
Дар олами ҳайвонот
Ҳамагӣ садо доранд.
Оё медонӣ ба мо
Хурсандиҳо меоранд.
Гар бишнавӣ хурӯсе
Саҳар кунад қуд-қуддуз
Гӯяд: “намонӣ дар хоб
Бедорат кунам ҳаррӯз ”
Овоз барорад саге,
Паси кӯчаҳо ҳав – ҳав
Гӯяд: “ман посбони ту
Асло хавотир нашав”
Паси тиреза қур- қур
Гар бикунад қурбоққа
Гӯяд: “мо ҳастем бо ту
Набошӣ асло тоқа”
Мекунад маъа-маъа
Баррачаи шӯхро бин
Ҳамсадои дили ман,
Ҳар як суруди ширин.
Бо ин садоҳо бошад
Зиндагӣ чун афсона.
Баҳри ғамгинӣ асло
Наёбам ман баҳона
Санавбар





















