аз ҳисоби заминҳои шарқии Баҳри Миёназамин васеътар кунад. Ба ӯ муяссар шуд, ки қисми ҷанубии Сурияро забт кунад. Птолемей ба Осиёи Хурд ҳам лашкар кашида, вилояти Ликияю Кария ва Милетро ишғол кард. Дар асри III пеш аз милод кори Птолемейро Птолемейи II ва Птолемейи III давом доданд.

Барои забти қисмати шарқии Баҳри Миёназамин, аз ҷумла Сурияю Финиқия птолемейҳо 5 маротиба лашкар кашида, оқибат онҳоро ишғол карданд. Дар баробари ин, птолемейҳо роҳи муҳимми тиҷоратиро, ки аз Сурия то ба Ҳиндустон рафта мерасид, ба даст дароварданд.

Птолемейҳо барои ба халқи Миср ва шарқи Баҳри Миёназамин наздик шудан кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Барои ҳамин, онҳо худро аҷдоди фиръавнҳо меҳисобиданд ва ҳамаи он касонеро, ки аз насли фиръавнҳо буданд, соҳиби мансабҳои калон карданд. Ба ашрофони дигари Миср ва шарқи Баҳри Миёназамин ҳам мансаб дода, бо ин роҳ давлат ва мулкҳои беруназмисрии худро идора мекарданд.

Аз охирҳои асри III пеш аз милод cap карда, дар дарбори Птолемей низоъҳои сулолавӣ cap мешаванд, ки онҳо иқтидори Мисрро суст карданд. Аз ин вазъияти ногувори Миср давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, давлати Селевкиён истифода бурданд. Соли 170 пеш аз милод шоҳи он Антиохи IV ба Миср ҳуҷум кард. Танҳо бо дахолати Рум, ки дар ин давра яке аз давлатҳои пурқувваттарини замон буд, Миср аз истилои Селевкиён наҷот ёфт.

ШАҲРИ ИСКАНДАРИЯ

Ба ин шаҳр Искандар ҳанӯз ҳангоми лашкаркашӣ ба Миср асос гузошта буд. Дар муддати кӯтоҳ Искандарияи Миср ба яке аз шаҳрҳои ободу зеботарини ҷаҳони ҳамонвақта табдил меёбад. Ин шаҳр дар резишгоҳи дарёи Нил, дар ҷойи хушобу ҳаво ва барои лангарпартоии киштиҳо мувофиқ сохта шуда буд. Ба он ҷо тоҷирон ҳам ба воситаи дарёи Нил ва ҳам аз тарафи Баҳри Миёназамин рафтуо мекарданд.

Д ар бандарҳои Искандария киштиҳои тоҷирон қариб аз тамоми мамлакатҳои рушдкардаи Осиё ва Аврупо лангар мепартофтанд. Барои он ки киштиҳо Искандарияро ёфта тавонанд, устоҳои забардасти мисрӣ дар ҷазирае воқеъ дар назди соҳили Баҳри Миёназамин бинои баландиаш 140-метраро сохтанд. Рӯшноии он тавассути шишаҳои махсус дар масофаи қариб 100 километр намудор буд. Минои Искандария яке аз 7 муъҷизоти дунёи қадим мебошад.

ПЕШРАФТИ ИЛМ

Дар китобхонаҳои Искандария ва шаҳрҳои дигари Мисру шарқи баҳри Миёназамин дар зери назорати шоҳҳо ҳазорон рисолаҳои илмӣ ва дастхатҳои дигар гирд оварда шуда буданд. Он вақт мардуми Миср дар папирус ва пергам менавиштанд.
Ҳайкалчаи Юнони Танҳо дар китобхонаи Искандария, ки онро қадим. «Мусей» меномиданд, 700 ҳазор ҳамин гуна дастхат ва рисолаҳои папирусию пергамӣ маҳфуз буданд.

Тайёр кардани «коғаз»-и пергам кори мушкил буд. Онро аз пӯсти гӯсола ва бузғола тайёр мекарданд. Ватани коғази пергам шаҳри Пергами Осиёи Хурд буд. Коғази пергам мустаҳкам, вале ниҳоят қимат буд. Барои тайёр кардани як ”китоби” пергамӣ гӯсолаю бузҳои зиёдеро cap буридан лозим меомад. Баъд косибон аз пӯсти онҳо бо усули мураккаб барои навиштан «коғаз» тайёр мекарданд.

Дар илми риёзӣ Евклид ном шахс хеле машҳур гардид. Ӯ дар шаҳри Искандарияи Миср таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо доир ба ҳандаса (геометрия) асарҳои бебаҳо навиштааст, ки онҳо номи вайро машҳур гардондаанд. Искандарияи Миср бо шарофати ӯ ва шогирдонаш ба яке аз марказҳои калонтарини илми риёзии ҷаҳон табдил ёфта буд. Беҳуда нест, ки Архимед ном олими бузург аз Ситсилияи империяи Рум ба ин шаҳр омада, илми риёзиро меомӯхт.

Ситорашиносон ва ҷуғрофидонҳои мисрӣ бо усули махсус дарозии давродаври кураи Заминро ҳисоб карда тавонистаанд. Зимни донишҳои ситорашиносӣ онҳо тақвими хеле дақиқи худро кор карда баромаданд.

ПЕШРАФТИ САНЪАТ

Санъат дар Миср ва шарқи Баҳри Миёназамин тавассути таъсири ҳунари Юнон ба дараҷаи баланд рушду нумӯ кард. Ба ин ҷо аз Юнону Мақдунияи Балкан ҳазорон меъморон, ҳайкалтарошон, бинокорон ва рассомҳои забардаст омада, зиндагӣ мекарданд ва ёдгориҳои бузурги санъат меофариданд.

Меъморӣ хусусан дар Искандарияи Миср, Пергам, Родос ва Милет аз рӯйи тарзи сохтмон, истифодаи масолеҳи бинокорӣ, ороиши биноҳо ва ободонии шаҳрҳо бо сифати баланди худ фарқ мекард.

Дар шаҳри Пергам деворе сохта шуда буд, ки дар он тавассути нақши муқарнас манзараи муҳориба ва ғалабаи худоҳои олимпӣ бар махлуқҳои азимҷусса инъикос ёфта буд. Дар бунёди ин ёдгории таърихии бузург саҳми меъморон, бинокорон ва ҳайкалтарошон беандоза аст. Он бо чунон санъати баланд сохта шуд, ки кас вазъияти рӯҳӣ, дарди тоқатнопазир, нотарсӣ, шуҷоатмандӣ, ҷуръат, ҳашамат ва бузургии худоҳоро бармало эҳсос намуда, дар инсон нисбат ба махлуқҳо ҳисси нафрат ва нисбат ба худоҳо ҳисси раҳму шафқат ва таваҷҷуҳи хосаро ба вуҷуд меоваранд. Дарозии ин нақши муқарнас ба 120 метр мерасид ва яке аз бузургтарин асарҳои санъати ондавраинаи соҳили шарқи Баҳри Миёназамин ба ҳисоб меравад.

КОЛОССИ A3 РОДОС

Баъд аз муҳосираи бобарор ҷазираро тарк кардан Полиоркет (писари ҳокими Осиёи Пеш ва Сурия) гелиополиди бузург – муъҷизаи оламро дар соҳил партофта рафт, чунки он вазифаи худро иҷро карда натавонист. Ана ҳамин аслиҳа ба шаҳри Родос ҳам фоида ва ҳам обрӯй овард. Тоҷирон, ки дар шаҳр баъд аз ғалаба ҷамъ омада буданд, пешниҳод карданд. ки гелиополидро бо мақсади гудозиш мефурӯшанд. Барои гелиополид 300 талант талаб карданд, ки он замон маблағи афсонавӣ буд. Ба хотири наҷотёбии шаҳр қарор дода шуд, ки ба пули фурӯши манораи филизӣ ҳайкали Колосс – ҳимоятгари Родос сохта шавад. Родосиҳо боварии комил доштанд, ки ҷазира аз қаъри баҳр ба рӯйи замин маҳз бо хоҳиши ҳамин Худо бардошта шудааст.

Шаҳрдорҳо қарор доданд, ки ҳайкалро Харес – шогирди Лисипп Харес тарошад. Харес пешниҳод намуд, ки Колосс бо қомати рост сохта шавад…

Колосс аз мармари сафеди суфтакардашуда дар соҳили бандар, болои теппаи сунъӣ қомат рост карда буд. Дар дувоздаҳ соли сохтмон қомати ҳайкалро касе надид, чунки ҳар бор дар баробари сохтани қисматҳои болотар поёни онро бо тунукаҳои навбатии биринҷӣ печонда гирифта, байни онро аз хок пур мекарданд. то ки кори устоҳо осон шавад. Баъди анҷоми сохтмон аз рӯйи ҳайкал тунукаҳою хок канда партофта шуданд. Танҳо баъд аз ин родосиҳо Худо пуштибони худро диданд. Сари ӯро гулчанбари шаъшаапош зебу зинат медод.

Худои пурҷило аз масофаи аз Родос хеле дур ҳам ба назар менамуд. Дере нагузашта. овозаи он дар тамоми олами бостонӣ паҳн гардид, вале баъди ним аср заминларзаи сахт, ки Родосро хароб кард, Колоссро низ ба замин хобонид. Ҷойи аз ҳама заифи ҳайкал зонуҳои он будааст. Аз ҳамин ҷост, ки ибораи «Колосси пойҳояш гилин» вирди забонҳо гашт.

Колосси порашуда ҳазор сол дар Родос хобид, то он вақте ки соли 977 ҳокими маҳаллии араби ба пул эҳтиёҷманд онро ба як тоҷир фурӯхт. Тоҷир, барои он ки ҳайкалро ба ҷойи гудозиш барад, онро қисм-қисм бурида, филизи биринҷиро ба 900 уштур бор кард.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи ҳукмронии сулолаи Птолемейҳо дар Миср нақл кунед.
  2. Шаҳри Искандарияи Мисрро аз харита ёбед.
  3. Дар бораи Минои Искандарияи Миср маълумот диҳед.
  4. Мисриён чӣ гуна ҷойро «мусей» меномиданд?
  5. Коғази пергамро чӣ тавр тайёр мекарданд?
  6. Дар бораи пешрафти илмҳои риёзӣ ва ситорашиносӣ нақл кунед.
  7. Евклид кӣ буд?
  8. Дар бораи дар шарқи Баҳри Миёназамин рушду нумӯ кардани фарҳанг далелҳо биёред.
ҚаблӣТашкилёбии империяи Искандари Мақдунӣ
БаъдӣДавлатҳои Селевкиён. Порт ва Юнону Бохтар

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед