Тарбияи гуманистӣ (педагогика)

Тарбияи гуманисти. Ин принсип ба принсипи ба мусбат такякунӣ зич алоқамандӣ дорад. Тарбияи гуманистӣ (инсондӯстӣ) талаб мекунад:

1) муносибати гуманистӣ кардан ба шахсияти тарбиягиранда;

2) эҳтиром кардани ҳуқуқ ва озодии вай;

3) ба тарбиягиранда талаботи алоқадри ҳол ва оқилонаи аниқ гузоштан;

4) вазъияти дастпарварро эҳтиром намудан, ҳатто вақте, ки иҷрои вазифаи супоридашударо ҳам рад мекунад;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

5) ҳурмат кардани ҳуқуқи одам дар ҳоли худаш;

6) ба шуури тарбиягиранда мақсади аниқи тарбияи ӯро баррасӣ намудан;

7) талаботи сифатро ба вай зӯран бор накардан;

8) аз ҷазои ҷисмонӣ ва дигаре, ки қадру қимати ӯро паст мекунад, даст кашидан;

9) эътироф кардани ҳуқуқи шахсият барои комилан рад кардани он мухолифатҳое, ки бо ягон сабаб ба сифати ташаккули эътиқоди вай монеъ мешавад (гуманитарӣ, динӣ ва ғ.).

www.donishju.net Дар моддаи аввалини Декларатсияи умумии ҳуқуқи одам гуфта мешавад: «ҳамаи одамон озодона тавлид меёбанд ва дар шаъни худ ҳуқуқи барбарӣ доранд. Онҳо ба ақлу фаросат ва виҷдон тақсим шудаанд ва бо якдигар дар рӯҳияи бародарӣ муносибат кунанд». Дида мешавад, ки дар тарбиягиранда мустақилият ҳаст, вале на бандавор мутеъшавӣ ба одамон, тарбиягар нисбати тарбиягир набояд аз иқтидори худ омирона сӯиистеъмол кунад, балки барои оянда беҳбудии онон дар якҷоягӣ мубориза барад.

Алалхусус, педагог насли наврасро тавре тарбия бинмояд, ки ба гуфтаи волои инсонпарварии Саъдии бузургвор ҷавобгӯ бошад:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

ҚаблӣДар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан
БаъдӣТест аз фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ