Мо ва оинаи нилгун (қоидаҳои тамошои телевизор)

Ҳамаи мо дар хонаамон телевизор (оинаи нилгун) ва мавҷгир (антенна) дорем. Ҳар рӯз мо телевизор тамошо мекунем, радио гӯш мекунем. Албатта, бо мақсади муайян тамошо мекунем. Масалан, ҳаловат мебарем, аз хабарҳои кишвари худ ва берун аз он огаҳӣ пайдо мекунем, чизеро меомӯзем.

телевизион, точикистон

Барномаҳои телевизионӣ се хел мешаванд: маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ ва иттилоотӣ.

Барномаҳои маърифатӣ дар бораи олами атроф, илму техника, ҳодисаҳои табиӣ ва тарзи муоширати одамон маълумот медиҳанд.

Барномаҳои фарҳангию фароғатӣ филмҳои ҳунарӣ, тасвирӣ, консертҳо, намоишномаҳои бачагона ва озмунҳои гуногунро дар бар мегиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барномаҳои иттилоотӣ дар бораи воқеаю рӯйдодҳои гуногуни Тоҷикистон ва олам хабар медиҳанд.


Чун дигар корҳо тамошои телевизор ҳам қоидаҳо дорад.

Қоидаҳои зеринро дар хотир гиред ва риоя намоед.

  • Барномаҳои телевизиониро ҳатман, ҳамроҳи хонавода тамошо кунед. Чизҳои нафаҳмидаатонро аз онҳо пурсед.
  • Телевизорро дар вақти муайян тамошо кунед.
  • Аз телевизор ду-се метр дуртар шинед.
  • Чашмонро калон кушода дуру дароз нигоҳ кунед, гоҳгоҳ мижа ҳам занед.
  • Ба як нуқта нигоҳ карда наистед.
  • Ҳангоми таблиғот (реклама) чашмон бояд истироҳат кунанд.
  • Баробари хондану навиштан ва хӯрдан тамошо кардани телевизор фоида надорад. Беҳтараш як корро кунед.

Дар хотир доред! Аз экрани телевизор нурҳои зарарнок паҳн мешаванд. Бисёр тамошо кардани он чашмони шуморо хира мекунад.


Ин аҷиб аст! Ихтироъкори шотландӣ Ҷон Лоҷи Берд соли 1926 системаи телевизионии нахустинро намоиш дод. Он аз қуттии куҳна, сихҳои ҷуроббофӣ, қуттии тунука ва фонуси велосипед сохта шуда буд.

Қоидаҳое, ки риоя накарданашон барои мардҳо айб аст


Мо ва оинаи нилгун (Коидахои тамошои телевизор), зарари телевизор, экрани телеҷизор, барномахои телевизиони Точикистон.

ҚаблӣҲунарҳои мардумӣ (Ҷуроббофӣ)
БаъдӣТавсифи умумии содатаринҳо

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед