Давлатҳои Бохтар, Суғд ва Хоразм

Давлатхои Бохтар, Сугд ва Хоразм. Бохтар, Сугд ва Хоразмро забт кардани Хахоманишиён. Кахрамонии Шерак. Фарханги Бохтар, Сугд ва Хоразм.


Дар ҳазорсолаи II – нимаи аввали ҳазорсолаи I пеш аз милод дар Осиёи Марказӣ давлатҳои Бохтар, Суғд, Хоразм ва баъзе иттиҳодияҳои дигари давлатӣ ташкил ёфта буданд. Калонтарин ва пуриқтидортарини онҳо давлати Бохтар ба ҳисоб мерафт. Ин давлат қаламрави наздикиҳои Ҳиндукуш, Тоҷикистони Ҷанубӣ, як қисми Афғонистон ва водии Сурхандарёи Ӯзбекистони имрӯзаро дар бар мегирифт. Бохтар дар баъзе давраҳои замони қадим Марғиён ва Суғдро низ дар тобеияти худ нигоҳ медошт.

Пойтахти давлати Бохтар–шаҳри Бохтар буд (воқеъ дар Афғонистони имрӯза). Баъдтар ин шаҳр номи Балхро мегирад.

Расми 123. Каллаи тиллоии барзагов. Олтинтеппа, ҳазорсолаи пеш аз милод
Расми 123. Каллаи тиллоии барзагов. Олтинтеппа, ҳазорсолаи пеш аз милод

Аз рӯйи сарват ва бузургию зебоии худ Бохтарро дар он замон «Модари шаҳрҳо» меномиданд. Дар китоби муқаддаси дини зардуштӣ «Авесто» шаҳри Бохтар «Боҳдӣ» ном бурда шудааст.

Аз қадимии давлати Бохтар сарчашмаҳои гуногуни таърихии то ба мо расида шаҳодат медиҳанд. Масалан, таърихнигори Юнони қадим Ктесий шаҳодат медиҳад, ки  давлати Бохтар ба қавми модҳо робитаи дӯстӣ дошт.

Дар охирҳои асри XIII пеш аз милод Бохтар дар муборизаи зидди Ошур аз ҷониби модҳо фаъолона иштирок кардааст. Дар натиҷаи ин ёрӣ давлати мод ба вуҷуд меояд. Ктесий, инчунин, дар бораи яке аз шаҳрҳои машҳури Бохтар Уксорт ва сарвати афсонавии он маълумот додааст. Олимон аз рӯйи ин сарчашма ва маъхазҳои зиёди дигар ба хулоса омадаанд, ки Бохтар бо давлатҳои бузурги дунёи қадим – Бобул ва Миср дар як радиф меистодааст.

Ҳамчун давлат Бохтар дар нимаи аввали ҳазорсолаи I пеш аз милод ба вуҷуд омадааст. Баъдтар чун давлати тавоно яке аз рақибони асосии империяи навташкили Ҳахоманишиён мегардад. Барои ҳамин, шоҳи он Куруши II дар назди худ вазифа гузошт, ки Бохтарро забт кунад.

Ҷангҳои Куруш алайҳи Бохтар солҳои 545 – 539 пеш аз милод сурат гирифтаанд. Дар натиҷаи ин, Ҳахоманишиён оқибат бар лашкари Бохтар дастболо шуда, онро ба давлати худ ҳамроҳ карданд. Ҳамии тариқ, Бохтар ба яке аз сатрапиҳо (вилоятҳо)-и империяи Ҳахоманишиён табдил меёбад.

Бохтар сатрапии пурқувваттарини давлати Ҳахоманишиён ба шумор мерафт. Он дар ҳайати давлати Ҳахоманишиён бошад ҳам, муттасил қаламрави худро васеъ мекард. Ҳамин тариқ, Суғд ва заминҳои ҷануби Ҳиндустонро ишғол кард. Масалан, вақте ки Искандари Мақдунӣ давлати Ҳахоманишиёнро шикаст дод, шоҳи форсҳо Дорои III бо умеди ташкили муқовимат алайҳи душманон ба Бохтар раҳсипор гардид, лекин дар роҳ кушта шуд. Волии Бохтар – Бесс худро подшоҳи Ҳахоманишиён эълон карда, дар зарфи 2 сол ба Искандари Мақдунӣ муқобилат нишон медиҳад, вале оқибат соли 327 пеш аз милод Бохтар ҳам ба душман таслим шуда, ба яке аз вилоятҳои империяи Искандари Мақдунӣ табдил меёбад. Бесс бо амри Искандари Мақдунӣ дар Экбатон (Ҳамадон) ба қатл расонида мешавад.

Баъди пароканда шудани империяи Искандари Мақдунӣ Бохтарро яке аз ворисони Селевк забт мекунад. Ҳокими Бохтар Диодот аз заифии империяи Селевкиён истифода бурда, дар Бохтар ба пайдоиши давлати Юнону Бохтар ибтидо мегузорад. Ин давлат дар охирҳои асри II ва аввалҳои асри I пеш аз милод дар натиҷаи тохтутозҳои дуру дарози қабилаҳои бодиянишини юҷиҳо барҳам мехӯрад.

Баъдтар дар сарзамини Бохтар давлати Кушониён ташкил меёбад. Маҳз аз ҳамин давра cap карда, минбаъд Бохтар ҳамчун Тахористон арзи вуҷуд кардааст.

Суғд

Давлати Суғд дар водиҳои рудҳои Зарафшон ва Қашқадарё воқеъ гардида, дар ғарб то водиҳои поёноби дарёи Сир доман паҳн карда буд. Ин давлат дар нимаи аввали ҳазорсолаи I пеш аз милод ба вуҷуд омадааст. Суғд ҳанӯз пеш аз таъсиси давлати Ҳахоманишиён дар Шарқ маълуму машҳур буд ва бузургию иқтидори онро эътироф мекарданд.

Пойтахти Суғд шаҳри Самарқанд буд, ки дар сарчашмаҳои қадимаи хаттии юнонию мисрӣ Мараканда ном бурда шудааст.

Суғд яке аз марказҳои асосии аҷдоди қадимаи тоҷикон ба шумор меравад. Ин давлат бори аввал дар китоби«Авесто», баъд дар катибаҳои хатти мехӣ ва асарҳои муаллифони Юнону Чин хотирнишон гардидааст.

Ба ҳайати Суғд мулкҳои Маймурғ, Қубодиён, Бухоро, Кеш, Насаф, Самарқанд, Панҷакент ва ғайра дохил буданд. Дар байни онҳо шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро дар бузургию тиҷорат, косибию биносозӣ ва фарҳанги худ аз мулкҳои дигари Суғд ба куллӣ фарқ доштанд.

Ҳокими шаҳри Самарқанд дар кӯшк зиндагӣ мекард. Дар он ҷо маъбади ниёгон ҳам мавҷуд буд. Мардуми Самарқанд ба хотири шод гардондани рӯҳи гузаштагони худ дар маъбад қурбонӣ мекарданд. Ҳокими марказии давлати Суғд унвон ё худ мартабаи «ихшид»-ро дошт. Ҳокимони маҳаллӣ низ унвонҳои худро доштанд. Масалан, ҳокими шаҳри Кешро «ихрид» ном мебурданд. Яке аз ихшидҳои ҳокимияти марказии Суғд, ки дар Самарқанд зиндагӣ мекард, Авархуман ном дошт.

Аз ин бармеояд, ки Суғд давлати пурқувват ва марказиятнок буда, онро ҳокими марказӣ идора мекардааст. Ҳокимони маҳаллӣ ба ӯ итоат карда, фармонҳояшро бечунучаро иҷро менамуданд. Суғди қадим дорои сохту усули давлатдорӣ, хоҷагидорӣ, тиҷорат ва фарҳанги хоси худ буд.

Хоразм

Хоразм поёноби рӯди Омӯ – қисми шимолии Ӯзбекистон ва ҷанубу ғарбии Қазоқистони имрӯзаро дар бар мегирифт. Он яке аз давлатҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ ва давлати аҷдоди тоҷикон мебошад. Мо то ҳол таърихи муфассали давлати Хоразмро дар даст надорем. Дар бораи он ба мо сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла, бозёфтҳои бостонӣ, маълумот медиҳанд. Дар ин бобат иттилои катибаи Дорои I дар Бехсутун ва китоби «Авесто» хеле муфид аст. Мувофиқи маълумотҳои бостонии бадастомада ташаккулёбии давлати Хоразм муддати дуру дароз давом кардааст. Он дар ҳазорсолаи II пеш аз милод оғоз ёфта, дар асрҳои аввали ҳазорсолаи I пеш аз милод анҷом меёбад.

Расми 125. Сагаки нуқрагин бо акси сари зан. Тахти Сангин. Асрҳои II – I п. а. м.
Расми 125. Сагаки нуқрагин бо акси сари зан. Тахти Сангин. Асрҳои II – I п. а. м.

Давлати Хоразм Дарғон, Карданхаш, Курдор, Замахшар, Ҳазорсан, Хушмисан, Ардахушмисан, Сафардиз, Зарианд, Мадамисан ва Ҷигарбанд барин шаҳрҳои ободу зебо доштааст. Баъзеи онҳо бо мурури замон бо номҳои туркӣ иваз ва омезиш ёфтаанд.

Аз рӯйи ҳафриёти бостоншиноси маъруф С. Толстов маълум гардид, ки дар Ҷонбозқалъа, Қаботқалъа ва ҷойҳои дигар бинокорони Хоразми қадим дар бунёди шаҳрҳо ва иншооти дифоъӣ таҷрибаи бой ва маҳорати баланд доштаанд. Хоразмиён дар кишоварзӣ низ яке аз қавму тоифаҳои форсизабони пешқадами минтақа будаанд. Дар Хоразми қадим иншооти бузурги обёрикунӣ сохта шуда буданд, ки онҳо аз пешрафти кишоварзӣ ва ободии мамлакат шаҳодат медиҳанд.

Бохтар, Суғд ва Хоразмро забт кардани Ҳахоманишиён

Қаламрави Осиёи Марказиро ишғол кардани Ҳахоманишиён кори осон набуд. Мардум ватани азизи худро ҳифз мекарданд. Дар Марғиён, ки онро аллакай Ҳахоманишиён ишғол карда буданд, мардуми маҳаллӣ бо сардории Фрада шӯриш бардоштанд. Дорои I, ки соли 522 пеш аз милод ба ҷойи Камбиз ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён нишаста буд, шӯриши Фрадаро бераҳмона пахш кард. Баъдтар Дорои I ба Суғд низ лашкар кашида, онро ишғол менамояд.

Қаҳрамонии Шерак

Дар бораи шуҷоати як нафар суғдӣ қиссаи машҳуре ҳаст. Шерак ном ҷавонмард сару рӯйи худро хуншор намуда, ба назди лашкаркаши Ҳахоманишиён рафта, мегӯяд, ки барои ҷонибдори шумо будан маро ҳамватанҳоям ба ин ҳолат гирифтор карданд. Бо ин роҳ Шерак ба боварии душманон даромада, роҳбалади онҳо мешавад ва лашкари душманро ба биёбони беобу касногузар мебарад. Фармондеҳони Ҳахоманишиён аз Шерак гумонбар шуда, ӯро истинтоқ мекунанд. Шерак қоил шуд, ки онҳоро қасдан ба ин биёбон овардааст, то ки ҳалок шаванд. Истилогарон Шераки қаҳрамон ва ватандӯстро қатл мекунанд, лекин аксарияти лашкари онҳо дар биёбон аз ташнагию гуруснагӣ ҳалок мегарданд.

Баъди ҳарбу зарби зиёде ба Дорои I муяссар гардид, ки Хоразм ва Суғдро ба давлати Ҳахоманишиён ҳамроҳ кунад.

Ҳахоманишиён қаламрави Осиёи Марказиро ба чор сатрапӣ тақсим карданд. Заминҳои назди Баҳри Хазар (Каспий) ба сатрапии XI, Бохтар ба сатрапии XII, Суғд ба сатрапии XV ва Хоразму як қисми Суғд ба сатрапии XVI дохил карда шуданд. Ба ҳар яке аз ин сатрапиҳо сатрап роҳбарӣ мекард. Ҳар як сатрапӣ ба хазинаи давлати Ҳахоманишиён ҳар сол андози муайян месупорид. Ҳаҷми андози сатрапии XI 200 талант (1 талант тахминан ба 30 кило нуқра баробар аст), сатрапии XII 360 талант, сатрапии XV 250 талант ва сатрапии XVI 200 талант пули нуқрагини бобилиро ташкил менамуд.

Бохтар, Суғд ва Хоразм то ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Шарқ, ба давлати Ҳахоманишиён ва дар ҳайати ҳамин давлат дохил буданд.

Фарҳанги Бохтар, Суғд ва Хоразм

Ёдгориҳои фарҳангии ин се давлати форсизабонро бостоншиносон хеле зиёд пайдо намудаанд.

Яке аз сарчашмаҳои муҳимтарине, ки дар бораи Бохтар, Суғд ва Хоразм маълумоти аввалинро додааст, «Авесто» мебошад. Аз ин рӯ, он на танҳо китоби муқаддаси дини зардуштӣ, балки сарчашмаи хуби таърихӣ низ мебошад. «Авесто» аввал тахминан солҳои 1000–600 пеш аз милод дар қаламрави Эрон, Бохтар, Суғд, Хоразм ва берун аз онҳо дар шакли шифоҳӣ ба вуҷуд омадааст. Баъд он бори нахустин дар шакли хаттӣ дар асрҳои II – V милодӣ таълиф шудааст, ки қисми ками он то замони мо омада расидааст.

Яке аз ёдгориҳои таърихи тамаддуни Суғди қадим шаҳри Афросиёб (Самарқанди қадим) мебошад. Бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёт харобаҳои ин шаҳрро ошкор сохта, хуб омӯхтаанд. Шаҳр майдони масоҳаташ 50–70 гектарро дар бар гирифта, ба асрҳои VI – IV пеш аз милод тааллуқ дорад. Гирдогирди шаҳрро девори баланд иҳота карда буд, ки дарозии он қариб 5 ҳазор метрро ташкил менамуд. Аз харобаҳои Афросиёб зарфҳои сафолии тавассути чархи кулолгарӣ тайёркардашуда, дегчаҳо, белҳо, досҳои оҳанин, оинаи биринҷӣ ва ашёи дигари рӯзгор ёфт шудаанд. Аз ин бозёфтҳо маълум мегардад, ки дар шаҳри Самарқанди бостонӣ косибӣ ва бинокорӣ рушд карда будааст.

Бостоншиносон дар қаламрави Хоразми қадим маҳалҳои калони аҳолинишинро омӯхта, доир ба фарҳанги ғании ин давлат маълумоти пурқимат ба даст даровардаанд.

Солҳои зиёд аст, ки олимон тамаддун ва фарҳанги Бохтари қадимро ҳам меомӯзанд. Яке аз бозёфтҳои нодиру пурарзиши Бохтар «Дафинаи Омударё» мебошад, ки онро тоҷирони бухороӣ ҳанӯз соли 1877 аз бошандагони яке аз маҳалҳои Қубодиён харида, ба Ҳиндустон бурдаанд. Маъмурияти англисии онвақтаи Ҳиндустон 180 маснуоти ин дафинаро аз тоҷирони бухорӣ бо нархи ниҳоят арзон харида, ба Лондон мефиристонад. Ҳоло маснуоти «Дафинаи Омударё» дар осорхонаи Лондон ба намоиш гузошта шудаанд. «Дафинаи Омударё» аз ҳайкалчаҳои одамон, ҳайвонот, ашёи ороишии занона, аробаи ҷангӣ, тангаҳо ва ғайра, ки аз тиллою нуқра сохта шудаанд ва бо зебоию мазмуни баланди худ касро мафтун мекунанд, иборат аст. Бозёфтҳои Омударё аз сатҳи баланди фарҳанги давлати Бохтар дарак медиҳанд.

Дини аксар мардуми Бохтар, Суғд ва Хоразм зардуштӣ буд, вале баъзе қавму тоифаҳои дигари ин ҷо яздони меҳр – Аҳурамаздо (Ҳурмуз) ё худ Митраро мепарастиданд. Мардуми баъзе маҳалҳои Бохтар ба дини буддоӣ эътиқод доштанд, яъне дар Бохтар, Суғд ва Хоразм дар замони қадим дини ягона вуҷуд надошт.

Савол ва супоришҳо

  1. Давлатҳои қадими Бохтар, Суғд ва Хоразм кай ва дар куҷо ба вуҷуд омадаанд?
  2. Дар бораи пойтахти Бохтар маълумоти мухтасар диҳед.
  3. Дар бораи Самарқанди бостонӣ нақл кунед.
  4. Кадом сарчашмаҳо дар бораи давлати Бохтари қадим маълумот медиҳанд?
  5. Дар бораи давлати Суғд нақл кунед.
  6. Дар бораи давлати Хоразми қадим чиҳо медонед?
  7. Дар бораи аз тарафи давлати Ҳахоманишиён забт карда шудани Бохтар, Суғд ва Хоразм маълумот диҳед.
  8. Дар бораи корнамоии Шерак нақл кунед.
  9. Оё шумо дар бораи шӯриши Фрада маълумот доред?
  10. Кадом бозёфтҳои фарҳанги қадими Бохтар, Суғд ва Хоразмро мисол оварда метавонед?
ҚаблӣШеър дар бораи барф
БаъдӣҲиндустони замони Хараппа. Ҳиндустони қадим