Рӯзи парчами миллӣ муборак!

Парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони Қадим пайдо шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ ҳастанд.

Парчами давлатии Чумхурии Точикистон (24 ноябр)

Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома” – и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши коваёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён буд. Он ба дасти арабҳои истилогар нобуд карда шуд.

парчами тоҷикистон, парчам, рангхои парчами точикистон

Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии ИҶШС буд. Конститутсияи соли 1924 – уми Иттиҳоди Шӯравӣ парчами сурхи дар кунҷи боло тасвири пукту дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонад. Моҳи феврали соли 1947 Президентиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами асосӣ шабеҳи худро қабул кунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Парчами Тоҷикистон (шеър)

РАНГИ СУРХ – мубориза барои озодӣ, шуҷоат ба мардонагӣ, рамзи истиқлолияти бадастомадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳаммаънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем” мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданият, анъанаҳои миллиро фаромӯш накардан тасвир менамояд.

РАНГИ САФЕД – рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд. Инчунин ранги сафед рамзи хубию хушнудӣ низ мебошад.

РАНГИ САБЗ – рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. Ранги сабз – ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Мо мехоҳем, ки Тоҷикистони мо ҳамеша мисли баҳор сарсабзу хуррам бошад. Фақат бо меҳнати ҳалол мо метавонем кишвари маҳбуби худро обод созем. Ватанамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Бинобар, ин мо агар Ватанро дӯст дорем, бояд аз таҳти дил барои ободии он кӯшиш намоем.

ТОҶ – дар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафтситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора – рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид. Майдоне, ки он ҷо Прачами бузургтарини мо ҷойгир аст “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Прачами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қрази шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддастро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

Бештар бихонед >>


иншо, мавзӯи озод, мавзуи озод, мавзуҳои озод, мавзухои озод, рангхои парчам, парчам, парчами точикистон, иншо дар бораи парчам, эссе дар бораи парчами Точикистон, бо забони точики, на таджикском языке, 24 ноябр.


ҚаблӣДалелҳои ҷолиб дар бораи Парчам
БаъдӣЗертипи ғалсаманафаскашҳо (синфи харчангшаклҳо)